ДУРДОНАИ БОМИ ҶАҲОН. Константин Симонов Хоруғро аз зеботарин шаҳрҳои олам номидааст…

Январь 7, 2019 16:55

ДУШАНБЕ, 7.01.2018. /АМИТ «Ховар»/.  Дар кишварҳои аз ҷиҳати сайёҳӣ пешрафта як санги бузурги аз кӯҳ афтода, як дарахти бисёрсола ва ё як хонаи қадимиро низ ба таври хеле хеле ҷаззоб ба сайёҳон нишон медиҳанд. Тоҷикистон бо табиати биҳиштосо, кӯҳҳои осмонбӯсу рӯдҳои беинтиҳо ва кӯлҳову чашмаҳои  мусаффояш ҳамеша таваҷҷуҳи  оламиёнро  ба худ мекашид ва муаррифии онҳо ба сайёҳон имрӯз таваҷҷуҳи  боз ҳам бештарро тақозо менамояд. Дар ин бора  шореҳи адабии АМИТ «Ховар» Мансур СУРУШ чунин пешниҳод дорад:

Алалхусус баъди он ки бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвари соҳибистиқлоли мо Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардид, ташрифи сайёҳҳои аз атрофу акнофи олам ба маротиб афзуд. Шумораи онҳое, ки нияти боздид аз ҷумҳурии мо, аз ҷумла Бадахшон, ки дар он ҷо баъд аз Ҷамолунгма баландтарин дар ҷаҳон қуллаҳо, кӯли мӯъҷизаосои Сарез ва ҳайвоноту набототи камназир мавҷуданд, ҳисоб надорад. Борҳо аз забони сайёҳони хориҷӣ шунидаам, ки мегуфтанд: «Тоҷикистон аз пиндошти мо хеле зеботар будааст. Шумо одамони хушбахтед, ки дар чунин мамлакати фирдавсмонанд зиндагӣ мекунед. Ба қадри ин бояд расид».

Бархе аз меҳмонон сипас таассуроти хешро аз сайри диёри мо дар рӯзномаю маҷаллаҳо дарҷ менамоянд. Яке аз онҳо нависанда, шоир ва драматурги барҷастаи руси замони шӯравӣ, муаллифи шеъри дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ниҳоят машҳури «Маро интизор бош» («Жди меня»)» Константин Симонов мебошад. Ӯ солҳои 1958-1960 дар Тошканд мезист ва ба ҳайси мухбири рӯзномаи «Правда» дар Осиёи Миёна фаъолият намуда буд. Асари машҳури сегонааш «Зиндаҳо ва мурдаҳо («Живые и мертвые»)-ро дар ҳамин ҷо навиштааст.

Он солҳо Смимонов   тавассути Ӯш ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сафар намуд. Бо гузашти чанде вақт ин адиби хушзавқи мушоҳидакору воқеъбин қайдҳои  сафарашро дар китоби ёддоштии худ бо номи «Ҳамеша журналист мемонам» («Остаюсь журналистом»), ки нашриёти «Правда» соли 1968 чоп кардааст, ҷой додааст. Дар очерки сафариаш, ӯ аз ҷумла чунин навиштааст: «Намедонам, ки ба завқи дигарон чӣ хел бошад, аммо ба андешаи мани ҷаҳондида Хоруғ аз зеботарин шаҳрҳост».

Бубинед, ин суханонро касе гуфтааст, ки ба иқрори худаш ҷаҳондида аст ва ниёзе ба иғроқ надошт. Месазад, ки роҳбарияти маркази ВМКБ ин суханони нависандаи оламшумулро дар даромадгоҳи шаҳр бо забонҳои тоҷикию русию англисӣ ва бо ҳарфҳои калон сабт намоянд.

Боварӣ дорем, ки ин ҳам ба сокинони Хоруғ-дурдонаи Боми ҷаҳон  хуш меояд ва ҳам ба сайёҳону меҳмонон муаррифнома мешавад.

Мансур СУРУШ,
шореҳи адабии АМИТ «Ховар»

Константин Симонов дар Бухоро. Соли 1960.

 

 

 

Январь 7, 2019 16:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар нуҳ моҳи соли 2025 зиёда аз 90 ҳазор нафар сайёҳ мавзеъҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистонро тамошо карданд
Имсол дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон даромад аз ҳисоби хизматрасонии сайёҳон 20,4 миллион сомониро ташкил дод
РУШДИ САЙЁҲӢ. Дар Суғд шумораи сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ афзоиш ёфта, инфрасохтори соҳа тақвият меёбад
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалии «World Travel Market – 2025» муаррифӣ мегарданд
ШАРШАРАҲОИ ЗЕБОИ БАЛҶУВОН. Табиати нотакрори ин минтақаро беш аз 45 ҳазор сайёҳон тамошо карданд
ЭЪТИРОФИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. «Lonely Planet» Тоҷикистонро байни самтҳои беҳтарини сайёҳии ҷаҳон ҷой дод
Намояндагони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар Саммити байналмилалии табодули академӣ иштирок намуданд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 90 ҳазор сайёҳон шаҳри бостонии Кӯлобро тамошо намуданд
Беш аз 46 ҳазор сайёҳи дохилию хориҷӣ бо мавзеъҳои зебои Данғара шинос гардиданд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Имсол ба вилояти Хатлон беш аз 900 ҳазор сайёҳ ташриф овардааст
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҳудуди ноҳияи Данғара ба таври фосилавӣ Маркази хизматрасонии сайёҳӣ ва зиёда аз 50 километр роҳҳои мумфаршгардидаро ифтитоҳ намуданд
Имсол беш аз 30 ҳазор сайёҳон бо мавзеъҳои таърихии ноҳияи Восеъ шинос гардиданд