«Financial Times» ба хонандагони худ тавсия додааст, ки аз Тоҷикистон боздид намоянд

Январь 3, 2019 10:51

ДУШАНБЕ, 03.01.2019./АМИТ «Ховар»/. Маҷаллаи байналмилалии  «Financial Times» Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба рӯйхати ҳашт кишваре ворид намуд, ки ба сайёҳон барои боздид  дар соли 2019 тавсия медиҳад.

Дар баробари Тоҷикистон инчунин ба ин рӯйхат Камбоҷа, ҷазираҳои Фарер, Руанда, Уммон, Эритрея, Белиз ва Италия ворид шудаанд.

Тоҷикистон дар рӯйхати FT дар мақоми шашум аст.

Муаллифони ин мақола боздид аз қисмати шимолии Тоҷикистонро тавассути Ӯзбекистон  маслиҳат медиҳанд. Онҳо зикр мекунанд, ки  бо шарофати низоми нави раводиди электронӣ ба Ӯзбекистон сафар кардан хеле мувофиқ гардидааст, бештар аз Аврупо ба Тошканд ва тавассути роҳи оҳани босуръат аз Тошканд ба Самарқанду Бухоро имконияти сафар кардан мавҷуд аст.

Зикр карда мешавад, ки «дар оғози ин сол сарҳад миёни Самарқанд ва Панҷакент, ки дар шимолу ғарбии канори Тоҷикистон қарор дорад, кушода шуд».

«Субҳгоҳон шумо метавонед  гумбазҳои дурахшони давраи темуриҳоро дар Самарқанд бубинед  ва дар  деҳаҳои дурдасти Яғноб гаштугузор намуда,  то нисфирӯзӣ аз тамошои кӯҳҳои Фон баҳра бардоред»,- гуфта мешавад дар мақола.

Инчунин зикр мегардад, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар  Паёми навбатии худ ба Парлумони мамлакат изҳор доштанд, ки шумораи сайёҳон соли 2018 дар муқоиса бо соли гузашта ду баробар афзоиш ёфтааст  ва ин имкон медиҳад, ки ҷиҳати рушди инфрасохтори ҷумҳурӣ ва ташрифи сайёҳон ба мамлакат шароити мусоид фароҳам оварда шавад.

Ёдовар мешавем, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Фармони худ аз 2 январи соли 2019 солҳои 2019-2021-ро  дар мамлакат Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон намуданд. Ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  супориш дода шуд, ки нақшаи чорабиниҳоро барои иҷрои ин фармон дар муддати як моҳ таҳия ва пешниҳод кунад.

Январь 3, 2019 10:51

Хабарҳои дигари ин бахш

САЙЁҲИИ ТАБОБАТӢ. Чашмаи «Авҷ»-и Бадахшон бо оби минералии шифобахш барои рушди ин соҳаи сайёҳӣ имкон дорад
ДАРАИ ШИРКЕНТ. Ҷозибаи нодири табиии ин минтақа изҳои панҷаи динозаврҳо ба шумор меравад
Байни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва муассисаҳои таҳсилоти олии Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ — фароғатии «Dushanbe Navruz Fest» баргузор мешавад
Зарфияти сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «MITT — 2026» муаррифӣ мегардад
Дурнамои ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо ширкати нидерландии EISIVIER баррасӣ гардид
Дар Душанбе Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
«ITB Berlin 2026». Дар доираи намоишгоҳ ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон беш аз 20 шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Резервати биосферии «Ромит» ба макони писандидаи сайёҳон табдил ёфтааст
ИМКОНОТИ САЙЁҲӢ ДАР ЗАМИНАИ АРЗИШҲОИ ҶАШНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАВРӮЗ. Назаре ба муаррифии маконҳои сайёҳӣ
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Рӯзи Модар бошукуҳ таҷлил карда шуд
Масато Канда бо имконоти таълимӣ ва инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуд