Имрӯз мусобиқаи футболбозон барои Ҷоми «Журналистони ҷавон – 2019» оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 23.02.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз расми бошукӯҳи ифтитоҳи мусобиқа барои Ҷоми «Журналистони ҷавон – 2019» миёни кормандони воситаҳои ахбори омма оид ба футболи хурд, ки бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ шудааст, баргузор гардид.
Муовини якуми раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди ҳукумтаи ҷумҳурӣ Ризо Назарзода иштирокчиёни мусобиқаро бо Рӯзи Артиши миллӣ, ки ба кушодашавии мусобиқа рост омад, муборакбод гуфта, барои дастаҳо комёбӣ орзу намуд.
Аввалин шуда дастаҳои «Омӯзгори ҷавон» ва «Ба қуллаҳои дониш» вориди майдони рақобат шуданд.
Ба ҳамин тартиб, тибқи нақша дар мусобиқаи мазкур 13 даста дар 4 гурӯҳ барои дарёфти ҷом аз 23 феврал то 11 марти соли равон бо ҳам рақобат менамоянд.
Гурӯҳи «А»
- Телевизиони «Сафина»
- Телевизиони Тоҷикистон
- Рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон»
Гурӯҳи «В»
- Телевизиони «Синамо»
- Радиои «Ватан»
- Радиои «Имрӯз»
Гурӯҳи «С»
- Телевизиони «Ҷаҳоннамо»
- Телевизиони «Футбол»
- Телевизиони «Варзиш»
- Радиои Тоҷикистон
Гурӯҳи «D»
- АМИТ «Ховар»
- «Омӯзгори ҷавон»
- «Ба қуллаҳои дониш».
Ёдовар мешавем, ки мусобиқаи мазкур бо мақсади дар сатҳи баланд гузаронидани Рӯзи матбуоти тоҷик, ки ҳамасола 11 март таҷлил карда мешавад, дар амал татбиқ мегардад.









Бозиҳои Осиё дар иншооти пӯшида ва ҳунарҳои размӣ дар Арабистони Саудӣ баргузор мегарданд
БОЗИҲОИ 4-УМИ ОЛИМПИИ НАВРАСОН. Пойтахти Сенегал – шаҳри Дакар бозиҳоро мизбонӣ мекунад
ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОНИИ ҶУДО-2026. Боку мизбони мусобиқаи муҳими давраи нави олимпӣ мешавад
CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад






