Дастаҳои мунтахаби Ӯзбекистон ва Қирғизистон Чемпионати Осиёро ба анҷом расониданд
ДУШАНБЕ, 22.01.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дар идомаи бозиҳои 1/8-ниҳоии Чемпионати 17-уми Осиё дар Амороти Муттаҳидаи Араб дастаҳои мунтахаби кишварҳои Ӯзбекистон ва Қирғизистон муборизаро барои Ҷоми Осиё ба анҷом расониданд. Шореҳи АМИТ «Ховар» Аловиддин БӮРИЕВ бозиҳои охирро шарҳ медиҳад.
Чемпионати Осиё оид ба футбол ба марҳилаи бозиҳои чорякниҳоӣ мерасад. Дар ин замина имрӯз дастаҳои мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ бо Баҳрайн ва Қатар бо Ироқ вориди сабқат мешаванд ва ҳама дастаҳои иштирокдори бозиҳои ¼-ниҳоӣ мушаххас мегарданд.
Дар вохӯриҳои рӯзи гузашта аввалан дастаҳои мунтахаби Япония ва Арабистони Саудӣ бо ҳам бозӣ карданд. Ду дастаи иштирокдори Чемпионати ҷаҳони соли 2018 дар Россия –Япония ва Арабистони Саудӣ дар майдон бозии ҷолиб нишон доданд. Ба он нигоҳ накарда, ки лаҳзаҳои бешумори голзанӣ барои ҳар ду даста вуҷуд дошт, танҳо як тӯби ба дарвоза задаи Такеҳиро Томиясу дар дақиқаи 20-ум тақдири вохӯриро ба нафъи футбозони японӣ ҳал кард.
Дар бозии дигари рӯз дар варзишгоҳи «Khalifa bin Zayed Stadium»-и шаҳри Алайн дастаҳои мунтахаби Австралия ва Ӯзбекистон вориди рақобат шуданд. Ғолибро дар вақти асосӣ ва иловагӣ муайян кардан имконнопазир гардид ва ҳисоби 0:0 то ба анҷом дар намолавҳа боқӣ монд. Доварон ғолибро тавссути зарбаҳои 11-метраи баъдибозӣ муайян карданд. Бахт ба рӯи соккерузҳо –дастаи мунтахаби Австралия, ки соли гузашта дар бозиҳои Ҷоми ҷаҳон ширкат карда буду чемпиони феълии Осиё мебошад, хандид ва онҳо бо нишондоди 4:2 ғалаба карда, роҳи худро ба бозиҳои ¼-ниҳоӣ ҳамвор намуданд.
Бозии дигари 1/8-ниҳоӣ бо ширкати дастаҳои мунтахаби Амороти Муттаҳидаи Араб ва Қирғизистон аз ҷолибтарин бозиҳои рӯз ва шояд Чемпионат ба ҳисоб равад. Спектакли нонавишта бо ҳаяҷону драмаҳои тезутунд дар хотири мухлисон нақш баст. Мизбони Чемпионати Осиё-дастаи мунтахаби АМА аз дебютанти бозиҳои ниҳоӣ- дастаи мунтахаби Қирғизистон интизор набуд, ки ба рақобати сахт рӯ ба рӯ мешавад. Ҳисоб аз ҷониби Хамис Исмоил дар дақиқаи 14-ум боз шуд. Дар дақиқаи 26-ум Мирлан Мурзаев натиҷаро баробар кард. Алӣ Мабҳут дар дақиқаи 64-ум боз дастаи мунтахаби Аморотро ба сафи пеш баровард. Дар дақиқаи 91-ум Турсуналӣ Рустамов, ки дар нимаи дуввум ба майдон омад буд, аз нав ҳисобро баробар кард – 2:2. Доварон барои муайян кардани ғолиб ба қисмҳои иловагӣ рӯ оварданд ва як хатои бозингари қирғиз дар дақиқаи 103 бо таъйини ҷазои 11-метра сабаб гардид ва онро Аҳмад Халил бар тӯри дарвозаи Кутман Кадирбеков зада, дастаашро бо натиҷаи 3:2 пирӯз гардонд.
Ба ҳамин тартиб, дастаҳои мунтахаби Япония, Австралия, АМА, Ветнам, Чин ва Эрон ба бозиҳои чорякфиналӣ баромаданд ва 24 январ Ветнам бо Япония, Чин бо Эрон ва 25 январ ғолиби ҷуфти Кореяи Ҷанубӣ/Баҳрайн бо ғолиби ҷуфти Қатар/Ироқ, инчунин Имороти Муттаҳидаи Араб бо Австралия бо ҳам қувва месанҷанд.
Ҷоми Осиё, 1/8 финал:
Япония – Арабистони Саудӣ — 1:0
Гол: 1:0 .Томиясу, дақ 20-ум.
Австралия — Ӯзбекистон — 0:0, аз силсилаи зарбаҳои пеналтӣ — 4:2
АМА — Қирғизистон — 3:2 (бо қисмҳои иловагӣ)
Голҳо: Хамис Исмоил -1:0, дақ.14 , Мурзаев -1:1, дақ 26, Алӣ Мабҳут -2:1, дақ. 64, Рустамов -2:2 , дақ. 91, Аҳмад Халил3:2, дақ. 103- пеналтӣ.








НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Донишҷӯёни Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ аз мусобиқаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ 446 медал ба даст оварданд
Дар Душанбе Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба ҷиу-ҷитсу байни калонсолон баргузор гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал иштирокашро дар Ҷоми Осиё-2026 ба анҷом расонид
Дар Клуби марказии варзишии Артиши Вазорати мудофиаи Тоҷикистон дастаи занона таъсис ёфт
Пагоҳ дар Душанбе Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба ҷиу-ҷитсу байни калонсолон баргузор мешавад
ҶОМИ ОСИЁ-2026. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дуюми худро анҷом дод
ҶОМИ ОСИЁ-2026. Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бо тими Ҷопон бозӣ мекунад
ҶОМИ ФУТЗАЛИ ОСИЁ-2026. Бозии дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Узбекистон мусовӣ анҷом ёфт
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо ҳамтоён аз Ҳиндустон бозиҳои санҷишӣ анҷом медиҳад
ҶОМИ ОСИЁ-2026. Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи Узбекистон бозӣ мекунад
Довар аз Тоҷикистон бозиҳои қисми ниҳоии Ҷоми футзали Осиё-2026-ро ҳакамӣ мекунад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон беш аз 20 майдонча ва толори варзишӣ сохта шуд






