Дар Душанбе бо иштироки рӯзноманигорон амалиёти «Пиёдароҳ» оғоз гардид

Февраль 20, 2019 09:23

ДУШАНБЕ, 20.02.2019. /АМИТ «Ховар»/. Шурӯъ аз 19 феврал дар шаҳри Душанбе бо мақсади бехатарии шаҳрвандон-пиёдагардон, риояи қоидаҳои роҳ, баланд бардоштани интизоми иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ ва коҳиш додани сатҳи садаманокӣ бори аввал амалиёти профилактикӣ-маърифатӣ ва пешгирикунандаи  «Пиёдароҳ»-ро бо иштироки намояндагони воситаҳои ахбори омма оғоз гардид. Дар шоҳидии хабарнигорони АМИТ «Ховар» танҳо дар кӯчаи Бобоҷон Ғафуров дар муддати се соат зиёда аз 10 санади маъмурӣ тартиб дод шуд.

Пеш аз оғози амалиёти мазкур вохӯрии сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилии шаҳри Душанбе, генерал-майори милитсия Шариф Назарзода бо намояндагони ВАО доир гардид.

Номбурда зикр кард, ки баҳри дар амал татбиқ кардани Қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ «Дар бораи таъсис додани гурӯҳҳои таблиғотӣ оид ба тарғиботи  одоби шаҳрнишинӣ, густариши корҳои ободонӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии сокинони шаҳри Душанбе» Раёсати ВКД тасмим гирифт, ки аз ҳисоби кормандони БДА гурӯҳи корӣ таъсис дода дар якҷоягӣ бо намояндагони ВАО санҷишҳо гузаронида шаванд.

Бо ин мақсад 10 гурӯҳи корӣ таъсис дода шуд, ки онҳоро хабарнигорони ВАО ҳамроҳӣ намуданд.

Хабарнигорони АМИТ «Ховар» шомили гурӯҳи чорум гардида, нозири калони Ротаи хадамоти роҳбонию дидбонии ШБДА, лейтенант Беҳзод Носиров ва лейтенанти калон Файзиддин Одинаевро ҳамроҳӣ намуданд. Ҳангоми амалиёт дар роҳҳои пиёдагарди пойтахт ҳолатҳои ғайриқонунӣ нигоҳ доштани воситаҳои нақлиёт, ки ба гашту гузори пиёдагардон монеа эҷод мекарданд, мушоҳида шуд. Дар ин роҳҳо ҳаракати воситаҳои нақлиёт низ ба назар мерасид. Ҳангоме ки кормандони БДА аз онҳо ҳуҷҷати ронандагӣ мепурсиданд, онҳо маърифати шаҳрнишиниро риоя накарда, дағалӣ менамуданд. Аксари ронандагони нақлиёти дар пиёдароҳҳо гузошташуда набудани таваққуфгоҳҳоро баҳона мекарданд. Барои дар пиёдароҳҳо гузоштани мошин ронандагон ба миқдори 55 сомонӣ ҷарима мешаванд.

Амалиёти профилактикӣ-маърифатӣ ва пешгирикунандаи «Пиёдароҳ» аз 19 то 28 феврал идома меёбад.

Мавриди зикр аст, ки бо дастури Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе моҳи январи соли равон як қатор чорабиниҳо оид ба танзими қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои пойтахти мамлакат доир карда шуд. Аз ҷумла, аз 5 то 17 феврали соли равон дар ҳудуди шаҳри Душанбе амалиёти мақсадноки «Микроавтобус» гузаронида шуд.

Тавре генерал-майори милитсия Шариф Назарзода иброз намуд, дар ҷараёни он бо кумаки аҳолӣ беш аз 200 ҳолати қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ аз ҷониби ронандагони нақлиёти ҷамъиятии шаҳр ошкор шуданд.

Дар ин муддат 1647 нафар ронандагони воситаҳои нақлиёти мусофиркашонӣ ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуданд. Аз ҷумла, 745 нафар ронандагон барои худсарона баромадан аз хати сайр ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб шуда, 311 нафар барои аз меъёри муқаррарӣ зиёд савор намудани мусофирон ҷарима шуданд.

Инчунин моҳи январи соли равон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5 садама кам, ҳалокшудагон 3 нафар ва маҷрӯҳшудагон 3 нафар кам ба қайд гирифта шуданд.

Ба иттилои Шариф Назаров, дар ҷамъбасти соли 2017 дар шаҳри Душанбе рухдиҳии садама нисбат ба соли 2018 27 адад кам, ҳалокшудагон се ҳолат, маҷрӯҳшудагон 37 ҳолат кам ба қайд гирифта шуд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки сол то сол вазъи рухдиҳии  садама дар пойтахти кишвар коҳиш меёбад.

Мавҷуда АНВАРӢ,
Мақсудҷон МУҲИДДИНҶОНОВ,
АМИТ «Ховар»

Февраль 20, 2019 09:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Агентии обуҳавошиносӣ: «Аз 8 то 11 феврал дар Тоҷикистон бориши барфу борон дар назар аст»
«МОДАР! ТУ БИҲИШТИ ҶОВИДОНӢ!». Таҳти ин унвон дар Суғд бахшида ба Рӯзи Модар чорабиниҳои гуногун баргузор мешаванд
Дар Душанбе оид ба татбиқи Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон саммити чорум доир шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз ҷониби Хадамоти иҷро зиёда аз 44 ҳазор мавод ва арзу муроҷиати шахсони воқеию ҳуқуқӣ баррасӣ гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2024 109 хонаи аз офатҳои табиӣ зарардида барқарор гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2024 барои нафақагирон маблағгузорӣ 48 фоиз зиёд гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон бо 26 маркази тадқиқотӣ созишномаи ҳамкорӣ дорад
«ЗАНОН-ДАР МЕҲВАРИ ПАЁМ». Дар вилояти Хатлон беш аз 19 ҳазор занон роҳбари хоҷагиҳои деҳқонӣ мебошанд
ҶОИЗАСУПОРИИ СОҲАИ КОР БО ҶАВОНОН ДАР СОЛИ 2024. Беш аз 150 нафар ҷавонон ҳавасманд гардонида шуданд
Ба Маркази саломатии шаҳрии №15-и шаҳри Душанбе таҷҳизоти рентгенӣ тақдим гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2024 аз рӯйи 50 касбу ҳунар 12 ҳазор нафар соҳиби касб гардид
Дар Душанбе маросими ҷоизасупории соҳаи кор бо ҷавонон дар соли 2024 оғоз гардид