Дастаи «Истиқлол» бозиҳои санҷишии худро дар Туркия ба анҷом расонд

Февраль 8, 2019 13:30

ДУШАНБЕ, 08.02.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз чемпиони Тоҷикистон  «Истиқлол»-и Душанбе  охирин бозии санҷишии худро дар шаҳри Анталияи Туркия ба анҷом расонида, аз дастаи  «Суғдиён»-и Ӯзбекистон бо натиҷаи  0:1 мағлуб шуд. Тавре сомонаи расмии клуб хабар медиҳад, ин вохӯрӣ зери борони шадид ҷараён гирифт.

«Истиқлол» -и Душанбе  дар доираи омодагӣ ба бозии интихобии Лигаи чемпионҳои Осиё бо дастаи АГМК-и Алмалик, ки 12 феврал дар Ӯзбекистон баргузор мегардад, 4 бозии таҷрибавию санҷишӣ  доир намуда, бо дастаҳои    «Тобол»-и Қазоқистон (1:2),   «Челик»-и Босния ва Герсоговина (2:0),    «Кёге»-и Дания (1:1),   «Том»-и Россия (2:1) ва  «Суғдиён»-и Ӯзбекистон (0:1) қувва санҷид. Дар вохӯрии охирин Ҳаким Фузайлов он бозингаронеро ба майдон овард, ки дар бозии пешина бо дастаи   «Том» ширкат надоштанд.

Акнун чемпиони Тоҷикистон —  «Истиқлол» баъди машқҳои имрӯза  давраи омодагиро дар Туркия ба анҷом расонида, пагоҳ ба Ӯзбекистон сафар мекунад.

Бозии байни дастаҳои АГМК ва «Истиқлол» 12 феврал баргузор мегардад.

Бозии таҷрибавӣ

«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Суғдиён» (Ӯзбекистон) – 0:1

Гол: Ойбек Нурматов, 19

«Истиқлол» (Душанбе): Рустам Ятимов, Ҷалил Кимсанов, Бахтиёр Қаландаров, Шаҳром Сулаймонов, Фирӯз Қараев, Амирбек Ҷӯрабоев, Нозим Бобоҷонов, Комрон Турсунов, Муҳаммадҷон Раҳимов, Шаҳром Самиев, Шериддин Бобоев.

Февраль 8, 2019 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали паралимпичиёни тоҷик бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ дар шаҳри Сочии Русия
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад