Дастаи мунтахаби ноҳияи Роштқалъа ғолиби мусобиқаи «Ватанпарвар» гардида, ба мусобиқаи ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифт
ХОРУҒ, 1.02.2019 /АМИТ «Ховар»/. Бо ибтикори Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагии Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ дар ҳамкорӣ бо Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ таҳти унвони «Ватанпарвар» байни хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таълимии Вилояти Мухтори Кӯҳистон Бадахшон мусобиқаи ҳарбию варзишӣ баргузор гардид. Мусобиқа дар ҳудуди қисми низомии 0111, мансуб ба қӯшунҳои зудамали Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардида, дар он хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Шуғнон, Роштқалъа ва Рӯшон ширкат варзиданд.
Ҳадафи аслии Маркази ҷумҳуриявии таҳсилоти иловагӣ аз баргузории мусобиқаи «Ватанпарвар»- ин баланд бардоштани мавзӯъ ва муҳтавои дарси омодагии дифои ҳарбӣ ва ба ин восита ҳаматарафа омода намудани наврасон ба хизмати Ватан-Модар мебошад. Ҳамчунин мусобиқа ба наврасон имконият медиҳад, ки онҳо бо ҳам аз наздик шинос гашта, минбаъд дӯстию рафоқат миёни онҳо бештар таҳким ёбад.
Ба гуфтаи сардори Маркази таҳсилоти иловагии вилоят Ниёзмамад Мамадаёзов, «мусобиқа дар байни хонандагон аз рӯи шартҳои саф оростан дар ду радиф, иҷрои амру фармонҳои низомӣ, тоб хӯрдан дар ҷои худ ва ҳангоми ҳаракат, гузашти низомӣ ва намудҳои гуногуни варзишӣ доир гардид. Аз тарзи либоспӯшӣ, шеваи қадамзанӣ, иҷрои амру фармонҳои роҳбар аён гардид, ки хонандагон ба ин мусобиқа бо омодагии комил ҳозир шудаанд».
Бояд зикр кард, ки мусобиқа дар се марҳила сурат гирифт. Марҳилаи аввал дар сатҳи ҷамоатҳои деҳот, марҳилаи дуюм дар сатҳи ноҳияҳо ва марҳилаи сеюм дар сатҳи вилоят баргузор гардид. Дар он дастаи мунтахаби ноҳияи Роштқалъа мақоми аввалро ишғол карда, бо ифтихорнома ва 500 сомонӣ мукофоти пулӣ сарфароз гардид. Дастаи мунтахаби шаҳри Хоруғ дар ҷои дуюм қарор гирифта, соҳиби 400 сомонӣ гардид. Ба дастаи ноҳияи Рӯшон, ки мақоми сеюмро ишғол кард, 300 сомонӣ тақдим карда шуд.
Дастаи мунтахаби ноҳияи Роштқалъа аз тарафи ҳакамон ғолиби мутлақи ин мусобиқа дониста шуд. Аъзои даста акнун ба мусобиқаи ҷумҳуриявӣ, ки даҳаи дуюми моҳи феврал дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, омодагӣ мебинанд.








Дар Душанбе оид ба ҳуқуқҳои байналмилалии футбол ва идоракунии бошгоҳҳо машғулият баргузор гардид
Дастаи «Ҳулбук»-и Восеъ ғолиби Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон-2026 шуд
ҶОМИ ФФТ-2026. Имрӯз бозии финалии дастаҳои «Барқчӣ»-и Ҳисор ва «Ҳулбук»-и Восеъ доир мегардад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар мусобиқаи «Ҷоми рушд-2026» иштирок мекунад
Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми зиёда аз 2 миллион сомонӣ ба варзишгарони муваффақ тақдим гардид
АРТИШИ МИЛЛӢ — КАФИЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Дар Душанбе маросими ҷоизасупорӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш баргузор мегардад
Дар мусобиқаи байналмилалии «Tashkent Grand Slam 2026» оид ба гӯштини ҷудо 17 варзишгари тоҷик иштирок менамояд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Хиросима иштирок мекунад
ҶОМИ ФФТ-2026. Ҷуфтҳои даври нимниҳоии мусобиқа муайян шуданд
Федератсияи футболи Тоҷикистон Суҳроб Сатторовро барои фаъолияти арзанда дар Ҷоми Осиё-2026 қадрдонӣ намуд
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Тоҷикистон Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор мегардад






