ДУРДОНАИ БОМИ ҶАҲОН. Константин Симонов Хоруғро аз зеботарин шаҳрҳои олам номидааст…
ДУШАНБЕ, 7.01.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дар кишварҳои аз ҷиҳати сайёҳӣ пешрафта як санги бузурги аз кӯҳ афтода, як дарахти бисёрсола ва ё як хонаи қадимиро низ ба таври хеле хеле ҷаззоб ба сайёҳон нишон медиҳанд. Тоҷикистон бо табиати биҳиштосо, кӯҳҳои осмонбӯсу рӯдҳои беинтиҳо ва кӯлҳову чашмаҳои мусаффояш ҳамеша таваҷҷуҳи оламиёнро ба худ мекашид ва муаррифии онҳо ба сайёҳон имрӯз таваҷҷуҳи боз ҳам бештарро тақозо менамояд. Дар ин бора шореҳи адабии АМИТ «Ховар» Мансур СУРУШ чунин пешниҳод дорад:
Алалхусус баъди он ки бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвари соҳибистиқлоли мо Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардид, ташрифи сайёҳҳои аз атрофу акнофи олам ба маротиб афзуд. Шумораи онҳое, ки нияти боздид аз ҷумҳурии мо, аз ҷумла Бадахшон, ки дар он ҷо баъд аз Ҷамолунгма баландтарин дар ҷаҳон қуллаҳо, кӯли мӯъҷизаосои Сарез ва ҳайвоноту набототи камназир мавҷуданд, ҳисоб надорад. Борҳо аз забони сайёҳони хориҷӣ шунидаам, ки мегуфтанд: «Тоҷикистон аз пиндошти мо хеле зеботар будааст. Шумо одамони хушбахтед, ки дар чунин мамлакати фирдавсмонанд зиндагӣ мекунед. Ба қадри ин бояд расид».
Бархе аз меҳмонон сипас таассуроти хешро аз сайри диёри мо дар рӯзномаю маҷаллаҳо дарҷ менамоянд. Яке аз онҳо нависанда, шоир ва драматурги барҷастаи руси замони шӯравӣ, муаллифи шеъри дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ниҳоят машҳури «Маро интизор бош» («Жди меня»)» Константин Симонов мебошад. Ӯ солҳои 1958-1960 дар Тошканд мезист ва ба ҳайси мухбири рӯзномаи «Правда» дар Осиёи Миёна фаъолият намуда буд. Асари машҳури сегонааш «Зиндаҳо ва мурдаҳо («Живые и мертвые»)-ро дар ҳамин ҷо навиштааст.
Он солҳо Смимонов тавассути Ӯш ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сафар намуд. Бо гузашти чанде вақт ин адиби хушзавқи мушоҳидакору воқеъбин қайдҳои сафарашро дар китоби ёддоштии худ бо номи «Ҳамеша журналист мемонам» («Остаюсь журналистом»), ки нашриёти «Правда» соли 1968 чоп кардааст, ҷой додааст. Дар очерки сафариаш, ӯ аз ҷумла чунин навиштааст: «Намедонам, ки ба завқи дигарон чӣ хел бошад, аммо ба андешаи мани ҷаҳондида Хоруғ аз зеботарин шаҳрҳост».
Бубинед, ин суханонро касе гуфтааст, ки ба иқрори худаш ҷаҳондида аст ва ниёзе ба иғроқ надошт. Месазад, ки роҳбарияти маркази ВМКБ ин суханони нависандаи оламшумулро дар даромадгоҳи шаҳр бо забонҳои тоҷикию русию англисӣ ва бо ҳарфҳои калон сабт намоянд.
Боварӣ дорем, ки ин ҳам ба сокинони Хоруғ-дурдонаи Боми ҷаҳон хуш меояд ва ҳам ба сайёҳону меҳмонон муаррифнома мешавад.
Мансур СУРУШ,
шореҳи адабии АМИТ «Ховар»









Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Доир ба ҳолати пиряхҳои Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти илмӣ баргузор шуд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 ба Тоҷикистон беш аз 1,5 миллион сайёҳ ташриф оварданд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии WTM дар Лондон иштирок дорад
Иқтидорҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «World Travel Market — 2026» дар шаҳри Лондон муаррифӣ мешаванд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба гардишгарони ҳавзаи Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ муаррифӣ гардиданд
Дар Дарвоз Конференсияи байналмилалии «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» баргузор шуд
Дар Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мероси Суғди бостонӣ» баргузор гардид
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд






