Академик Саломатшо Мирзоев: «Дар мустаҳкам намудани иқтидори мудофиавии мамлакат тарбияи мутахассисони баландихтисоси ҳарбӣ мақоми хосса дорад»

Февраль 23, 2019 10:35

ДУШАНБЕ, 23.02.2019 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола дар рӯзи Артиши миллӣ дар бораи ғайрату матонат, далериву шуҷоат ва ҳисси баланди миллии афсарону сарбозони бонангу номуси Ватан сухан мегӯему мусоҳибаҳо анҷом медиҳем. Имсол тасмим гирифтем бо устоди Донишкадаи олии сарҳадии КДАМ ҶТ, ҷавонтарин академики Академияи илмҳои умумиҷаҳонии амнияти комплексӣ дар Осиёи Марказӣ ва ИДМ, Аълочии милитсияи ВКД ҶТ, Аълочии маорифи ҶТ, дорандаи Ордени олии байналмилалии «Ситораи тиллоӣ» Саломатшо Мирзоев, ки ба тарбияи кадрҳои баландихтисоси афсарӣ машғул аст, суҳбат намоем.

Ҷавонтарин академик Саломатшо Мирзоев тамоми низомиёни мамлакатро бо 26-умин солгарди Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон табрик намуда, зикр кард, ки дар мустаҳкам намудани иқтидори мудофиавии мамлакат тарбияи мутахассисони баландихтисоси ҳарбӣ мақоми хосса ишғол менамояд. Ҳамасола афсарони зиёде дар муассисаҳои гуногуни ҳарбии дохили кишвар ба таҳсил фаро гирифта шуда, барои бозомӯзӣ ва баланд бардоштани малакаи касбӣ ба хориҷи мамлакат фиристода мешаванд, ки ҳамаи онҳо дар ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон содиқона хизмат менамоянд. Дар солҳои истиқлолият дар Тоҷикистон донишкадаи ҳарбӣ ва литсейи ҳарбӣ, Академияи Вазорати корҳои дохилӣ, мактаби олии Вазорати амният, Донишкадаи олии сарҳадии КДАМ таъсис дода шуданд, ки ба тарбияи кадрҳои баландихтисоси афсарӣ машғуланд.

Имрӯзҳо Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон чун кафили амнияту осоиш, ҳомии сулҳу субот дар кишвар ташаккул ёфта, аз ҳисоби дастпарварони мактабҳои олии мамлакат ва муассисаҳои таълими ҳарбии давлатҳои хориҷӣ сафҳои худро мустаҳкам карда истодаанд. Вале равандҳои хатарноки ҷаҳони муосир моро водор месозанд, ки ба мақсади баланд бардоштани  сатҳи омодабошии ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат, аз ҷумла Қӯшунҳои сарҳадӣ ва дигар сохторҳои ҳарбиву мақомоти ҳифзи ҳуқуқ тадбирҳои ҷиддии иловагӣ андешем. Аз ҷумла, ба тарбия ва обутоби ҷисмониву маънавии ҳайати шахсӣ, махсусан ба таълиму тарбияи мутахассисон ва кадрҳои баландихтисос эътибори аввалиндараҷа диҳем, то онҳо зираку ҳушёр ва дорои дониши сиёсӣ бошанд. Зеро таҳдиду хатарҳои муосир, аз ҷумла терроризм ва экстремизм сарҳад надоранд. Имрӯз таҳдидҳои хатарноки зикршуда ба проблемаи ҷиддии ҷомеаи башарӣ табдил ёфтаанд, ки Тоҷикистони мо низ аз он истисно нест.

Олими тоҷик, ки дар айни замон доктарант, сардори кафедраи ҳуқуқи Донишкадаи олии сарҳадии КДАМ-ро ба уҳда дорад, мегӯяд барои сарҳадбони имрӯза дар баробари дигар донишҳо донистани дониши ҳуқуқӣ ва забонҳои хориҷӣ низ хеле зарур аст. Сарҳад дарвозаи давлат аст. Бе малака ва маърифати ҳуқуқӣ онро тасаввур кардан имконнопазир аст. Имрӯз дар назди ҳайати шахсии Қӯшунҳои сарҳадӣ барои мубориза бар зидди ҷиноятҳои дорои хусусияти экстремистиву террористӣ, қочоқ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, силоҳ ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ вазифаҳои басо душвору масъулиятнок гузошта шудаанд.

Аз ин рӯ, сарҳадбонон, ки дар сафи пеши ҳифзи марзҳои давлатӣ ва таъмини суботу оромии сокинони кишвар қарор доранд, бояд ҳамеша ҳушёру зирак ва барои ҳимояи зиндагии осоиштаи халқамон доимо омода бошанд ва нагузоранд, ки унсурҳои ҷинояткор фазои орому осудаи кишварро халалдор созанд.

Номбурда дар робита ба экстремизму терроризм тадқиқот бурда, мақолаҳои зиёди илмӣ ва 2 китоби таълимиро ба нашр расонидааст. Аз рӯи натиҷаҳои тадқиқот, ин олими ҷавони тоҷик  ба хулосае омадааст, ки ҷавонон бояд бештар ба илмомӯзӣ фаро гирифта шаванд. Зеро ҷавонони камдонишро ба  дилхоҳ ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ ҷалб кардан осон аст. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ин гурӯҳҳо ҳамарӯза кӯшиш мекунанд, ки роҳҳои нави ҷалби ҷавононро эҷод намоянд. Ин корҳо бештар тавассути сомонаҳои интернетӣ, вебсайтҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ, ки «бозори гарм»-и ҷавонон аст, ба роҳ монда мешаванд. Дар ин роҳ танҳо ҷавононони зираку дорои дониши мукаммал метавонанд истодагарӣ намоянд. Баҳри пешгирии ин хатарҳо ба андешаи номбурда, насли наврас ва ҷавон бояд бештар ба илму китобхонӣ ҷалб шаванд, то аз телефону интернет камтар истифода баранд.

Мавриди зикр аст, ки Саломатшо Мирзоев бо кӯшишу ғайрат, меҳнат ва садоқат соли 2018 дар 37-солагӣ ба унвони олии илмӣ-академик мушарраф гардид. Аввалин маротиба дар таърихи Тоҷикистон аз ҷониби мақоми олии Президиуми Академияи илмҳои умумиҷаҳонии амнияти дастаҷамъона, ки аксарияти давлатҳои ҷаҳон аъзои он мебошанд, ин олими ҷавони тоҷик ба сифати академики Академияи умумиҷаҳонии номбаршуда эътироф карда шуд. Дар давраи кунунии тараққиёти соҳаҳои иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ин дастоварди бузургу беназир дар соҳаи илму маориф ба шумор рафта, ифтихори миллати тоҷик аст.

Номбурда муаллифи зиёда аз 200 асарҳои илмие, ки ба соҳаи методологияи тадқиқоти давлатдорӣ, давлатдории миллӣ ва фазои баъди шӯравӣ, хусусиятҳои этносотсиалии масъалаҳои ҷинояткорӣ, ташкил ва тактикаи мубориза бар зидди ҷиноятҳои миллӣ ва фаромиллӣ, аз ҷумла дар соҳаи муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор, таърихи криминология, мурофиаи гражданӣ, криминалистика, ҳуқуқи оила, терроризм ва экстремизм, моликияти зеҳнӣ, ҳуқуқи конститутсионӣ, конститутсияҳои мамлакатҳои хориҷӣ тааллуқ доранд, инчунин муаллифи 50 китоби таълимӣ мебошад.

Тавре аз суҳбат маълум гардид, олими ҷавони тоҷик аз овони мактабхониаш ба илм шавқу рағбати зиёд дошта, мактаби миёнаро бо медали тилло хатм намудааст. Ӯ бо забонҳои русӣ, англисӣ, гурҷӣ, туркӣ, ӯзбекӣ, туркманӣ ва лотинӣ озодона суҳбат мекунад. Номбурда барои фаъолияти пурсамар бо медали ҷашнии 25-солагии Қӯшунҳои дохилаи ВКД ҶТ, медали ҷашнии 85-солагии аввалин роҳбари Академияи идоракунии ВКД Федератсияи Россия ва нишони сарисинагӣ сарфароз гардонида шудааст.

Мавҷуда АНВАРӢ,
АМИТ «Ховар»

Февраль 23, 2019 10:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба сокинони аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияи Сангвор 17 манзили истиқоматӣ супорида шуд
COP29 бо қадамҳои муҳим дар самти мубориза бо тағйирёбии иқлим ва лоиҳаи нави маблағгузорӣ ба анҷом расид
Мактаб–интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятим ва Хона-интернати пиронсолон ва маъюбони ноҳияи Ёвон бо гармӣ таъмин мебошанд
«БЕҲТАРИН ҲАМСАР». Дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ доир мешавад
Чӣ тавр ёварони овозӣ дар ҳолатҳои гуногуни зиндагӣ кумак мекунанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Бо сокинони Ҷамоати деҳоти Пули Сангини шаҳри Норак доир ба шарҳи қонунҳои миллӣ вохӯрӣ баргузор шуд
«ВАРЗИШГАРОН – ПАРЧАМБАРДОРОНИ МИЛЛАТ». Таҳти ин унвон ҳамоиши варзишӣ ва барномаи фарҳангӣ баргузор шуд
Дар ноҳияи Шаҳринав тозакунии каналу заҳбур ва заҳкашҳо оғоз шуд
Бунгоҳи тиббӣ ва бинои маъмурии Маркази миллии таълимӣ барои омодасозии наҷотдиҳандагони Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ ба истифода дода шуд
ТОҶИКОН АЗ ОҒОЗИ ТАЪРИХ МИЛЛАТИ ПАРЧАМДОР БУДАНД. Андешаҳои корманди Маркази тадқиқоти стратегӣ
«Ту қалби Тоҷикистонӣ, Душанбе!». Дар ноҳияи Шоҳмансур ғолибони даври ноҳиявии озмун ҳавасманд гардонида шуданд