ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Муовини аввали Раиси вилояти Суғд Хол Ҳайдар дар шаҳри Бӯстон ҷиҳати андешидани тадбирҳо дар роҳи татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ машварати корӣ доир намуд
Мо барои истиқболи шоистаи ҷашни муқаддасу мубораки миллӣ 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистони маҳбубамон корҳои зиёди ободониву созандагиро ба нақша гирифтаем.
Эмомалӣ Раҳмон,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ХУҶАНД, 06.02.2019./АМИТ «Ховар»/. 6 феврал дар шаҳри Бӯстон муовини якуми Раиси вилояти Суғд Хол Ҳайдар бо мақсади таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар партави омодагиҳои сазовор ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва татбиқи ҳадафи чоруми стратегии кишвар — саноатикунонии босуръати мамлакат бо соҳибкорону роҳбарони корхонаҳои саноатӣ машварати корӣ доир намуд. Дар ин бора хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.
Дар оғози машварат Раиси шаҳри Бӯстон Раъно Ҳошимзода оид ба ҷамъбасти соҳаи саноати шаҳр ва рафти иҷрои нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон баҳри истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози назар намуд. Гуфта шуд, ки тибқи нақшаи чорабиниҳо дар шаҳри Бӯстон ба ин муносибат бунёд ва таъмиру таҷдиди зиёда аз 155 иншооти таъинони гуногун ба нақша гирифта шуда, корҳо дар ин самт бомаром ҷараён доранд.
Бо иштироки бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2018 дар шаҳри Бӯстон ба истифода супоридани марҳилаи дуюми корхонаи ордбарории ҶДММ «Анҳор», гулгашти Парчами давлатӣ, бинои маъмурии нозироти андоз, боғи фарҳангу фароғатии Садриддин Айнӣ аз тадбирҳои шоён дар ин самт маҳсуб меёбанд.
Сипас, муовини якуми Раиси вилояти Суғд Хол Ҳайдар оид ба аҳамияти татбиқи ҳадафи чоруми стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон –саноатикунонии босуръат, ки 26 декабри соли 2018 Пешвои миллат зимни ироаи Паёмашон ба Маҷлиси Олии мамлакат эълон намуданд, инчунин дар бораи имтиёзҳое, ки аз ҷониби Сарвари давлат барои соҳибкорон ҷиҳати рушди истеҳсолоти ватанӣ муқаррар карда шудаанд, сухан гуфта, соҳибкорону роҳбарони корхонаҳои саноатии шаҳри Бӯстонро баҳри афзун гардонидани ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолӣ, саҳмгузорӣ дар раванди ободониву созандагии шаҳр даъват намуд.
Соҳибкорону шахсони саховатпеша ва роҳбарони корхонаҳои саноатии шаҳр иброз доштанд, ки бо илҳом аз муқаррар намудани имтиёзҳо аз ҷониби Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар раванди рушди соҳа баҳри вусъати фаъолият тадбирҳои судманд хоҳанд андешид.
Вобаста ба имтиёзҳои номбаршуда онҳо ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипос намуданд.








Дар шаҳри Москва ҷаласаи 109-уми Шурои иқтисодии ИДМ баргузор гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Тотористон бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии парки технологии «ИСКРА-ВОЛГА» шинос шуд
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Байни «Шабакаҳои интиқоли барқ»-и Тоҷикистон ва «Маркази илмӣ-техникии системаи ягонаи энергетикӣ»-и Русия Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Рустам Минниханов: «Барои рушди ҳамкории бисёрҷониба байни Тоҷикистон ва Тотористон имконоти фаровон мавҷуданд»
Дар Қазон ҷаласаи 68-уми Шурои электроэнергетикии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуданд
«GEOSCIENCE & EXPLORATION CENTRAL ASIA». Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии геологӣ иштирок намуд
Сармоягузорони Чин бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии МОИ «Данғара» шинос шуданд
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии электроэнергетикии Қазон – «ЭНЕРГОПРОМ» иштирок намуд
«Shohin Airlines» ҳавопаймои нави L410 NG харидорӣ менамояд






