Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Туркия ба ғалабаи дуюм ноил гардид

Февраль 19, 2019 08:40

ДУШАНБЕ, 19.02.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон оид ба футбол (U-17), ки давраи   ҷамъомади   таълимӣ-машқии худро дар шаҳри Анталияи  Туркия ба анҷом мерасонад, дар вохӯрии навбатии худ бар дастаи ҷавонони «NTG Конгсвингер»-и Норвегия бо натиҷаи 1:0 ғолиб омад. Ягона тӯбро Озодбек Панҷиев дар дақиқаи 57-ум ба нишон расонд.

Аз ин пештар дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон таҳти роҳбарии Зайниддин Раҳимов бо «Ференсварош» –и Венгрия (2:1) ва «Академикс  Болдклуб Гладсакс»-и Дания (1:1) бозиҳои таҷрибавӣ анҷом дода буданд.

Имрӯз дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон охирин машқҳои барқароршавӣ ва давраи омодагии навбатии худро дар Туркия ба анҷом расонида, ба ватан бармегардад.

Ҷамъомади таълимӣ-машқӣ яке  аз марҳилаҳои  омодагӣ ба Чемпионати ҷаҳон-2019 ба ҳисоб меравад, ки аз  5 то 27  октябр дар Перу баргузор мегардад. 14 май баъди қуръакашии бозиҳо дастаҳои мунтахабе, ки бо  наврасони Тоҷикистон дар як гурӯҳ ҷойгир мешаванд, муайян хоҳанд шуд. Алҳол ҳафт даста ба бозиҳои финалӣ роҳхат гирифтаанд: Перу (мизбон), Япония, Тоҷикистон, Австралия, Кореяи Ҷанубӣ аз Осиё, Зеландияи Нав ва Ҷазираҳои Сулаймон аз Уқёнус.

Февраль 19, 2019 08:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали паралимпичиёни тоҷик бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ дар шаҳри Сочии Русия
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад