ЛИМӮ – БРЕНДИ ТОҶИКИСТОН! Он дар оянда ба кишварҳои Аврупо низ содирот карда мешавад

Январь 17, 2019 17:36

ДУШАНБЕ, 17.01.2019 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2018 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷи кишвар 140 тонна меваҳои ситрусӣ содирот намудааст, ки 37 тоннаи онро лимӯ ташкил медиҳад. Ин нуктаро зимни суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Марзия САИДЗОДА  сардори Раёсати сиёсати аграрии Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ Баҳодур НАЗАРОВ  иброз дошт. Корманди масъули Вазорати кишоварзии мамлакат афзуд, ки соли 2017 дар Тоҷикистон  4 ҳазору 219 тонна лимӯ истеҳсол гардида,   80 тонааш ба давлатҳои хориҷӣ, назири Россия, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Озарбойҷон содирот  шудаанд. Лимӯпарварони кишвар   соли 2017 аз ҳар гектар лимӯзор 190 сентнерӣ ҳосили лимӯ ба даст оварданд. Нархи 1 кг лимӯи тоҷикӣ дар бозорҳои кишвар аз 10 то 20 сомониро  ташкил медиҳад.

Қариб як аср боз Тоҷикистон ватани лимӯ гардидааст

Мусаллам аст, ки лимӯпарварӣ дар Тоҷикистон, ки кишвари офтобрӯя аст, тайи солҳои охир рушд ёфта, ба яке  аз бахшҳои асосии  соҳаи боғпарварии  мамлакат табдил гардидааст. Дар ин росто,    узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии  Тоҷикистон, профессор Саидалӣ Гулов дар мусоҳиба бо хабарнигори АМИТ «Ховар»  зикр кард, ки  лимӯро бори нахуст  дар солҳои сиюми қарни ХХ  олимони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ба Тоҷикистон   овардаанд. Дар рушди лимӯпарварӣ дар мамлакат олимони соҳаи ситруспарварӣ А.С.   Колибзев, В.И. Сулая,  У.Э. Эшонкулов,   С.Н. Маҳмадбеков,  А. Алиев,  С. Гулов ва К. Рукниддинов саҳми калон гузоштаанд.  Онҳо парвариши лимӯро дар минтақаҳои мухталифи Тоҷикистон бо санҷишҳои гуногуни илмӣ ба роҳ монданд.

Дар шароити Тоҷикистон лимӯ  асосан бо ду тарз:  парвариши он дар лимӯхонаҳои зеризаминӣ-хандақҳо ва лимӯхонаҳои рӯизаминӣ-гармхонаҳо  ба роҳ монда шудааст. Онҳо аз лиҳози парвариш, нигоҳубин,  ҳосилнокӣ ва тарзи истифодаи техникаи кишоварзӣ аз ҳамдигар фарқ  доранд. Афзалияти парвариши  лимӯ дар хандақҳо  дар он аст, ки аз ҳисоби гармии замин зимистонгузаронии лимӯ таъмин карда мешавад.   Дар гармхонаҳои рӯизаминӣ барои  зимистонгузаронӣ манбаҳои дигари гармидиҳӣ истифода мешаванд.  Аз ҷиҳати ҳосилнокӣ нисбат ба хандақҳо  лимӯхонаҳои рӯизаминӣ-гармхонаҳо ҳосилнокиашон ду маротиба  зиёд аст.

Инчунин истифодаи техникаи кишоварзӣ ва  тарзи нигоҳубини дарахтони лимӯ дар гармхонаҳои рӯизаминӣ   осон ва мувофиқ аст. «Дар шароити Тоҷикистон парвариши лимӯ бештар дар гармхонаҳои рӯизаминӣ ба роҳ монда шудааст»,- мегӯяд олими тоҷик Сайдалӣ Гулов.

Бо дахли стандарти парвариши лимӯ дар хандақҳо олим афзуд, ки дарозии хандақҳои лимӯпарварӣ бояд  50-60 метр,   барашон барои ду қатор 6-7 метр бошад. Лимӯе, ки дар Тоҷикистон парвариш карда мешавад,  99 фоизаш лимӯи «Мейер» ё «лимӯи  тоҷикӣ»  аст, ки  дар муддати қариб сад сол олимон  бо тарзи парвариши худ онро тавонистанд ба шароити Тоҷикистон мутобиқ созанд.

«Лимӯи тоҷикӣ ба   иқлими Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ ба хушкӣ  ва гармии +40+45 дараҷа тоб меорад, қадаш на он қадар баланд мебошад, зеро дар ҳарорати +40+45 дараҷа  парвариш намудани лимӯҳои қадбаланд ба манфиат нест. Баландии  дарахтони лимӯҳои Тоҷикистон 3-4 метрро ташкил медиҳад. Инчунин лимӯи тоҷикӣ ҳосилнокии зиёд дорад ва ҳар сол ҳосили хуб дода метавонад»,-иброз дошт  Сайдалӣ Гулов.

Лимӯ тоқати сардӣ надошта, гармиро бениҳоят дӯст медорад

Ватани лимӯ Ҳинду Чин буда, алҳол дар дар ҷаҳон беш аз сад намуди лимӯ вуҷуд дорад. Дар шароити Тоҷикистон ҳафт намуди лимӯ парвариш карда шуда, онро аз қаламча зиёд мекунанд. Олимони тоҷик  тарзи парвариши лимӯро кор карда баромада, онро ба деҳқонон омӯхтаанд. Барои зимистонгузаронӣ ҳарорати дохили гармхона бояд аз +4+5 то +8+10 дараҷа мусбат бошад, ки муғҷаҳои ҳосилдиҳандаи онро сармо назанад. Дар ҳолати ҳарорати  -4 то -7 дараҷа тамоми қисми рӯизаминии лимӯро  сармо мезанад. Барои ҳамин дар шароити Тоҷикистон зарур аст, ки лимӯро ҳатман дар хандақ парвариш намоем, зеро ҳар сол ҳарорати манфӣ аз-10  -12 то -14 -18 ва дар ҳар  25-30 сол то -20-25 дараҷа сардӣ мушоҳида мешавад, ки барои парвариши растаниҳои ситрусӣ, аз ҷумла лимӯ хеле хатарнок аст. Мавсими гулкунии лимӯ охири моҳи феврал ва март оғоз ёфта, давраи пухта расидани ҳосилаш моҳҳои октябр –ноябр мебошад. Барои пухта расидани  лимӯ бояд дарахти он 3500 то 4000 дараҷа гармиро ба худ қабул намояд. Соли 2018 бо сабаби он, ки  ки ҳаво дар ҷумҳурӣ гарм буд,  лимӯ ҳатто дар моҳи сентябр пухта расид.

Як дарахти лимӯи тоҷикӣ то 130 кг ҳосил медиҳад

Иқтидори ҳосилдиҳии  як дарахти лимӯ дар ватанаш- Ҳинду Чин  то 2500 дона лимӯ аст. Дар Тоҷикистон аз як дарахт 1200-1300 дона лимӯ  ба даст оварда мешавад, ки  тахминан ҳосили як дарахти лимӯи тоҷикӣ 120-130 кг-ро ташкил медиҳад. Аз  як гектар лимӯзор  дар Тоҷикистон  ба ҳисоби миёна 30-40 тонна ва ҳатто то 50 тонна ҳосил мегиранд. Самаранокии дарахти лимӯи тоҷикӣ  нисбат ба  дигар дарахтони мевадиҳанда 8-10 маротиба ва дар қиёс ба  пахта  то 30-40 маротиба зиёд аст.

Тоҷикистони марказӣ ва ҷанубӣ барои парвариши лимӯ мусоиданд

Дар Тоҷикистон ба ғайр аз лимӯи «Мейер» лимӯи «Вилло –Франка»,  «Лунария», «Юнонӣ», инчунин афлесун ва норанҷ  парвариш карда мешаванд. Маззаи афлесун ва норанҷи Тоҷикистон   хуштаъму хушбӯй буда, дар қиёс нисбат ба афлесун ва норанҷе, ки аз хориҷи кишвар ворид мешаванд,  беҳтар аст. Аммо аз сабаби он, ки даромаднокияш нисбат ба лимӯ кам аст ва парвариши онро дар гармхонаҳо ба роҳ мондаанд, он қадар ривоҷ наёфтааст. Кадом минтақаҳои Тоҷикистон асосан барои парвариши лимӯ мусоиданд? Дар посух ба ин савол профессор Сайдалӣ Гулов гуфт, ки минтақаҳои асосии парвариши лимӯ асосан Тоҷикистони марказӣ ва ҷанубӣ мебошанд. Олимон парвариши онро дар қисмати шимолии мамлакат –вилояти Суғд низ озмоиш намудаанд. Дар Тоҷикистон парвариши лимӯ дар ноҳияҳои ҷанубии Тоҷикистон-Ҷайҳун,  Дӯстӣ,  Ҷалолиддини Балхӣ,  Кӯшониён,  Кӯлоб, инчунин дар водии Ҳисор ва ҳатто дар шимоли кишвар  ба таври васеъ ба роҳ монда шудааст.  Дар Тоҷикистони марказӣ ва ҷанубӣ парвариши лимӯ  нисбат ба шимол дар зимистонгузаронӣ мусоид аст, зеро барои парвариши лимӯ ҳарорати мусбати фоиданок бояд аз 3500 то 4000  дараҷа баланд бошад. Ин гуна ҳарорат дар тамоми минтақаҳои Тоҷикистон вуҷуд дорад  ва барои пухта расидани меваи лимӯ имконият медиҳад.

Лимӯзори Тоҷикистон дар майдони беш аз 500 гектар доман густурдааст

Ҳамзамон дар зарфи солҳои охир дар кишварамон  қитъаҳои замин барои парвариши лимӯ васеъ гардида,  алҳол дар мамлакат  беш аз 500 гектар гармхонаҳо- лимӯзор вуҷуд доранд, ки ҳаҷми умумии истеҳсоли онҳо беш аз даҳ ҳазор тонна мебошад. Ҳол он ки солҳои  90-уми асри гузашта  дар Тоҷикистон то се ҳазор тонна лимӯ истеҳсол карда мешуд. Аз ҳисоби дуруст ба роҳ  мондани агротехника  ва баланд бардоштани маҳсулнокии дарахтони лимӯ  истеҳсоли он се маротиба афзудааст. Бо дахли рушди соҳаи лимӯпарварӣ дар Тоҷикистон олими тоҷик Сайдалӣ Гулов афзуд, ки дар Тоҷикистон ҷиҳати зиёд кардани заминҳо барои парвариши лимӯ  тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд. Хусусан барои лимӯпарварӣ дар ноҳияҳои Данғара ва Ёвон заминҳои доманакӯҳ зиёд буда, барои рушди соҳаи лимӯпарварӣ имкониятҳои васеъ мавҷуданд.  Дар асоси Барномаи нави «Рушди соҳаи боғпарварӣ барои солҳои  2016-2020»   дар Тоҷикистон бояд 20 ҳазору 153 гектар боғҳои нав бунёд карда шаванд. Дар ин замина ташкили 207 гектар   гармхонаҳои ситрусӣ  ба нақша гирифта шудааст.  Дар ин росто,  давоми солҳои 2016-2020 барои парвариши лимӯ майдонҳо васеъ карда мешаванд.  

Нахустин маротиба ба Тоҷикистон кӣ лимӯ овард?

«Лимӯи тоҷикӣ» ё «Мейер»-ро бори аввал ботаники амрикоӣ Мейер аз Чин оварда,  онро дар иёлоти Флорида ва Калифорнияи Амрико  парвариш намуд. Баъди вафоти Мейер соли 1909 лимӯи мазкур дар илм чун «Мейер» қабул шуд. Ба Тоҷикистон лимӯро бори аввал дар  солҳои 1934-1936 аз шаҳрҳои  Сухумӣ ва Батумии Қафқоз олими гурҷӣ Калибзев оварда,  дар минтақаи  Ҳисор  /Боғи миллӣ/ ва водии Вахш санҷида,  парвариш намудааст. «Агар олимони ситруспарвари тоҷик,- мегӯяд профессор Сайдалӣ Гулов,-дар ҳамбастагӣ  лимӯи тоҷикиро муаррифӣ намоянд, имкон дорем онро ҳамчун «бренди тоҷикӣ»  истифода намоем, зеро аз солҳои 1930 лимӯи «Мейер», ки ба Тоҷикистон оварда шуда, парвариш мегардад,  дар натиҷаи қаламчакунонӣ шакл ва намуди зоҳирии худро тағйир дода,  ҳамчун «лимӯи тоҷикӣ» шинохта шудааст».                                            

Хусусиятҳои шифобахшии лимӯ

Дар байни дарахтони мевадиҳанда лимӯ аз лиҳози хусусияти ғизоӣ ва шифоӣ  дар ҷои аввал меистад. Дар таркиби лимӯ витаминҳо, моддаҳои ғизоӣ ва  кислотаҳои органикӣ  вуҷуд доранд, ки ҳамчун таъминкунандаи дурусти мубодилаи моддаҳои организми инсон ва ҳамчун антиоксидант ба муқобили барангезандагони бемориҳои онкологӣ маҳсуб меёбанд.  Лимӯ асосан ба бемориҳои шамолкашӣ, фишорбаландӣ, рӯдаю меъда ва  асаб шифобахш мебошад. Дар таркиби  лимӯи  тоҷикӣ аз 24 то 27 фоиз витамини «С», инчунин витамини «А» ва  «ПП»  вуҷуд доранд, ки таъминкунандаи устувори рагҳои хунгард буда, инсонро аз касалиҳои инсулт ва фишорбаландӣ эмин медоранд. Инчунин лимӯро дар омода кардани хӯрокҳо, нӯшобаҳо ва қаннодӣ васеъ истифода менамоянд, ки ин ба манфиати солимии инсон аст. Инчунин мардуми тоҷик агар ба ягон кишвари хориҷӣ сафар кунанд, вобаста ба мавсими сол ҳатман бо худ лимӯро ҳамчун савғо мебаранд.

«Лимӯи тоҷикӣ» аз  лиҳози тамъу шира нотакрор аст

Лимӯи тоҷикӣ яке аз  меваҳои содиротии Тоҷикистон ба хориҷи мамлакат мебошад  ва онро метавон ҳамчун  бренди тоҷикӣ эътироф кард. Зеро мусаллам аст, ки лимӯи тоҷикӣ аз лиҳози лаззат, тунукии пӯст, ранг,  намуди зоҳирӣ ва таркиби биохимиявиаш аз дигар намудҳои он бартарӣ дорад. Дар оянда бо истифода аз имконот ва иқтидори мавҷудаи аграрии мамлакат зиёд намудани парвариши он ҳам ба манфиати лимӯпарварон ва ҳам барои баланд бардоштани иқтидори содиротии кишвар  равона гардидааст.  Беш аз 50 фоизи истеҳсоли лимӯи Тоҷикистон ба Қазоқистон, Қирғизистон ва Россия, Беларус ва дигар давлатҳои хориҷӣ  содирот карда мешавад.

Агар Тоҷикистон   аз рӯи  литсензияҳои  байналмилалӣ  лимӯро дар сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ намояд,  лимӯи тоҷикӣ дар оянда ба  Аврупо ҳам содирот карда хоҳад шуд. Ин, албатта, барои баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии сокинони мамлакат, бахусус лимӯпарварон ва ғанӣ гардонидани буҷаи мамлакат мусоидат хоҳад намуд.    

Январь 17, 2019 17:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон марҳилаи рамзгузории электронӣ ба воситаҳои доруворӣ ва молҳои тиббӣ оғоз мегардад
Ҷаласаи Ситоди байниидоравӣ оид ба пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисодиёти миллӣ баргузор шуд
Huawei — пешсафи бозори ҷаҳонӣ
Ҷаласаи навбатии Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ доир шуд
Соли равон гардиши мол байни Тоҷикистону Русия 19,8% афзуд
Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии вилояти Суғд ба беш аз 2 миллиард доллари ИМА расонида шуд
Соҳибкорону саноатчиёни Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон қадрдонӣ гардиданд
Дар Бонки миллии Тоҷикистон масъалаи татбиқи лоиҳаи Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣ (IFC) баррасӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиёӣ иштирок намуд
Дар шаҳри Турсунзода аз 4504 кг ангури хушккардашуда 1126 кг мавизи хушсифат истеҳсол намуданд
Ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон ва Тотористон тақвият меёбад
Дар шаҳри Исломобод Форуми соҳибкорони Тоҷикистон ва Покистон баргузор гардид