Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Рӯзи ҷаҳонии ҳадяи китоб пуршукӯҳ таҷлил гардид

Февраль 15, 2019 10:00

ДУШАНБЕ, 15.02.2019/АМИТ «Ховар»/. Соли сеюм аст, ки Китобхонаи миллии Тоҷикистон Рӯзи ҷаҳонии ҳадяи китобро таҷлил мекунад. Солҳои пеш дар ин рӯз асосан хонандагони хурдсоли китобхона соҳиби туҳфа мегардиданд. Аммо имсол дар Рӯзи ҷаҳонии ҳадяи китоб на танҳо кӯдакон, балки хонандагони фаъоли шуъбаи хизматрасонӣ ба маъюбони китобхона низ бо туҳфаҳо қадрдонӣ шуданд. 

Бояд гуфт, ки сол аз сол теъдоди китобҳои туҳфашаванда меафзояд. Ин навбат дар Рӯзи ҷаҳонии ҳадяи китоб барои хонандагони толори хониши кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ беш аз 60 китоби нав тақдим шуд. Инҳо китобҳое буданд, ки муаллифон-адибони барои кӯдакон эҷодкунандаи мамлакат онҳоро ба тозагӣ  ба Китобхона тақдим кардаанд.

Ҳамзамон дар ин рӯз  бахши тоҷикистонии Ассотсиатсияи “Каритас”-и  Германия ба шуъбаи хизматрасонӣ ба маъюбони Китобхонаи миллӣ 60 китоб (13 номгӯй) тақдим намуд. Ёвари маъмурии Ассотсиатсия Парвиз Каримзода дар ҳузури роҳбарияти Китобхонаи миллӣ ва хонандагони толори хониши маъюбон китобҳоро ба онҳо  туҳфа намуд. Панҷоҳ адад китобҳо бо хати брайлӣ барои нобиноён буда, боқӣ даҳ дона китоби “Реабилитация детей – инвалидов» бо хати кириллӣ мебошад.

Акнун хонандагони толор аз ҷумлаи афроди нобино имкон доранд китобҳои нави «Математика» барои синфҳои 1, 2, 3, 4, қисмҳои якум ва дуюм, «Букварь», «Забони модарӣ» барои синфҳои 1-4, «Русская речь» барои синфҳои 1 – 4, қисмҳои аз 1 то 3 ва ғайраро мутолиа намоянд.

Дарвоқеъ, суҳбати имсола бо хонандагон нишон дод, ки назар ба як соли қабл Рӯзи ҷаҳонии ҳадяи китобро биcёриҳо медонанд ва дар бораи он маълумот доранд. Ин нишони он аст, ки сафи онҳое, ки ба мутолиаи китоб рӯ меоранд, рӯ ба афзоиш аст.

Мавриди ёдоварист, ки мардуми фарҳангпарвари тоҷик дар ҳама давру замон китобро азиз доштаву минбаъд низ онро гиромӣ медорад. Зеро мо хуб медонем, ки ҳамнишине беҳ аз китоб надорем.

Февраль 15, 2019 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд
Дар Китобхонаи миллӣ Рӯзи дарҳои боз доир шуд
Дар Душанбе намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр баргузор мегардад
ТАЪРИХИ ВАТАН МЕОМӮЗЕМ! Саёҳати наврасону ҷавонон ба осорхонаҳо ва мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон ташкил карда мешавад
Намояндагони Тоҷикистон дар Бозиҳои Делфии давлатҳои аъзои СҲШ соҳиби 7 медал гардиданд
Рӯзҳои фарҳанги Ҷопон дар Тоҷикистон бо намоиши ҷашну анъана ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор шуд
Робитаҳои дӯстонаи давлатию миллӣ ва илмию фарҳангии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбанд
ТОҚИДӮЗӢ — ҲУНАРИ ҚАДИМӢ. Равнақи он анъанаҳои миллиро ҳифз менамояд