ДАРАХТ БИНШОН! Дар шаҳру ноҳияҳои Суғд корҳои ободониву ниҳолшинонӣ вусъат меёбанд

Февраль 2, 2019 09:12

ХУҶАНД, 02.02.2019. /АМИТ «Ховар»/.  Тибқи нақшаи баргузории фестивал, намоиш, ид ва озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021 якшанбеи якуми моҳи феврал дар шаҳри Душанбе намоиши ниҳолҳо таҳти унвони «Самараи умри деҳқон» баргузор мегардад.

Дар робита ба ин ва ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд 1300 рӯзи меҳнати зарбдор эълон гардидааст. Имрӯзҳо дар ин замина корҳои ободонӣ, маъракаи ниҳолшинонӣ ва  сарсабзу хуррам гардонидани кӯчаву маҳалҳо дар шаҳру ноҳияҳои вилоят бомаром идома доранд.

Мавриди зикр аст, ки дар ин кори хайр ва ободониву бунёдкорӣ фаъолону сокинони касбу кори гуногуни шаҳру ноҳияҳо бо шукргузорӣ аз пойдории сулҳу ваҳдат ва фазои осудаи кишвар дастаҷамъона заҳмат мекашанд.

Бино ба иттилои хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар», бо такя ба иттилои масъулини Сарраёсати кишоварзии вилоят дар Ҷамоати деҳоти Деҳмой ва Ҷамоати шаҳраки Меҳрободи ноҳияи Ҷаббор Расулов бо иштироки бевоситаи раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҳашари умумии ниҳолшинонӣ доир гардид. Дар ин рӯз дар ҷамоатҳои зикршуда аз тарафи сокинон ва ҷомеаҳои меҳнатӣ қариб 500 бех ниҳолҳои ороишӣ шинонида шуданд.

Ҳамчунин дар заминҳои доманакӯҳи деҳаи Ниёзбеки Ҷамоати деҳоти ба номи Эргаш Шарипов ва деҳаи Кӯчкаки Ҷамоати деҳоти ба номи Раҷаб Ҳамробоеви ноҳияи Конибодом низ бо иштироки Раиси вилоят ва фаъолону куҳансолони ин ҷамоатҳо маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор гардид.

Ҳамазамон ин амали хайру ободкорӣ дар кӯчаи Саиднофеъ Саидвалиеви маҳаллаи Чашмаи Арзанаи шаҳри Хуҷанд бо ҷалби ҳашарчиён ва роҳбарияти вилоят ҷараён гирифта, дар ин рӯз қад-қади кӯчаи мазкур беш аз 100 адад ниҳолҳои навъи ардач шинонида шуданд.

Дар маркази ноҳияи Мастчоҳ низ бо иштироки масъулони ноҳия ва кормандони КДФ “Хоҷагии манзилию каммуналӣ”-и ноҳия дарахтони ороишӣ, чун “Санавбари сибирӣ”, “Дроки испанӣ”, “Бручина” ва “Можавелник” бо иштироки васеи аҳли шаҳрак шинонида шуданд.

Бояд зикр кард, ки ҳоло бо наздик омадани фасли баҳор баргузории  чунин маъракаҳо дар дигар минтақаҳои вилоят низ идома дорад.

Февраль 2, 2019 09:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар хатсайрҳои сайёҳии Панҷакент беш аз 200 бех ниҳол шинонида шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд