Чаро соли 2018 дар шаҳри Турсунзода дурнамои кишти пахта, ғалладонагиҳо ва истеҳсоли пилла иҷро нашуд?
ТУРСУНЗОДА, 14.02.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода вохӯрии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо масъулини соҳаи кишоварзӣ, раисони ҷамоатҳои деҳот, хоҷагиҳои коллективию деҳқонӣ баргузор гардид.
Дар ҷамъомад вобаста ба дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни ирсоли Паёми навбатӣ ва баргузории маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баён гардиданд, сухан гуфта шуд. Дар ин бора аз маркази матбуоти шаҳри Турсунзода ба хабарнигори АМИТ«Ховар» иттилоъ доданд.
Зикр гардид, ки Президенти мамлакат аз паст рафтани нишондиҳандаҳои содироти маҳсулоти кишоварзӣ, талафи ҳосили картошка дар аксар хоҷагиҳои картошкапарварӣ, коҳиш ёфтани ҳаҷми истеҳсоли пахта изҳори нигаронӣ намуда, ба масъулини соҳа барои бартараф намудани камбудиҳо супоришҳои мушаххас доданд.
Таҷрибаи кишоварзон ва ҳосилнокии заминҳои корами шаҳри Турсунзода барои гирифтани ҳосили бештар мусоидат менамояд, вале соли 2018 шаҳри Турсунзода дурнамои кишти пахта, ғалладонагиҳо ва истеҳсоли пилларо иҷро накард. Аз ин лиҳоз, кишоварзонро мебояд, ки бо дарназардошти талаботи воқеии аҳолии шаҳр ва бозори истеъмолии мамлакат, истифодаи самараноки обу замин, баланд бардоштани маданияти истифодаи замин ва иҷрои дурнамои соҳа барои соли 2019 тадбирҳои амалӣ андешанд. Ҳамзамон васеъ намудани майдони кишти пахта, ки яке аз маҳсулоти стратегӣ ва содиротии мамлакат ба ҳисоб меравад, аз масъалаҳои муҳими вохӯрӣ буд.
Муовини Сарвазири мамлакат ҳисоботи раисони ҷамоатҳои деҳоти Қаратоғ, Сешанбе ва Работро шунида, мавриди таҳлил қарор дод. Гуфта шуд, ки иҷрои дурнамои соҳаи кишоварзӣ дар маҳалҳо аз фаъолияти ҷамоатҳои деҳот вобастагии калон дошта, масъулинро мебояд ҷиҳати иҷрои нақшаи кишти маҳсулоти кишоварзӣ корро ҷоннок намоянд.








Ҳайати Тоҷикистон дар Тотористон бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии парки технологии «ИСКРА-ВОЛГА» шинос шуд
Байни «Шабакаҳои интиқоли барқ»-и Тоҷикистон ва «Маркази илмӣ-техникии системаи ягонаи энергетикӣ»-и Русия Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Рустам Минниханов: «Барои рушди ҳамкории бисёрҷониба байни Тоҷикистон ва Тотористон имконоти фаровон мавҷуданд»
Дар Қазон ҷаласаи 68-уми Шурои электроэнергетикии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
«GEOSCIENCE & EXPLORATION CENTRAL ASIA». Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии геологӣ иштирок намуд
Сармоягузорони Чин бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии МОИ «Данғара» шинос шуданд
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии электроэнергетикии Қазон – «ЭНЕРГОПРОМ» иштирок намуд
«Shohin Airlines» ҳавопаймои нави L410 NG харидорӣ менамояд
Вазири энергетикаи Тоҷикистон бо истеҳсоли таҷҳизоти турбинаҳои газии гурӯҳи ширкатҳои «АМКОР»-и Тотористон шинос шуд
Доир ба мушкилоти тағйирёбии иқлим, сабабҳо, пайомад ва усулҳои мутобиқшавӣ ба он китоб ба нашр расид
Дурнамои рушди ҳамкории гумрукӣ байни Тоҷикистон ва Корея баррасӣ гардид
Хуршед Каримзода дар ҳамоиши байналмилалии «Такмили экосистемаи ҷаҳонии савдо» дар Корея иштирок намуд






