«САДА ОМАД, КИ ТУРО МУЖДА ДИҲАД АЗ НАВРӮЗ…». 27 январ дар Боғи Фирдавсии пойтахт иди Сада таҷлил мегардад
ДУШАНБЕ, 24.01.2019 /АМИТ «Ховар»/. 27 январи соли равон дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе ҷашни Сада баргузор мегардад.
Тавре котиби матбуотии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ёқубҷон Уроқов ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, дар тантанаи мазкур намоиши тухмии зироати кишоварзӣ, техникаҳои кишоварзӣ, зотҳои чорво, хӯрокҳои миллӣ ва ҳунарҳои мардумӣ доир карда мешавад.
Ҳамчунин дар ҷашни Сада ҳунармандон бо барномаҳои фарҳангии худ хотири иштирокдоронро болида мегардонанд.
Ёдовар мешавем, ки Сада ҷашни қадимтарини халқи тоҷик ба шумор рафта, аз гузаштагонамон ба мо мерос мондааст. Ин ҷашн бо шумораи сад (сад фарзанди Каюмарс ё панҷоҳ шабу панҷоҳ рӯз) алоқаманд аст. Ба андешаи олимон, ин ҷашн ба он хотир Сада ном гирифтааст, ки он аз шумораи сад гирифта шуда, аз 10 моҳи Баҳман то омадани Наврӯз 50 шабу 50 рӯзро фаро мегирад.
Шоири асри XI Фаррухӣ дар мавриди Сада чунин гуфтааст:
Сада омад, ки туро мужда диҳад аз Наврӯз,
Мужда бипзиру бидеҳ хилъату кораш ба тироз.
Иди Сада давраи аз ҳолати хунукӣ ва карахтӣ баромадани табиату набототу ҳайвоноти оламро ифода менамояд. Ин идро олимон ба ориёнажодон мансуб медиҳанд, зеро аҷдодони мо дар охири фасли сармо дар майдонҳои васеъ ҳезум ҷамъ намуда, оташ меафрӯхтанд. Яъне, онҳо ба ин восита ва пас аз сардиҳои дароз боз рӯ овардан ба гармӣ, рақсу бозӣ ва хурсандиву хушҳолиро талқин менамуданд.








НАВРӮЗИ ДУШАНБЕ. Дар пойтахти Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани меҳмонон омодагӣ мегиранд
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ — фароғатии «Dushanbe Navruz Fest» баргузор мешавад
Дар 4 ноҳияи шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал ташкил карда мешавад
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба волейбол байни занону духтарон ҷамъбаст шуд
Дар Душанбе Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Озмуни ноҳиявии «Кадбонуи беҳтарин» баргузор гардид
«МОДАР — САРЧАШМАИ МЕҲРУ МУҲАББАТ». Дар Душанбе Рӯзи модарро ботантана таҷлил намуданд
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Маросими қадршиносии беҳтаринҳо дар соҳаҳои кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе баргузор гардид
МОДАР — САРЧАШМАИ МЕҲРУ МУҲАББАТ. Дар ноҳияи Шоҳмансур ҳамоиши идонаи фарҳангӣ – фароғатӣ доир шуд
УФУҚҲОИ ДӮСТӢ. Муносибатҳои бародаршаҳрӣ байни Душанбе ва Боку тақвият меёбад






