14 ФЕВРАЛ – РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲАДЯИ КИТОБ. Танҳо китобхонию мутолиаи пайваста ҷомеаро аз вартаи ноогоҳӣ мераҳонад
ДУШАНБЕ, 14.02.2019 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола 14 февралро ҷомеаи ҷаҳонӣ чун Рӯзи байналмилалии ҳадяи китоб (International Book Giving Day) таҷлил мекунад. Ҳадаф аз таҷлили ин руз он аст, ки ба тамоми қишрҳои ҷомеа расонида шавад: танҳо китобхонӣ ва мутолиаи пайваста ҷомеаро аз вартаи ноогоҳӣ мераҳонад. Маҳз ба ҳамин хотир, тавре дирӯз хабар додем, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 феврали соли равон дар бораи гузаронидани озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ…” амри махсус ба имзо расониданд.
Яке аз воситаҳои ба китобу китобхонӣ ҷалб намудани одамон – ҳадяи китоб ба ҳамдигар аст.
Таҷлили Рӯзи байналмилалии ҳадяи китоб аз соли 2012 оғоз мешавад. Ба андешаи китобшиносон, Рӯзи ҳадяи китоб на танҳо бо моҳияти ҷаҳонияш ҷашни байналмилалӣ гаштааст, балки ба он хотир аст, ки пешниҳодшудаву ихтироъкардаи худи ҷомеа мебошад. Пешниҳодкунандаи он як зани одии амрикоӣ –Эмми Бродмур ба шумор меравад.
Ин рӯзро дар Тоҷикистон низ ба таври хосса ҷашн мегиранд.
Мавриди зикр аст, ки тақдими китоб ба китобхонаҳо таърихи қадимӣ дорад ва миллати соҳибфарҳанги мо дар тӯли ҳазорсолаҳо дар минтақаҳои гуногуни Мовароуннаҳру Хуросон китобхонаҳои азим бунёд менамуд. Аз он махзани бузург на танҳо аҳли адабу мансаб, балки фақирону дигар қишрҳои ҷомеа низ метавонистанд истифода баранд.
Бархе соҳибназарон мегӯянд, ки дар ин рӯз аввал бояд ба кӯдакон китоб ҳадя намуд. Ба андешаи дигарон, таҷлили Рӯзи ҳадяи китоб дар Тоҷикистон бояд дар сатҳи давлатӣ ба роҳ монда шуда, аз ҷониби ниҳоду муассисаҳои давлатию ғайридавлатӣ ба таври хосса ҷашн гирифта шавад. Хуб мешуд дар ин рӯз ба хона-интернатҳои кӯдакон китобу дигар ашёи зарурӣ тақдим гарданд. Ё дар ин рӯз волидайн бо ташаббуси хеш фарзандони худро бо рӯзгори беҳтарин китобхонҳо ва шакли дастраснамоии китобҳо шинос намоянд. Ҳамчунин дар ин рӯз ҳамкорону ҳамсабақон, дӯстону наздикон метавонанд ҳамчун ҳадя китоби хуберо ба якдигар тақдим намоянд.
Дар робита ба Рӯзи ҳадяи китоб назари чанд нафар коршиносони соҳаро пурсон шудем, ки фишурдаи онро манзури хонандагони сомонаи АМИТ «Ховар» менамоем.
Қурбоналӣ Бӯризода, директори «Хонаи китоби Тоҷикистон» мегӯяд: «Хуб мешуд дар Рӯзи байналмилалии ҳадяи китоб ҳар яки мо дар ин кори хайр шарик шавем ва ҳаддалимкон як китоби хубе ба китобхонаи деҳот, ноҳия, шаҳр ва ҷумҳурӣ тақдим намуда, саҳми хешро дар рушди маънавии ҷомеа гузорем. Аз ҷониби дигар, ҳадяи китоб садақаи ҷория аст ва он то замоне, ки дар гардишу мавриди истифода қарор дорад, ба шумо арҷу савоби беинтиҳо хоҳад расид. «Дар ин рӯз аз намояндагони илму адаб, фарҳангу маориф, коргару деҳқон ва тамоми қишрҳои ҷомеаи тоҷик хоҳиш менамоям, ки ба ин кори савобу наҷиб ҳамроҳ шуда, саҳми хешро дар маърифатнокии ҷомеа, хусусан наврасону ҷавонон гузоранд. Ба андешаи ман, хуб мешуд бештар ба китобхонаҳои деҳоти кишвар, ки дар онҳо беш аз 70% аҳолӣ умр ба сар мебаранд, китобҳо тақдим гарданд. Ҳамзамон ҳар як бошандаи деҳа метавонад китоби хубе ба китобхона ҳадя намояд. Дар деҳоте, ки китобхона вуҷуд надорад, сараввал метавонанд китобҳоро ба китобхонаи мактабӣ ё наздиктарин китобхонаи минтақа супоранд. Ба ин кори хайр инчунин ашхосеро, ки дур аз деҳа фаъолият доранд, ҳатман бояд ҷалб кард. Боварии комил дорем, ки ин иқдом натиҷаи хуб хоҳад дод»,-изҳор дошт директори «Хонаи китоби Тоҷикистон» Қурбоналӣ Бӯризода.
Ба андешаи мавсуф, ҳадяи мову шумо ҳамагӣ як китоб бошад ҳам, кори шоиста аст. Тасаввур кунед, ки дар сатҳи ҷумҳурӣ агар 20% аҳолӣ ба ин иқдоми пуршараф ҳамроҳ шаванд, беш аз миллион дона китоб ба китобхонаҳои мо ворид мегарданд ва мо бо ин амали солеҳи худ захираи зеҳнии китобатшудаи нодирро ташаккул медиҳем. Албатта, китобхонаҳои деҳот эҳтиёҷ ба китобҳои нав доранд ва хуб мешуд ҳадякунандагон китобҳои нав ва ба талаботи хонандагони деҳа ҷавобгӯро харида, ба деҳа ва мактабҳои хеш тақдим намоянд.
Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, имрӯз қисми зиёди китобхонаҳои амалкунандаи деҳот ба талаботи замон ҷавобгӯ нестанд. Ҳамзамон тибқи маълумоти оморӣ, дар кишвар 51 ноҳия, 18 шаҳр, 62 шаҳрак, 370 ҷамоат ва 4223 деҳа мавҷуданд. Вале миқдори китобхонаҳои оммавӣ дар ҷумҳурӣ 1422 ададро ташкил медиҳад. Ин далел шаҳодати он аст, ки дар аксари кулли деҳоти ҷумҳурӣ китобхонаҳо вуҷуд надоранд.
«Бо истифода аз он, ки имсол дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардиданд, он мардуми сарбаланду бунёдкори мо, хусусан аҳли деҳотро вазифадор месозад, ки саҳми хешро дар татбиқи ин соҳаҳо гузоранд. Аз ин рӯ, сокинони деҳотро зарур аст, ки барои таъмиру таҷҳизонидани китобхонаҳои мавҷуда ва бунёди китобхонаҳои нав саҳмгузор бошанд, то фарзандони онҳо аз дастовардҳои илму дониш, иттилооти муосир баҳравар ва дар рӯҳияи ватандӯстиву сулҳу субот тарбия ёбанд, ҳамчун бунёдкорони ҷомеаи навини тоҷик ба воя расанд ва саҳми хешро дар рушди ояндаи деҳаву ватани азизамон гузоранд”,- изҳор дошт директори «Хонаи китоби Тоҷикистон» Қурбоналӣ Бӯризода.
Гадобег Маҳмудов, муовини директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба ин андеша аст, ки Рӯзи байналмилалии ҳадяи китоб тақозои вақт аст ва ба ҳукми анъана даромадани он барои ҷомеаи имрӯзаи ҷаҳонӣ пайомади нек дорад. Дар қабул кардани падидаҳои фарҳангӣ ҷомеаи мо – тоҷикон низ истисно нест. Ин рӯз – яке аз идҳои ҷавон дар тақвим, ки ҳамагӣ ҳафт сол дорад, новобаста ба ҷавониаш аллакай дар аксари кишварҳои ҷаҳон маъмул гаштааст. Ин рӯз онҳоеро муттаҳид менамояд, ки китобдӯстанд ва бо роҳи ҳадяи китоб ба дигарон имконият барои хондану дониш андӯхтан низ тақдим мекунанд.
«Ман фикр мекунам ин рӯзро дар саросари мамлакат бо ширкати Иттифоқи нависандагон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, вазорату идораҳо, муассисаҳои таълимӣ ва табъу нашр бошукӯҳ ҷашн гирифта, аксияҳои ҳадяи китоб, озмунҳо ва чорабиниҳо баргузор намоем. Ва ба ин восита ҳарчӣ бештар кӯдакон, наврасон ва ҷавононро ба китобхонӣ ва оммавигардонии мутолиаи китоб омода намоем.
Боварӣ дорам, ки дар Тоҷикистони азизи мо Рӯзи байналмилалии ҳадяи китоб оммавӣ хоҳад гашт»,- изҳор дошт мавсуф.
Қурбон Ғуломзода, сардори раёсати рушди муассисаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ва ҳунарҳои мардумии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба таҷлили ин рӯз чунин изҳори назар кард: «Аввалан ба пешниҳодкунандаи ин ҷашни олӣ- китобдӯсти амрикоӣ Эмми Бродмур ва дигар ихлосмандони китоб, ки бо тавсия ва дастгирии эшон ҳамасола таҷлили ин Рӯзи муборак ба шакли анъана даромадааст, сипос мегӯям. Баъдан ҳамчун як мутахассиси соҳаи китобдорӣ пешниҳод менамоям, ки дар доираи имкониятҳои мавҷуда он ба иди ҳақиқии китоб табдил дода шавад».
Ҳамсуҳбати мо мегӯяд, ки хуб мешуд дар ин рӯз ба ёру дӯстон, беморон, кӯдакистону хонаи бачаҳо, хонаи пиронсолон китобҳо туҳфа карда шаванд. Волидайн дар Рӯзи ҳадяи китоб фарзандони хешро ба тамошои китобхона ва мағозаҳои китоб баранду намунае аз ин ганҷинаи нодири пур аз розу ниёз ва меҳру муҳаббатро ба онҳо туҳфа намоянд.
«Тавре ки Рӯзи Модар, Рӯзи Артиши миллӣ, Рӯзи ғалаба, Рӯзи ҷавонон ва дигар рӯзҳову ҷашнҳо бо шаҳомати хосса таҷлил мешаванду ҳатман дар ин рӯзҳо туҳфаеро интизор мешавем, Рӯзи ҳадяи китобро низ бояд барои боз як китоби ҷолибу хонданӣ, як дӯсти бовафою роҳкушо бесаброна интизор шавем.
Мутмаинам, ки Рӯзи ҳадяи китоб ба иди ҳақиқӣ табдил меёбад ва тавассути туҳфаҳои идона сатҳи маърифати мардум, хосса ҳисси маърифатнокӣ, зебоиписандӣ, ватандўстию хештаншиносӣ ва китобдӯстии кӯдакону наврасон аз пештара беҳтар мегардад»,- зикр дошт сардори раёсати рушди муассисаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ва ҳунарҳои мардумии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон Ғуломзода.
Ситора Абдумуминзода, устоди факултаи Китобдорӣ ва иттилоотшиносии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат ва Донишгоҳи технологии Тоҷикистон оммавигардонии Рӯзи байналмилалии ҳадяи китобро яке аз роҳҳои самараноки раҳоии ҷомеа аз тамоми мушкилиҳо мепиндорад. Ӯ мегӯяд, ки ин ҷашн метавонад дар оммавигардии мутолиаи китоб нақши азимеро касб кунад. Зеро имрӯз мутолиаи китоб дар ҷомеаи Тоҷикистон аз ҷониби гурӯҳҳои махсуси хонандагон ба амал омада, бархе шаҳрвандони мо дар як сол як саҳифа ҳам китоб мутолиа намекунанд. «Чунин андешаи хато миёни ҷомеа роиҷ гашта, ки гӯё мутолиа танҳо барои онҳое лозим аст, ки ҷое таҳсил мекунанд. Ба дигарон бошад он зарур нест. Агар воқеъбинона назар кунем, имрӯз бо вуҷуди як қатор тадбирҳои дар ин самт андешидашуда аз қувваи бузурги китоб ва мутолиа аҳолии Тоҷикистон қариб бенасиб мондааст. Тамоми мушкилиҳои ҷомеаи мо, аз қабили худкушӣ, озори лафзӣ аз ҷониби ҷавонон, дуздию ғоратгарӣ, ба ҳар гуна ҳаракатҳои тундгарою ифротӣ ҳамроҳ шудан, хурофотпарастӣ, мардумфиребӣ ва ғайра аз нахондани китобу рӯзномаҳои даврӣ манша мегирад. Бе шуғли доимӣ гардонидани мутолиа наметавон ҷомеаро аз вартаи ноогоҳӣ раҳоӣ бахшид»,- иброз медорад Ситора Абдумуминзода.
Ба андешаи мавсуф, таҷлили Рӯзи байналмилалии ҳадяи китоб дар баробари дигар ҷашнҳои миллии мо, ба монанди Меҳргон, Сада ва Наврӯз дар даҳсолаҳои оянда метавонад ҷомеаи Тоҷикистонро ба ҷаҳониён ҳамчун ҷомеаи сермутолиатарини сайёра муаррифӣ намояд. «Бисёр хуб мешуд ҷашни байналмилалии ҳадяи китобро дар тамоми ташкилоту идораҳо, новобаста аз сохторашон ҷашн мегирифтанд. Махсусан таҷлили он ҳамасола дар қисмҳои низомӣ ва маҳбасҳо кори хуб аст. Ман ин ҷашнро роҳи наҷоти ҷомеа аз ҷинояту ҷинояткорӣ ва ноогоҳӣ медонам»,- мегӯяд Ситора Абдумуминзода.
Абдураҳими АБДУҚАҲҲОР
АМИТ “Ховар”