Намояндагони ҲХДТ дар шаҳри Уфа Паёми Пешвои миллатро ба ҳамватанонамон тавзеҳ доданд

Январь 21, 2019 16:51

ДУШАНБЕ, 21.01.2019 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади фаҳмонидани нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба  ҳамватанонамон, ки дар Ҷумҳурии Бошқирдистони Федератсияи Россия фаъолият доранд, гурӯҳи намояндагони ҲХДТ бо сафари корӣ ба шаҳри Уфа рафтанд.

Бо мусоидати консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Уфа Саид Эмом ва сармутахассиси шуъбаи ҳуқуқи    Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ дар Приволже Бахтиёри  Ятим намояндагони ҲХДТ дар шаҳру вилоятҳои Бошқирдистон  суҳбату мулоқот доир намуда, зимни онҳо оид ба сазовор пешвоз гирифтани ҷашни миллӣ- 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тарғиби манзараҳои зебои мамлакат ва ҷалби сайёҳон ба кишвари офтобиамон, нақши муносиб гузоштани соҳибкорони тоҷик дар рушду нумӯи сарзамини аҷдодӣ ва дар ин замина номбардори номи неки миллату Ватан будан сухан гуфтанд.

Ҳадаф аз баргузории чунин вохӯриҳо, пеш аз ҳама, ба ҳамватанон баён доштани нақши таърихии Пешвои миллат дар таҳкими  сулҳу субот  ва рушди бесобиқаи Ватан, нуктаҳои созанда ва дурнамои  Паёми Пешвои миллат  дар бораи эълони 300 рӯзи ислоҳот ва дастгирии соҳибкорон барои пешрафти Тоҷикистон, рушди маҳал, ки ободии мамлакат аз ободии ҳар як гӯшаи он оғоз мегардад, рушди ҳунарҳои мардумӣ ва ҷалби сайёҳони хориҷӣ ба Тоҷикистони сар ба домони гардун мебошад.

Дар доираи «Сратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020» ва пешгирии ҳолатҳои шомилшавии ҷавононе, ки аз Тоҷикистон   ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд,  ба ҳизбу созмонҳои экстремистию террористӣ вохӯрии намояндагони ҲХДТ ва консулгарӣ, намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ дар Приволже бо доираи васеи ҷавонони тоҷик ва соҳибкорону   донишҷӯён баргузор гардид.

Меҳмонон таъкид карданд, ки имрӯз вақти он расидааст, ки ҳар як ҷавон  бояд ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, амиқ дарк кунад, ки мақсади гурӯҳҳои террористӣ нооромии ҷомеа ва барои ҳадафҳои нопоки худ қурбон намудани  ҷавонони гумроҳ мебошад.
Барои ҳалли мушкилоти мавҷуда Ҳукумати Тоҷикистон дар  ҳама вилоятҳои бузурги Федератсияи Россия сафорат, консулгариҳо ва намояндагиҳои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолиро таъсис додааст, ки ҳамватанони мо метавонанд пайваста ба онҳо муроҷиат намоянд.

Садбарги БОҚӢ,
хабарнигори махсуси АМИТ «Ховар»,
Бошқирдистон, ФР

Январь 21, 2019 16:51

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАШАББУСИ ТОҶИКИСТОН. Созмони Милали Муттаҳид ба таҷлили Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо оғоз намуд
Дар Созмони Милали Муттаҳид Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо оғоз гардид
Масъуд Пизишкиён: «Дар Тоҷикистон эҳсоси ғурбат намекунам»
Эмомалӣ Раҳмон Масъуд Пизишкиёнро ба ҷашни Наврӯз даъват намуданд
НАЗАРИ КОРШИНОС. Робитаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Исломии Эрон бар пояи пайвандҳои таърихӣ асос ёфтаанд
САДА, ИН ПАРТАВИ ХУРШЕДИИ ИСТИҚЛОЛ АСТ! Имсол ин ҷашни бостониро дар Тоҷикистон 25-26 январ ҷашн мегиранд
Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ фарогири дастуру супоришҳо, нақшаву пешниҳодҳо ва стратегияву ҳисобот мебошад
ШУМОРАИ ВОРИДШАВАНДАГОНИ СОМОНАИ АМИТ «ХОВАР» БЕШ АЗ 234 ФОИЗ ЗИЁД ШУД. Соли 2024 аз сомона зиёда аз 7 миллион маротиба дидан кардаанд
Дар Амороти Муттаҳидаи Араб барои навхонадорон гузаштан аз муоинаи тиббӣ ҳатмӣ шуд
МАБЛАҒИ ОЗМУНҲОИ ҶУМҲУРИЯВӢ 100 ФОИЗ ЗИЁД КАРДА ШУД. Акнун соҳиби Шоҳҷоиза бо 140 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ карда мешавад
АМИТ «Ховар»: Тоҷикистон дар соли 2025 — руйдодҳои муҳим ва навгониҳо
МАРКАЗИ ОМӮЗИШИ ПАЁМҲОИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Таъсиси он имрӯз амри зарурӣ аст