Дастовардҳои кишоварзони Ҳисор дар ҳузури муовини Сарвазир натиҷагирӣ гардид

Февраль 18, 2019 13:35

ДУШАНБЕ, 18.02.2019/АМИТ «Ховар»/. Дастовардҳои  кишоварзони шаҳри Ҳисор  ва омодагӣ ба кишту кори баҳорӣ дар ҷаласае, ки дар шаҳри Ҳисор бо иштироки муовини Сарвазири мамлакат Мамадтоир Зокирзода ва раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумазода бо иштироки кормандони бахши аграрии шаҳр доир шуд,   натиҷагирӣ гардид. Муовини раиси шаҳри  Ҳисор  Ҷаббор Носирзода    доир ба натиҷаи фаъолияти деҳқонон  гузориш дода, гуфт, ки кишоварзони шаҳри Ҳисор ҷиҳати иҷрои нақшаҳои меҳнатӣ, баланд бардошти сифат ва ҳосилнокии маҳсулот, истифодаи самараноки замин, таъмини нақшаи кишт, бунёди боғу токзор ва махсусан такмили соҳаи пахтапарварӣ корҳои назаррас анҷом додаанд. Онҳо минбаъд низ ният доранд дар татбиқи сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон садоқатмандона саҳм гузоранд.

Соли гузашта ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба маблағи 756 миллион сомонӣ, ё ба андозаи  беш аз 107 фоиз таъмин гардида, дар майдони 2714 гектар кишти пахта гузаронида шуд. Ин нишондиҳанда дар қиёс ба соли 2017 1701 гектар зиёд аст. Соли сипаришуда ҳосилнокии пахта аз ҳар гектар 18 сентнерро ташкил дод. Ҳамзамон ба миқдори  беш аз 20 ҳазор тонна мева ва  зиёда аз 30 ҳазор тонна ангур истеҳсол гардид. Содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба 7794 тонна расонида шуд. Дар ин давра дар майдони 329 гектар боғ ва 99 гектар токзори нав бунёд гардид.

Ҳамзамон дар  ҷаласа раисони ҷамоати деҳоти Ҳисор, Мирзо Турсунзода ва Мирзо Ризо аз вазъи фаъолият ва нақшаҳои кории дастгоҳи ҷамоат ҷиҳати рушди соҳаи кишоварзӣ гузориш доданд.

Муовини Сарвазири  мамлакат Мамадтоир Зокирзода ба масъулин барои рушди соҳаи кишоварзӣ, омодагии  кишоварзон ба мавсими баҳор ва иҷрои уҳдадориҳои соҳавӣ маслиҳат ва дастуру супоришҳои муфид дод.

Раиси шаҳри Ҳисор  Шарифҷон Ҷумазода зикр намуд, ки  бо фарорасии фасли баҳор кишоварзони Ҳисор вазифадоранд камбудиҳои ҷойдоштаро сари вақт бартараф намоянд. Онҳо бояд  тухмиҳои хушсифат, заҳбуру каналҳо ва техникаи кишоварзиро барои мавсими кишт омода намуда, ҳар ваҷаб заминро мақсаднок истифода баранд.

Гуфта шуд, ки Раёсати кишоварзии шаҳр, раисони хоҷагиҳои ҷамъиятиву деҳқонӣ ва ҷамоатҳои деҳот уҳдадоранд барои рушди соҳаи кишоварзӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ аз ҳоло заминаи боэътимод ва барои аъзои хоҷагӣ шароити мусоид фароҳам оваранд.

Кишоварзони шаҳри Ҳисор бояд ҳамчунин барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни таърихии 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳмгузор бошанд.

Февраль 18, 2019 13:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар нуҳ моҳ иҷрои нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ беш аз 124 фоиз таъмин гардид
«Стратегияи миллии гуногунии биологии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2030» баррасӣ гардид
«DIGITAL TAJIKISTAN 2026». Моҳи ноябр дар Душанбе форуми байналмилалӣ доир мешавад
Оид ба татбиқи Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид бар зидди коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ доир шуд
Дар Бохтар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест – 2026» баргузор мешавад
Ҷамшед Нурмаҳмадзода: «Омори боэътимод заминаи муҳими банақшагирӣ, пешрафт ва қабули қарорҳои дуруст ба манфиати ҷомеа аст»
Байни Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ дар соҳаи стандартизатсия ба имзо расид
Тоҷикистон ва Арманистон ҳамкориро дар самти ҳифз ва барқарорсозии экосистемаҳо ва мониторинги гуногунии биологӣ тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳум оид ба мусоидат ба ҳамкорӣ дар соҳаи инфрасохтор ва сохтмони муҳандисӣ ба имзо расид
Байни мақомоти зиддикоррупсионии Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳум оид ба пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия ба имзо расид
Дар Агентии авиатсияи гражданӣ дар мавзуи «Амнияти иттилоотӣ дар шароити таҳдидҳои киберии муосир» ҳамоиш доир шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 4 ҳазор коргоҳу корхонаи истеҳсолӣ фаъолият менамояд