Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон бо олимпичиёни Амороти Муттаҳидаи Араб бозии дӯстона анҷом медиҳад
ДУШАНБЕ, 20.02.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон дар доираи омодагӣ ба бозиҳои интихобии Чемпионати Осиё-2020 дар Амороти Муттаҳидаи Араб ду бозии дӯстонаи худро бо дастаи мунтахаби олимпии ин кишвар барпо менамояд.
Олимпичиёни тоҷик таҳти роҳбарии Усмон Тошев давраи навбатии ҷамъомади таълимӣ-машқии худро дар АМА мегузаронанд. Дар ҷараёни машқҳо рӯзҳои 8 ва 11 март дар шаҳри Дубай бозии таҷрибавии худро бо дастаи мунтахаби олимпии АМА анҷом медиҳанд. Ин яке аз охирин давраҳои омодабош ба Бозиҳои интихобии Чемпионати Осиё маҳсуб хоҳад шуд.
Ёдовар мешавем, ки бозиҳои интихобии Чемпионати Осиё дар шаҳри Тошканди ҷумҳурии Ӯзбекситон аз 22 то 26 март баргузор мегарданд ва дар гурӯҳи «F» дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Ҳиндустон ва Покистон ширкат меварзанд.
Тибқи низомномаи мусобиқа, 11 дастаи ғолиби гурӯҳҳо ва 4 дастаи беҳтарини ҷои дуюм ба бозиҳои финалии Чемпионати Осиё, ки аз 8 то 26 январи соли 2020 дар Таиланд мегузаранд, роҳхат мегиранд.
Дар сурати соҳиби ҷои аввал шудан ё ба қатори 4 дастаи беҳтарини зинаи дуввум ҷойгир шудани мизбони бозиҳо-дастаи мунтахаби Таиланд дастаи панҷуми беҳтарини ҷои дуюм ҳуқуқ пайдо мекунад, ки дар бозиҳои ниҳоӣ ширкат варзад.
Пас аз ҷамъбасти Чемпионати Осиё се дастаи беҳтарини қитъа ҳаққи ширкатро дар Бозиҳои олимпии соли 2020, ки дар Япония мегузаранд, пайдо менамоянд.
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд






