Дуюмин эстакадаи сесатҳаи Душанбе пеш аз муҳлат, то охири соли равон ба истифода дода мешавад
ДУШАНБЕ, 31.01.2018. /АМИТ «Ховар»/. Эстакадаи сесатҳаи маҳаллаи Қарияи Болои шаҳри Душанбе пеш аз муҳлат, то охири соли равон ба истифода дода мешавад. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе иттилоъ дода шуд.
Муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Зувайдзода зикр намуд, ки тибқи нақша, сохтмони эстакадаи мазкур бояд ду сол идома меёфт, вале Сарвари давлат зимни ифтитоҳи эстакадаи якум, ки дар маҳаллаи 82-юми пойтахт воқеъ аст, ба масъулин супориш доданд, ки то охири соли 2019 онро мавриди истифода қарор диҳанд.
Ҳамаи корҳо ва супоришҳое, ки ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дода шуданд, иҷро гардиданд, — гуфт мавсуф ва илова намуд: «Аз ҷумла, муҷассамаи Абӯалӣ ибни Сино ба макони дигар кӯчонида шуда, дарахтони ҳудуди сохтмон бурида шуданд. Инчунин ҳаракати воситаҳои нақлиёт муваққатан тариқи роҳҳои ҳамшафат ба роҳ монда шуд. Ҳоло ҳамкории мо бо масъулини сохтмони ин эстакада идома дорад».
Бояд зикр намуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бартараф намудани танбашавии зиёди воситаҳои нақлиёт дар роҳҳои пойтахт, бехатарии ҳаракати нақлиёт ва роҳгузарҳо, инчунин ба меъёрҳои ҷаҳонӣ мутобиқ намудани онҳо бунёди эстакадаҳои сесатҳа (роҳҳои болои ҳам)-ро дар шаҳр ба роҳ мондааст.
Аз ҷумла, 5 сентябри соли 2018 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар маҳаллаи 82-юми пойтахт дар маросими ифтитоҳи расмии аввалин эстакадаи сеқабата дар мамлакат иштирок намуданд. Ин далели таваҷҷуҳи роҳбарияти олии мамлакат дар ин самт ва аз ҷониби дигар, қадами муҳиме дар самти расидан ба яке аз ҳадафҳои олии стратегии ҳукумати мамлакат – баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ мебошад.
Сохтмони эстакадаи сесатҳаи мазкур дар доираи амалишавии марҳилаи дуюми лоиҳаи «Барқароркунии роҳи минтақавии Душанбе-Турсунзода, қитъаи роҳ аз ҳайкали Абуалӣ ибни Сино то дарвозаи ғарбии шаҳри Душанбе», дар буриши роҳи ҳалқавии маҳаллаи Қарияи Болои шаҳри Душанбе ҷараён дорад. Ин эстакада аз роҳи давродавр ва пул иборат буда, дар буриши ҳалқавии хиёбонҳои Исмоили Сомонӣ ва Абуалӣ ибни Сино ҷойгир мебошад.
Ёдовар мешавем, ки то соли 2040, яъне дар доираи амалишавии Нақшаи генаралии шаҳри Душанбе дар пойтахти мамлакат 20 адад чунин чорроҳаҳои сесатҳа сохта мешаванд.








Соли 2025 зиёда аз 1 миллион сайёҳон ба шаҳри Душанбе ворид гардидаанд
Дар Душанбе омодагӣ ба Фестивали байналмилалии сайёҳии «Наврӯз – мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ – 2026» баррасӣ гардид
Рустами Эмомалӣ даъват намуданд, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои мошингард риоя карда шаванд
Душанбе пойтахти фарҳангии Осиё дар соли 2026 эълон гардид
ТАНЗИМ-БАРАКАТИ ЗИНДАГӢ. Дар ноҳияи Синои пойтахт 34 ҳолати вайронкунии қонун ошкор карда шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар нуҳ соли охир дар Душанбе беш аз 1287 иншоот сохта, ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе 190 ҳолати қонуншиканӣ дар соҳаи шаҳрсозӣ ва замин ошкор гардид
«ДУШАНБЕ — ШАҲРИ САБЗ». Дар ноҳияи Синои пойтахт зиёда аз 175 ҳазор бех дарахтон шинонида шуданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба зиёда аз 1 миллиард сомонӣ расид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Нақшаи чорабиниҳои 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ 77 фоиз иҷро шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар самти бунёди муассисаҳои томактабӣ дар ноҳияи Шоҳмансур чӣ тадбирҳо андешида мешаванд?
Ҷадвали «Тақвими чорабиниҳои Иди байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе барои соли 2026» ба тасвиб расид






