Дар Хатлон барои ҷалби табибон ба корҳои илмӣ мукофотпулӣ таъсис доданд
БОХТАР, 27.02.2019. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади рушди илми тиб, ҷалб намудани табибони вилоят ба корҳои илмӣ ва ҳавасманд гардонидани онҳо ҳамасола ба табибоне, ки панҷ соли охир дар муассисаҳои тиббии вилоят фаъолият намуда, рисолаҳои илмии номзад ва доктори илмҳои тибро соҳиб мегарданд, мукофотпулиҳо дода мешаванд. Дар ин бора раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода қарори махсус ба имзо расонид.
Тавре аз шуъбаи иттилоотӣ-таҳлилии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ҳаҷми мукофотпулӣ барои дифои рисолаи номзадӣ 5 ҳазор сомонӣ ва барои дифои рисолаи докторӣ 10 ҳазор сомонӣ муқаррар карда шудааст.
Ҳамзамон тибқи қарори раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, ҳамасола то 1 декабр озмунҳои вилоятии «Беҳтарин муассисаи тиббии сол», «Беҳтарин табиби сол», «Беҳтарин корманди миёнаи тиббии сол» ва «Беҳтарин дастоварди соҳаи тиб дар вилоят» гузаронида мешаванд.
Маблағи мукофотпулии озмунҳои вилоятии «Беҳтарин муассисаи тиббии сол», «Беҳтарин табиби сол», «Беҳтарин корманди миёнаи тиббии сол» ва «Беҳтарин дастоварди соҳаи тиб дар вилоят» ба ҳар як озмун 5 ҳазор сомонӣ, дар маҷмӯъ 20 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шудааст.








Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе масъалаи ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар мамлакат баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ иқдоми нав амалӣ мегардад
Тоҷикистону Чин дар бахши тандурустӣ Ёддошти ҳамкории сеҷониба ба имзо расониданд
«БАҲОРИ ҶАВОНӢ — НАВРӮЗИ ҶАҲОНӢ». Дар вилояти Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон оғоз гардид
МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК. Судяҳои ноҳияи Фирдавсӣ бо волидону хонандагон вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе оид ба нақши занон дар эҳёи суннатҳои наврӯзӣ форуми байналмилалӣ баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд






