ФУТЗАЛ: ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозиҳои дӯстона муайян гардид

Январь 7, 2019 15:59

ДУШАНБЕ, 07.01.2019 /АМИТ «Ховар»/.  Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал барои бозиҳои дӯстона бо дастаи миллии Туркия муайян шуд.    Дар ин бора ба мухбири   АМИТ «Ховар»  аз    Федератсияи футболи Тоҷикистон  хабар доданд.

Зикр шуд, ки  бозиҳои мазкур  9-10 январ дар шаҳри Эрзинҷони Туркия баргузор мешаванд. Дар айни замон дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал зери роҳбарии сармураббӣ Ҳусейн Шодиев дар шаҳри Душанбе баҳри гузаронидани дидори дӯстона бо  дастаи мунтахаби  Туркия машқҳои таълимӣ – дастаҷамъиро ба роҳ мондаанд. Ба ҳайати  дастаи мунтахаби Тоҷикистон  12 футзалбоз бо шумули 2 дарвозабон шомиланд.

Ёдовар мешавем, ки 6  январи соли 2019  дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба Истанбул ва дар идома ба шаҳри Эрзинҷон сафар  намуд. Дар ин ҷо даста 9-10  январ бо  дастаи мунтахаби Туркия ду  дидори дӯстона анҷом медиҳад.

Бояд гуфт, ки дидорҳои мазкур барои футзалбозони мо баҳри омодагӣ ба марҳилаи интихобии Чемпионати Осиё – 2020, ки мувофиқи нақшаи КФО аз 16  то 26  октябри соли 2019 сурат мегиранд, таҷрибаи хуб хоҳад буд.

Январь 7, 2019 15:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд
Ғолибони даври якуми Чемпионати Тоҷикистон-2026 оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
Дар ноҳияи Ёвон ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи гӯштини ҷудо қадрдонӣ карда шуданд
PARIMATCH TAJIKISTAN ва КФ «Хуҷанд» оғози шарикии бузургро эълон карданд