Дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Полша баргузор мегарданд

Февраль 20, 2019 10:50

ДУШАНБЕ, 20.02.2019. /АМИТ «Ховар»/.  Масъалаи ҳамкории фарҳангии ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Полша 19 феврал зимни мулоқоти Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Полша дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Пётр Ивашкевич муҳокима гардид.

Тавре аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, зимни мулоқот Шамсиддин Орумбекзода дар бораи таҳкими робитаҳои фарҳангии ду давлат изҳори андеша кард.

Зикр гардид, ки ҳамкории байнифарҳангии ду мамлакат дар сатҳи хуб ба роҳ монда шуда, дар Тоҷикистон баргузор намудани фестивали филмҳои Полша ба ҳукми анъана даромадааст.

«Пётр Ивашкевич пешниҳод намуд, ки соли ҷорӣ бо мақсади шиносоии беҳтари мардуми тоҷик бо фарҳанги Полша Рӯзҳои фарҳанги ин давлат  дар Тоҷикистон гузаронида шуда, дар ин замина ташкили консертҳо, намоиши филмҳо ва расмҳо ба роҳ монда шавад», — илова намуд манбаъ.

Ба иттилои манбаъ, ҷонибҳо оид рушди муносибатҳои ду кишвар дар сатҳи театр ва дигар муассисаҳои санъату фарҳанг, инчунин омодасозии кадрҳо мубодилаи афкор намуданд.

Февраль 20, 2019 10:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд
Дар Китобхонаи миллӣ Рӯзи дарҳои боз доир шуд
Дар Душанбе намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр баргузор мегардад
ТАЪРИХИ ВАТАН МЕОМӮЗЕМ! Саёҳати наврасону ҷавонон ба осорхонаҳо ва мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон ташкил карда мешавад
Намояндагони Тоҷикистон дар Бозиҳои Делфии давлатҳои аъзои СҲШ соҳиби 7 медал гардиданд
Рӯзҳои фарҳанги Ҷопон дар Тоҷикистон бо намоиши ҷашну анъана ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор шуд
Робитаҳои дӯстонаи давлатию миллӣ ва илмию фарҳангии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбанд
ТОҚИДӮЗӢ — ҲУНАРИ ҚАДИМӢ. Равнақи он анъанаҳои миллиро ҳифз менамояд