Кумитаи рушди сайёҳӣ: Инфрасохтор ва хизматрасониҳо дар мавзеъҳои сайёҳиву таърихии «Хулбук», «Хоҷа Машҳад», «Аҷинатеппа», «Чилучорчашма», қалъаи «Ямчун» дар оянда ба сатҳи байналмилалӣ расонида мешаванд
ДУШАНБЕ, 11.02.2019. /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои тармиму таҷдид, бунёди инфрасохтори иловагӣ барои ҷалби сайёҳон, мағозаҳои фуруши армуғонҳо, ҷолиб намудани гирду атрофи мавзеъҳои сайёҳиву таърихӣ ва дар маҷмуъ ба сатҳи байналмилалӣ расонидани онҳо дар доираи ҳамкориҳои Кумитаи рушди сайёҳӣ ва Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Дар баробари ин дар назар аст, ки дар наздикии иншоотҳои мазкур утоқҳои қабули сайёҳон, инфрасохтори сарироҳӣ, аз ҷумла нишонаҳои сарироҳӣ ва дигар шароитҳои муосир бо ҷалби аҳолии маҳаллӣ бунёд карда мешаванд.
Тадбирҳои мазкур дар партави иҷрои саривақтӣ ва пурраи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, татбиқи ҳадафҳои Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва дар маҷмуъ баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардуми деҳот амалӣ карда мешаванд.
Тибқи таҳлили коршиносони дохиливу байналмилалӣ, зимни тармиму таҷдид ва азнавсозии иншоотҳои сайёҳиву таърихӣ масолеҳи аслӣ истифода шуда, намои қадима ва таърихии ёдгориҳои таърихӣ ҳифз карда мешаванд.
Барои муаррифии мавзеъҳои сайёҳиву таърихӣ, аз ҷумла таърихи пайдоиш, бунёд ва саҳфаҳои таърихии ин ёдгориҳо аз ҷониби Кумитаи рушди сайёҳӣ дар ҳамкорӣ бо олимону коршиносони соҳа китобча ва брошюраҳои хурд бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ таҳия шуда истодаанд.
Бояд тазаккур дод, ки мавзеъҳои сайёҳиву таърихии «Ҳулбук», «Хоҷа Машҳад», «Аҷинатеппа», «Чилучорчашма», қалъаи «Ямчун» ва дигар мавзеъҳои сайёҳии ҷумҳурӣ ба сайёҳони дохилию хориҷӣ ҷолиби диққат буда, дар соли 2018 аз мавзеъи «Чилучорчашма» 150 000 нафар, «Аҷинатеппа» наздики 5000 нафар, “Хоҷа Машҳад” наздики 1000 нафар дидан намуданд.
Дар маҷмуъ соли 2018 аз Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 миллиону 155 ҳазор нафар сайёҳони хориҷӣ боздид намуда, шумораи сайёҳони дохилӣ зиёда аз 750 ҳазор нафарро ташкил додааст.











Дар Дарвоз Конференсияи байналмилалии «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» баргузор шуд
Дар Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мероси Суғди бостонӣ» баргузор гардид
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» иқтидори сайёҳӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» оғоз гардид
Имконияту иқтидори сайёҳии шаҳри Душанбе дар Ҷумҳурии Мардумии Чин муаррифӣ мегардад
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
«БАРНОМАИ РУШДИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ». Дар Тоҷикистон беш аз 400 захираи сайёҳӣ, 1000 дара, 1000 кӯл ва мавзеъҳои дигари ҷолиб мавҷуд аст
ВОДИИ ЯҒНОБ- ОСОРХОНАИ ЗИНДАИ ЭТНОГРАФӢ. Ин мавзеъ таваҷҷуҳи сайёҳонро зиёдтар ҷалб менамояд
Президенти Тоҷикистон: «Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо мардуми меҳмоннавоз ва имконоти васеи сайёҳӣ маҳбубияти зиёд дорад»
МАНЗАРАҲОИ ҶОЛИБИ ТОҶИКИСТОН — САРВАТИ БУЗУРГИ САЙЁҲӢ. Эҳдо ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ






