Ташрифи сайёҳон ба Муъминобод ду баробар афзуд
МУЪМИНОБОД, 12.01.2019 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2018 ба ноҳияи Муъминобод ташрифи сайёҳони дохилию хориҷӣ ду баробар афзоиш ёфт, ки ин аз дуруст ба роҳ мондани кори мутасаддиён дар самти қабули сайёҳон ва муаррифии мавзеъҳои таърихӣ шаҳодат медиҳад. Дар ин сол дар ноҳия хатсайрҳои нав ташкил карда шуда, харита ва буклету шиносномаҳо чоп гардиданд, навиштааст хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Сулаймон ХОЛОВ.
Тавре масъули бахши сайёҳии ноҳия Сафаралӣ Фозилов иттилоъ дод, дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар ноҳияи мазкур ҳунармандон дар ҷамоатҳои деҳот, маркази ноҳия ва дурдасттарин деҳаҳо марказҳои касбомӯзӣ ташкил намуда, садҳо нафар ҷавононро ба омӯзиши чакандӯзию қуроқдӯзӣ, қолинбофӣ, дуредгарию оҳангарӣ ва дигар ҳунарҳо ҷалб карданд.
Ҷамъбасти Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар қасри фарҳанги ноҳия доир гардид ва ҳунармандон маҳсули ҳунари хешро ба намоиш гузоштанд. Ҳунармандон аз дастгириҳои Роҳбарияти олии ҷумҳурӣ изҳори миннатдорӣ намуда, изҳор доштанд, ки дар оянда дар рушди ҳунарҳои мардумӣ саҳмгузор хоҳанд шуд.
Дар ҳамоиш раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Муъминобод, муаррих Раҷабалӣ Табарзода, мудири бахши кор бо занон ва оила ва масъули бахши сайёҳии ноҳия сухан гуфта, соли 2018- ро барои сокинони ноҳияи Муъминобод соли бобарор унвон карданд.
Гуфта шуд, ки дар ин сол шумораи истеҳсолкунандагон афзоиш ёфта, дар ин замина сатхи зиндагии сокинон рӯ ба беҳбудӣ оварда истодааст. Ташкили хатсайрҳои нав, муаррифии мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ ва гӯшаҳои зебо ин ноҳияи кӯҳистони мамлакатро ба ҷаҳониён ошно намуд.
Дар ҳамоиш ба як гурӯҳ ҳунармандон ва фаъолони ноҳия, ки дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар тарғиби сиёсати давлату ҳукумат пешбурди ҳунарҳои мардумӣ ва тарбияи насли наврас саҳми арзанда гузоштаанд, ифтихорнома ва тухфаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва бахши кор бо занон ва оила супорида шуданд.
Ҳунармандони ноҳия тасмим гирифтаанд, ки тайи солҳои 2019-2021 дар рушди соҳаи сайёҳӣ ва ҳунармандӣ саҳми назаррас гузоранд.








САЙЁҲИИ ТАБОБАТӢ. Чашмаи «Авҷ»-и Бадахшон бо оби минералии шифобахш барои рушди ин соҳаи сайёҳӣ имкон дорад
ДАРАИ ШИРКЕНТ. Ҷозибаи нодири табиии ин минтақа изҳои панҷаи динозаврҳо ба шумор меравад
Байни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва муассисаҳои таҳсилоти олии Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ — фароғатии «Dushanbe Navruz Fest» баргузор мешавад
Зарфияти сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «MITT — 2026» муаррифӣ мегардад
Дурнамои ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо ширкати нидерландии EISIVIER баррасӣ гардид
Дар Душанбе Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
«ITB Berlin 2026». Дар доираи намоишгоҳ ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон беш аз 20 шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Резервати биосферии «Ромит» ба макони писандидаи сайёҳон табдил ёфтааст
ИМКОНОТИ САЙЁҲӢ ДАР ЗАМИНАИ АРЗИШҲОИ ҶАШНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАВРӮЗ. Назаре ба муаррифии маконҳои сайёҳӣ
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Рӯзи Модар бошукуҳ таҷлил карда шуд
Масато Канда бо имконоти таълимӣ ва инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуд






