Ҳавопаймоҳои «Сомон Эйр» минбаъд аз фурудгоҳи нави Истанбул истифода менамоянд

Февраль 5, 2019 09:50

ДУШАНБЕ, 05.02.2019/АМИТ «Ховар»/.  Ҳавопаймоҳои  «Сомон Эйр» минбаъд аз фурудгоҳи нави Истанбул истифода  менамоянд. Ин тасмим бо сабаби пурра гузаштани тамоми хатсайрҳо ба фурудгоҳи «Ataturk» гирифта шудааст. Дар ин росто, шурӯъ аз 3 март ҳавопаймоҳои  «Сомон Эйр»  парвозҳоро ба фурудгоҳи нави шаҳри Истанбул анҷом медиҳанд.

Тавре аз хадамоти матбуоти ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд,  фурудгоҳи нав аз бузургтарин фурудгоҳҳои ҷаҳон эътироф шудааст. Он тақрибан 40 км дуртар аз маркази Истанбул, дар наздикии баҳри Сиёҳ доман густурдааст.

Мусаллам аст, ки ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» феълан парвозҳоро дар самти Душанбе-Истанбул ҳафтае се маротиба – рӯзҳои сешанбе, ҷумъа ва якшанбе иҷро мекунад. Вақти парвоз аз Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе соати 18:00 буда, аз фурудгоҳи Истанбул соати 22:40 ба вақти маҳаллӣ мебошад. Хатсайрҳо дар ҳавопаймоҳои Боинг 737-800 ва -900 иҷро мегарданд.

Айни ҳол ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” парвозҳоро аз Тоҷикистон ба Германия, Амороти Муттаҳидаи Араб, Туркия, Чин, Россия, Қазоқистон ва Ӯзбекистон муваффақона иҷро мекунад. Парки ширкати ҳавопаймоӣ аз ҳавопаймоҳои Боинг 737-300, -800 ва -900 иборат мебошад.

Февраль 5, 2019 09:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе масъалаи ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар мамлакат баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ иқдоми нав амалӣ мегардад
Тоҷикистону Чин дар бахши тандурустӣ Ёддошти ҳамкории сеҷониба ба имзо расониданд
«БАҲОРИ ҶАВОНӢ — НАВРӮЗИ ҶАҲОНӢ». Дар вилояти Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон оғоз гардид
МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК. Судяҳои ноҳияи Фирдавсӣ бо волидону хонандагон вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе оид ба нақши занон дар эҳёи суннатҳои наврӯзӣ форуми байналмилалӣ баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд