Муллозуҳур Тоҳирӣ: «Сайёҳии табобатӣ самти муҳим буда, метавонад дар рушди иқтисоди миллӣ саҳмгузор бошад»
ДУШАНБЕ, 10.01.2019 /АМИТ «Ховар»/. 9 январ дар шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии Иттифоқи байналмилалии нависандагон ва табибони Тоҷикистон баргузор гардид.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар он раёсат ва аъзои иттифоқи мазкур иштирок намуда, фаолияти онро дар соли сипаригардида баррасӣ ва вазифаҳо барои соли 2019 – ро муайян намуданд.
Дар оғози ҷаласа 2 нафар ба узвияти иттифоқ қабул ва се номзад барои узвият пешниҳод карда шуданд. Зикр шуд, ки зиёда аз 100 нафар узви ин иттифоқ мебошанд, ки намояндагони Қазоқистон ва Россия аз ҷумлаи онҳоянд.
Раиси Иттифоқи байналмилалии нависандагон ва табибони Тоҷикистон Муллозуҳур Тоҳирӣ зикр кард, ки Иттифоқи мазкур моҳи марти соли гузашта таъсис ёфта, фаъолияти худро фаъолона идома дода истодааст. «Мо ният дорем, ки бо намояндагони дипломатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намоем, то онҳо барои ҷалби нависандагон ва табибон аз кишварҳои гуногуни ҷаҳон кумак расонанд. Ин таҷриба хеле муфид буда, дар ин самт қадамҳои аввал гузошта шудаанд», — гуфт табиби халқӣ.
Мавриди зикр аст, ки дар ҷаласаи мазкур самтҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи рушди тиб ва саломатии аҳолӣ баррасӣ шуданд. Бо дарназардошти он, ки Сарвари давлат солҳои 2019-2021-ро солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунармандӣ эълон намуданд, Муллозуҳур Тоҳирӣ зикр намуд, ки бояд дар Тоҷикистон сайёҳии табобатӣ инкишоф ёбад. Ба гуфтаи ӯ, «ин намуди сайёҳӣ самти муҳим буда, метавонад дар рушди иқтисоди миллӣ саҳмгузор бошад».
Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми соли гузаштаи худ таъкид намуданд: «Тоҷикистони мо дорои неъматҳои бебаҳои табиӣ, обҳои табобативу гиёҳҳои шифобахш буда, муҳит ва табиати кишварамон барои рушди соҳаи дорусозӣ ва бунёди истироҳатгоҳҳо дар мавзеи обҳои шифобахш бисёр мувофиқ мебошад».
Муллозуҳур Тоҳирӣ дар партави ин суханони Пешвои миллат иброз дошт, ки сайёҳони дохилию хориҷӣ метавонанд дар мавзеъҳои табиӣ – табобатии мамлакат, ки шумораашон хеле зиёд аст, истироҳат ва саломатии худро барқарор намоянд.
«Дар Тоҷикистон 200 манбаи (чашмаи) обҳои минералии шифобахш мавҷуд буда, ғайр аз ин табиати кишвари мо бо гуногунрангӣ ва мавҷудияти кӯҳҳои осмонбӯс барои рӯидани гиёҳҳои шифобахш шароити мусоид дорад»,- илова намуд Муллозуҳур Тоҳирӣ.
Гуфта шуд, ки машҳуртарин чашмаҳои шифобахши Тоҷикистон чашмаҳои «Хоҷа Оби Гарм», «Явроз», «Оби Гарм», «Шоҳамбарӣ», «Гармчашма», «Ҳавотоғ», «Зумрад», чашмаи «Бибӣ Фотимаи Заҳро», «Авҷ», «Ямчун» ва «Зонг» мебошанд. Ин чашмаҳо барои барқароркунии саломатии инсон манфиати зиёд доранд.
Муллозуҳур Тоҳирӣ дар бораи фаъолияти Иттифоқи байналмилалии нависандагон ва табибони Тоҷикистон ва нақшаҳои он барои оянда маълумот дода, иброз намуд, ки «беморро на танҳо табобат бояд кард, балки тарзу усули солим будан ва ҳифз намудани саломатиро низ бояд ба ӯ фаҳмонд».
Зикр кардан бамаврид аст, ки кормандони Иттифоқи байналмилалии нависандагон ва табибони Тоҷикистон бояд донандаи якчанд забони хориҷӣ бошанд, то аз таҷрибаҳои соҳаи тандурустии мамлакатҳои дар ин самт таҷрибадор бархурдор гардида, онҳоро ба мардум расонанд.
Доктор Муллозуҳур Тоҳирӣ изҳор намуд, ки ҳадафи мо даъват ба осоиштагӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим мебошад, зеро ба гуфтаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «саломатии миллат боигарии давлат аст».
Ёдовар мешавем, ки Раёсати Иттифоқи байналмилалии нависандагон ва табибони Тоҷикистон ният дорад дар оянда намояндагиҳои ин созмонро дар вилоятҳои мамлакат ифтитоҳ намояд.








Дар нуҳ моҳи соли 2025 зиёда аз 90 ҳазор нафар сайёҳ мавзеъҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистонро тамошо карданд
Имсол дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон даромад аз ҳисоби хизматрасонии сайёҳон 20,4 миллион сомониро ташкил дод
РУШДИ САЙЁҲӢ. Дар Суғд шумораи сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ афзоиш ёфта, инфрасохтори соҳа тақвият меёбад
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалии «World Travel Market – 2025» муаррифӣ мегарданд
ШАРШАРАҲОИ ЗЕБОИ БАЛҶУВОН. Табиати нотакрори ин минтақаро беш аз 45 ҳазор сайёҳон тамошо карданд
ЭЪТИРОФИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. «Lonely Planet» Тоҷикистонро байни самтҳои беҳтарини сайёҳии ҷаҳон ҷой дод
Намояндагони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар Саммити байналмилалии табодули академӣ иштирок намуданд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 90 ҳазор сайёҳон шаҳри бостонии Кӯлобро тамошо намуданд
Беш аз 46 ҳазор сайёҳи дохилию хориҷӣ бо мавзеъҳои зебои Данғара шинос гардиданд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Имсол ба вилояти Хатлон беш аз 900 ҳазор сайёҳ ташриф овардааст
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҳудуди ноҳияи Данғара ба таври фосилавӣ Маркази хизматрасонии сайёҳӣ ва зиёда аз 50 километр роҳҳои мумфаршгардидаро ифтитоҳ намуданд
Имсол беш аз 30 ҳазор сайёҳон бо мавзеъҳои таърихии ноҳияи Восеъ шинос гардиданд






