ТАКСИИ ДУШАНБЕ: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр намои зоҳирии ягонаи онро қабул намуд

Январь 7, 2019 09:40

ДУШАНБЕ, 07.01.2019 /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе 4 январи соли равон бо нашри хабар ғолиби озмуни лоиҳаи намои зоҳирии воситаҳои нақлиёти автомобилии сабукрави таксии пойтахтро эълон намуд.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ  хабар  доданд, ҳадаф аз баргузории озмуни мазкур  ба низом даровардани раванди фаъолияти воситаҳои нақлиёти автомобилии сабукрави таксӣ, роҳандозӣ намудани онҳо бо намои зоҳирии якранга дар ҳудуди пойтахт, ҳифз ва ҳимояи ҳуқуқи истифодабарандагони хизматрасонии нақлиётӣ мебошад.

Ба иттилои манбаъ, озмун 28 декабри соли 2018 бо Қарори Раиси шаҳр Рустами Эмомалӣ ҷамъбаст гардида, лоиҳаи пешниҳоднамудаи муаллими калони кафедраи нақшакашии муҳандисии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ Бадриддин Қурбонов қабул ва номбурда ғолиб эълон карда шуд.

«Ба Бадриддин Қурбонов, ки миёни шахсони воқеиву ҳуқуқӣ дар озмун ғолиб омад, ба маблағи 5 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ дода шуд», — илова намуд манбаъ.

Аз рӯйи расми ангоравии лоиҳаи қабулгардида, қисми болоии мошин зард аст, ду паҳлӯяш нуктаҳои сиёҳ ва навиштаҷоти Душанбе дошта, дар он ҷойи навиштани рақами тамоси хадамоти таксии ин ё он ширкат ва реклама мавҷуд аст. Ин нишонаҳо дар бештари мамлакатҳои мутараққӣ ҳамчун намои ягона қабул гардидаанд.

Тибқи қарори баимзорасида, ширкатҳои нақлиётие, ки хизматрасонии таксиро дар ҳудуди шаҳри Душанбе анҷом медиҳанд, вазифадоранд то 15 июни соли равон воситаҳои нақлиёти автомобилии сабукрави таксиро бо намои зоҳирии ягонаи қабулгардида мутобиқ гардонанд.

«Сохторҳои марбутаи соҳавӣ вазифадор гардиданд, ки ҷиҳати бо намои зоҳирии қабулгардида роҳандозӣ намудани фаъолияти воситаҳои нақлиёти автомобилии сабукрави таксӣ тадбирҳои мушаххас  андешанд», — хабар доданд аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе.

Январь 7, 2019 09:40

Хабарҳои дигари ин бахш

НАВРӮЗИ ДУШАНБЕ. Дар пойтахти Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани меҳмонон омодагӣ мегиранд
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ — фароғатии «Dushanbe Navruz Fest» баргузор мешавад
Дар 4 ноҳияи шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал ташкил карда мешавад
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба волейбол байни занону духтарон ҷамъбаст шуд
Дар Душанбе Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Озмуни ноҳиявии «Кадбонуи беҳтарин» баргузор гардид
«МОДАР — САРЧАШМАИ МЕҲРУ МУҲАББАТ». Дар Душанбе Рӯзи модарро ботантана таҷлил намуданд
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Маросими қадршиносии беҳтаринҳо дар соҳаҳои кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе баргузор гардид
МОДАР — САРЧАШМАИ МЕҲРУ МУҲАББАТ. Дар ноҳияи Шоҳмансур ҳамоиши идонаи фарҳангӣ – фароғатӣ доир шуд
УФУҚҲОИ ДӮСТӢ. Муносибатҳои бародаршаҳрӣ байни Душанбе ва Боку тақвият меёбад