Соли 2018 корхонаҳои шаҳри Душанбе дар ҳаҷми 2,2 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд

Январь 31, 2019 10:40

ДУШАНБЕ, 31.01.2018. /АМИТ «Ховар»/. Соли 2018 аз ҷониби корхонаҳои шаҳри Душанбе ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 2,2 миллиард сомонӣ расонида шуд. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ  муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Зувайдзода иттилоъ дод.

Ба гуфтаи номбурда, суръати афзоиши он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 18 фоизро ташкил намудааст.

Зикр гардид, ки дар соҳаи саноати истихроҷ истеҳсоли маҳсулот ба 14,8 миллион, саноати коркард 1,5 миллиард сомонӣ расида, истеҳсол ва тақсимоти неруи барқ, газ, гармӣ ва обтаъминкунӣ 724 миллион сомонӣ таъмин гардид, ки нисбат ба соли 2018 зиёд мебошад.

«Содироти корхонаҳои саноатии шаҳри Душанбе дар ин давра ба 28 миллион сомонӣ баробар шуд», — илова намуд Маҳмадсаид Зувайдзода.

Мавриди зикр аст, ки соли 2018 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе  барои бунёди 9 корхонаи саноатӣ бо таъсиси беш аз 3 ҳазор ҷойи кор санги асос гузошта шуд. Ин иқдом аз як тараф ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ муфид арзёбӣ гардад, аз ҷониби дигар барои расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон –саноатикунонии мамлакат мусоидат хоҳад кард.

«Дар маҷмӯъ аз ҳисоби ба кор даровардани иншоот ва баланд бардоштани иқтидорҳои истеҳсоливу хизматрасонии мавҷуда дар корхонаю муассисаҳои шаҳр беш аз 31 ҳазор ҷойҳои нави корӣ таъсис ёфтанд»,- иброз дошт муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Зувайдзода.

Январь 31, 2019 10:40

Хабарҳои дигари ин бахш

НАВРӮЗИ ДУШАНБЕ. Дар пойтахти Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани меҳмонон омодагӣ мегиранд
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ — фароғатии «Dushanbe Navruz Fest» баргузор мешавад
Дар 4 ноҳияи шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал ташкил карда мешавад
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба волейбол байни занону духтарон ҷамъбаст шуд
Дар Душанбе Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Озмуни ноҳиявии «Кадбонуи беҳтарин» баргузор гардид
«МОДАР — САРЧАШМАИ МЕҲРУ МУҲАББАТ». Дар Душанбе Рӯзи модарро ботантана таҷлил намуданд
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Маросими қадршиносии беҳтаринҳо дар соҳаҳои кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе баргузор гардид
МОДАР — САРЧАШМАИ МЕҲРУ МУҲАББАТ. Дар ноҳияи Шоҳмансур ҳамоиши идонаи фарҳангӣ – фароғатӣ доир шуд
УФУҚҲОИ ДӮСТӢ. Муносибатҳои бародаршаҳрӣ байни Душанбе ва Боку тақвият меёбад