ДАРАХТ БИНШОН! Ниҳолпарварони шаҳри Ваҳдат 20 ҳазор бех ниҳолҳои сояафкану ҳамешасабз ва мевадиҳанда барои фурӯш омода намудаанд

Январь 7, 2019 08:56

ВАҲДАТ, 07.01.2019. /АМИТ «Ховар»/. Мутахассисони Корхонаи воҳиди давлатии ниҳолпарварии шаҳри Ваҳдат соли 2018 зиёда аз 17 намуд навъҳои ниҳолҳои мевадиҳанда, сояафкан ва ҳамешасабз парвариш кардаанд. Онҳо қаламчаи навъҳои ниҳолҳои босифатро аз ноҳияҳои Ҳисор, Файзобод, Шаҳринав ва водии Рашт дастрас намудаанд.

Тибқи иттилои  мутахассиси  Корхонаи ниҳолпарварии шаҳри Ваҳдат Сиддиқҷон Иномов, соли 2018 ниҳолпарварони хоҷагӣ дар 23 гектар замини хоҷагӣ 471 ҳазору 359 бех ниҳол парвариш намуданд. Аз ин шумора 184 ҳазору 890 бехро дарахтони мевадиҳанда, 48 ҳазору 810 бехро ҳамешасабз ва 53 ҳазору 196 бехро дигар навъи дарахтон ташкил медиҳанд.  Айни замон дар корхонаи мазкур  20 ҳазор бех ниҳолҳои сояафкан, ҳамешасабз ва мевадиҳанда, аз қабили  зардолу, себ, олу, чормағз ва  гелос  барои фурӯш омода мебошанд.

Тибқи иттилои манбаъ, Корхонаи воҳиди давлатии ниҳолпарварии шаҳри Ваҳдат бо хоҷагиҳои  ҷангали шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳурӣ, минтақаи Рашт ва  вилояти Хатлон шартнома баст.

Тибқи ин шартнома, корхона соли 2018  онҳоро барои барқарор намудани ҷангалзор ва бунёди  боғҳои намунавӣ  бо 57 ҳазор бех ниҳолу кӯчатҳо таъмин намуд.

Январь 7, 2019 08:56

Хабарҳои дигари ин бахш

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
Байни ширкати ҳавопаймоии хусусии «Shohin Airlines» ва Бунёди сармоягузории аврупоӣ Созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Рашт беш аз 5 000 ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
Ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир гардид
Дар Вашингтон дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар самти рушди инфрасохтори роҳу нақлиёт баррасӣ шуд