21 феврал-Рӯзи байналмилалии забони модарӣ. Дар Тоҷикистон сиёсати дурусту оқилонаи забонӣ ба роҳ монда шудааст

Февраль 21, 2019 09:40

ДУШАНБЕ, 21.02.2019. /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола 21 феврал дар тамоми ҷаҳон Рӯзи байналмилалии забони модарӣ таҷлил карда мешавад. Ин рӯз дар иҷлосияи 30-юми конфронси генералии ЮНЕСКО, ки 17 ноябри соли 1999 баргузор гардида буд, бо мақсади ҳифзи забонҳо ва фарҳангҳои гуногуни ҷаҳон эълон гардида буд. Дар робита ба ҳифзи забони модарӣ ва нақши он дар ҳувияти шахс хабарнигори АМИТ «Ховар» бо муовини раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои филология Саодатшо Матробиён суҳбат намуд.

АМИТ «Ховар»: Имруз дар тамоми давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон Рӯзи забони модарӣ таҷлил карда мешавад. Мехостем бифаҳмем, забони модарӣ дар ҳувияти шахс чӣ гуна нақш дорад?

Саодатшо Матробиён: Забони модарӣ яке аз нишонаҳои аввалини мансубияти этникӣ ва миллии ҳар шахс  маҳсуб мешавад.  Яке аз вазифаҳои забон ин аст, ки шахсро бо ниёгонаш пайванд мекунад ва маҳсули маънавии ӯ асоси худшиносии миллӣ мегардад. Олими намоёни немис В. фон Ҳумболдт забонро қувваи маънавии муттаҳидкунандаи соҳибзабонон ва бунёди ақидаву эҳсосоти ҳар қавм меномид. Забоншинос  А.А. Потебня дар забон нуқтаи марказии маънавии этносро дарк намуда, онро ягона нишонаи фарқнунандаи халқ номидааст.

Директори Генералии ЮНЕСКО К. Матсуур дар яке аз баромадҳояш бахшида ба  Рӯзи байналмилали забони модарӣ зикр мекунад: «Барои он ба забони модарӣ таваҷҷуҳи хосса дода мешавад, ки забон инъикоскунандаи нотакрори эҷоди инсоният дар раванди таҳаввули  ӯ мебошад. Ҳамчун воситаи муошират,  дарк ва мулоҳиза забон низ ҳамон чизеро тафсир медиҳад, ки мо ҷаҳонро мебинем. Инчунин робитаи дирӯз, имрӯз ва фардоро барқарор менамояд… Забонҳои модарӣ барои он беҳамтоянд, ки чӣ нақшеро, ки онҳо дар шахс аз рӯзи мавлудаш мегузоранду диди махсуси чизҳоро ба ӯ ато мекунанд, он воқеан ҳеҷ гоҳ нест намешавад. Ин новобаста ба он аст, ки шахс минбаъд бо чанд забон гуфтугӯ мекунад. Омӯзиши забонҳои хориҷӣ  — ин як василае барои ворид шудан ва ошноӣ пайдо намудан бо диди ҷаҳони дигар, бо рафтору муносибат мебошад».

Хушбахт халқу миллатест, ки бо забони модарии худ андеша мекунад, мулоҳиза менамояд, таҳлилу баррасӣ мекунад ва  бо ҳам суҳбат менамоянд. Таърих забонҳои зиёдеро ёд дорад, ки замоне онҳо ҳамчун забони абарқудрат истифода мешудаанд. Вале бо гузашти айём бо сабабҳои дохиливу берунӣ аз арсаи таърих нопадид гаштаанд. Албатта, забонҳо беихтиёр ба таҳаввулоти дохилӣ дучор мегарданд, ки аз ин раванд забон роҳи халосӣ надорад, аммо он хеле оҳиста ба вуқӯъ меояд, ки соҳибзабонон аз он дарак намеёбанд. Бо роҳи берунӣ таҳти таъсири ҳодисаҳои таърихӣ дигар шудани забон фоҷиаи сахт ва ҳузнангез аст.

АМИТ «Ховар»: Мувофиқи ҳисоботи омории ЮНЕСКО имрӯзҳо дар ду ҳафта як забон аз байн рафта истодааст. Дар замони ҷаҳонишавӣ, ки суръати аз байн рафтани забонҳо бисёр бошиддат аст, бигӯед, ки зинда мондани забон аз кӣ вобаста аст? 

Саодатшо Матробиён: Дар замоне, ки мо умр ба сар мебарем, яъне замони ҷаҳонишавӣ, омилҳои гуногуне сабаби дигаргун шудану аз байн рафтани забонҳо гашта истодаанд. Агар мо, соҳибзабонон бепарвоӣ кунем, агар вожаҳои худиро «қурбон»-и иқтибосот кунем,  агар «дари дил»-и забонро ба забони ғайр кушоем,  пас забони тоҷикиро чӣ тақдире интизор аст. Зинда мондани забон ба шумораи умумии гӯяндагон вобаста нест, балки ба миқдори кӯдаконе, ки бо ин забон сухан мегӯянд, сахт алоқаманд аст.

Бамаврид аст, ки аз Паёми Пешвои миллат ёдовар шавем. Сарвари давлат ба посдорони забон – модарон муроҷиат намуда, таъкид намуданд: «Бонувону модарони мо бояд, муҳимтар аз ҳама, барои поку беолоиш нигоҳ доштани забони тоҷикӣ, ки мо онро маъмулан забони модарӣ меномем, кӯшиш карда, ба наслҳои оянда одоби муошират ва суханвариро бо ин забони ширину шоирона омӯзонанд». Барҳақ, таълимдиҳандаи аввалини забон модаронанд ва беҳуда онро забони модарӣ нагуфтаанд. Аз ин рӯ, одоби сухан ва фарҳанги гуфторро кӯдакон аз модарон меомӯзанд.

АМИТ «Ховар»: Асолати забони меъёрро чӣ нигоҳ медорад ва дар инкишофу рушди забон китобҳои таълимӣ ва ВАО чӣ гуна нақш доранд?     

Саодатшо Матробиён: Ғолибияти лаҳҷа бар забони меъёр ҳанӯз аз даврони кӯдакӣ оғоз мегардад. Ҳарчанд лаҳҷаҳо хазинаи забони меъёрианд, аммо наметавонанд ба ҳайси як забони меъёр хизмат кунанд. Асолати забони меъёрро танҳо меъёрҳои муайян, ки дар тӯли таърих сайқал ёфтаанд, нигоҳ медоранд. Қисмати осебпазири забон таркиби лексикии он маҳсуб меёбад. Ҳар чӣ қадар вожаҳои бегона ба забон ворид шаванд (иқтибос шаванд), ҳамон қадар пояи лексикии забон коста мегардад ва билохир ба фаношавии он рафта мерасонад. Аз иқтибос шудани вожаи бегона набояд хурсанд шуд, ки дар таркиби луғавии забон як вожае зиёд шуд, муродифе ба вожаи худӣ ба вуҷуд омад ё барои ифодаи мафҳуме калимаи наве ба забон ворид шуд. Ҳар забон қудрати офаридани вожаеро дорад, агар аз роҳҳои калимасозӣ ё истилоҳсозӣ кор гирифта шавад, он ба суди забон хоҳад шуд. Масалан, 50 сол пеш калимаҳои студент, университет, остановка ва монанди инҳо хеле зиёд корбаст мешуданд, вале имрӯз ҷойи онҳоро калимаҳои зебои тоҷикии донишҷӯ, донишгоҳ, истгоҳ гирифтаанд.

Ҳам дар инкишофу рушди забон ва ҳам дар махлут намудану фаношавии он нақши китобҳои таълимӣ ва ВАО (махсусан, рӯзномаю маҷаллаҳо) хеле бузург аст. Аз замоне, ки кӯдакон ба мактаб қадам мегузоранд, аз доираи лаҳҷа берун мебароянд ва забони меъёриро меомӯзанду бо он суҳбат мекунанд.   Китобҳои таълимӣ, аз алифбо оғоз намуда, мисоли тору пудеанд, ки дар бофтани қолаби забонии кӯдакон хизмати бендоза доранд. Агар «нах»-ҳои онҳоро «ришта»-ҳои бегона ташкил диҳанд, табиист, ки забон чун матои беқурбу беарзиш қимати худро дар бозор аз даст медиҳад. Аз  ин рӯ, забони китобҳои таълимӣ чӣ қадаре ки тоҷикӣ бошад, ҳамон қадар пояи забони модарӣ мустаҳкамтар мегардад. Зеро барандагони асосии забон кӯдаконанд. Агар забони кӯдакон махлут ва олудаи вожаҳои бегона бошад ва аз ҳама таассуфовар, агар қолаби  сохтории забон (хусусан, дастурии забон)-и онҳо шикаста шавад, бешак омилҳои азбайнравии забон ба миён меоянд.

АМИТ «Ховар»: Яъне рӯзномаю маҷаллаҳо метавонанд забони ҷомеаро тағйир диҳанд…

Саодатшо Матробиён: Бале, ин ҳолат, дар қисме аз рӯзномаҳои даврӣ дида мешавад. Агар забони воситаҳои ахбори оммаро мавриди таҳлил қарор диҳем, пур аз калимаҳои нави арабианд. Таваҷҷуҳ менамоем ба чанд вожаю таркибҳои нав, ки дар ВАО ба таври васеъ истифода шуда истодааст: муваззаф, муташаккил, марбут(а), саҳм, саҳом, воҳид, тақвият, матлуб, ибтикор, муҷаҳҳаз, зуҳурот, анқариб, алайҳи, алъон, асъор, фавқ, таҳрим, таҳким, интиқол, инҳисор, тақаллуб, мутаноқиз, аам, тавозун, табодул,  тавофут,  мубодила, таваққуф, инфиҷор ва ғ. таркибҳои феълии  мунҷар  гардидан (расидан ба чизе, анҷом ёфтан), мунҳариф гаштан (аз роҳи рост берун омадан), мунҳасир гардидан (иҳота шудан), муташанниҷ шудан (тезутунд гаштан, душвор шудан), ба эьтидол омадан (ором шудан), ба нудрат (кам, аҳён), истиқрор (пойдорӣ), ибтикор (ташаббус), алорағм (бар хилофи), умур (дастгоҳи корӣ) ва ғ. Вожаҳои русиву аврупоӣ низ дар қисме аз рӯзномаҳо фаровон истифода бурда мешаванд.

Бояд тазаккур дод, ки сухан на дар бораи истилоҳот меравад, балки доир ба вожаҳои маъмул, ки мо онро ҳамарӯза истифода мебарем. Истилоҳот, албатта, ба забон ҳамчун иқтибос ворид мешаванд, вале он дар қолаби истилоҳсозӣ ё вожасозии тоҷикӣ  сурат мегирад. Ба ҳар ҳол он низ бояд ҳадду ҳудуд дошта бошад, ки ин масъалаи дигар аст  ва ба забони ВАО иртибот надорад. Вазифаи ВАО бояд ҳифзи асолату тозагии забон бошад, на барои бозоргир шудани рӯзномаву маҷаллаҳо муқаддасоти миллии худ, ки аз гузаштагон ба мерос мондааст – забони модариро хору залил созад ва як омили фано шудани забон гардад.  Имрӯзҳо дар рӯзномаҳо дар матни тоҷикӣ қолаби грамматикии забони бегона бештар ба назар мерасад. Масалан, дар ҷамъбандии исмҳо бештар аз исмҳои ҷамъи арабӣ истифода мебаранд (мо дар назар дорем калимаҳои наве, ки тавассути рӯзномаҳою маҷаллаҳо ба забони тоҷикӣ ворид шудаанд. Он калимаҳое, ки собиқаи зиёда аз ҳазорсола доранд, беҳисобанд).

Забоншинос Фердинанд де Соссюр одилона зикр намудааст, ки барои гӯяндагони забон танҳо як пешомад мавҷуд аст – ин истифодаи имрӯзаи забон, онҳо аз таърихи он чизе намедонанд ва дар бораи ояндаи он чизе фикр намекунанд. Танҳо  давлат бо аҳли зиё, олимон, шоирону адибон, забоншиносону адабиётшиносон пуштибони забонанд.

Мояи хушбахтист, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати дурусту оқилонаи забонӣ ба роҳ монда шудааст ва ҳар як шахси бедордилро вазифадор мекунад, ки пайи тозагии забон камари ҳиммат бандад.     Пешоҳанг ва ташаббускори ҳама гуна иқдомоти наҷиб дар робита бо забони давлатӣ ва забони миллии мамлакат Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, дар ин роҳи басо душвор дар даврони Истиқлолият хидмату заҳматҳои бепоён кардаанд ва имрӯз низ барои амалӣ намудани ҳадафҳои наҷиб дар роҳи ҳифз ва рушду такомули забони миллӣ пайваста талош меварзанд.

Ногуфта намонад, ки дигар забонҳои Тоҷикистон низ дар ҳимояти давлат қарор доранд, хусусан забонҳое, ки дар Китоби Сурхи ЮНЕСКО сабт шудаанд. Барои рушду инкишофи онҳо шароити мусоид мавҷуд аст. Вале, бештар аз ҳама, нигаҳдошту ҳифзи онҳо бар дӯши худи соҳибзабонон аст, ки дар зинда нигаҳ доштани забонашон минбаъд низ талош варзида, дар рушди он саҳмгузор бошанд.

Мавҷуда АНВАРӢ,
АМИТ «Ховар»

Февраль 21, 2019 09:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2027 дар Тоҷикистон Форуми VI байналмилалии ҷавонони эҷодкор доир мегардад
Кулолгар Фозил Носиров: «Армуғонҳо бояд Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намоянд»
Монографияи «Таърихи ҳуқуқи байналмилалӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ» нашр шуд
ШАБИ ЯЛДО. Имрӯз дар Тоҷикистон зимистони астрономӣ фаро мерасад
Дар Душанбе маҳфили адабии нависанда, драматург, тарҷумон ва публисист Мансур Суруш доир гардид
Дар «Тоҷикфилм» лоиҳаҳои синамоӣ рӯнамоӣ мегарданд
Баргузории рӯзҳои фарҳанг байни Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ шуд
Қасри фарҳанги ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ба номи Давлатманд Хол гузошта шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Айнӣ Маркази фарҳангию фароғатӣ сохта мешавад
ҲАР ОН КАС КИ ШОҲНОМАХОНӢ КУНАД. Андешаҳои профессор Нуралӣ Нурзод вобаста ба баргузории озмуни «Шоҳномахонӣ»
Дуғдоғи беозору зебо «Парандаи сол-2025» дар Тоҷикистон интихоб шуд
Дар Самарқанд спектаклҳои «Хунхори Торросӣ» ва «Агар ҷанг намебуд» намоиш дода мешаванд