КВАДРОКОПТЕР ДАР МАВЗЕЪҲОИ КӮҲИИ ТОҶИКИСТОН. Он вазъи роҳҳо ва ҳолатҳои фавқулодаро дар фасли зимистон муоина ва назорат мекунад

Февраль 1, 2019 10:45

ДУШАНБЕ, 01.02.2019. /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои наҷоти одамон новобаста ба фасли сол ҳамеша омода аст. Наҷотдиҳандагон дар ҳама ҳолатҳои техногениву табиӣ ва садамаҳо ба ёрӣ мешитобанд, барои наҷоти дармондагону офатзадагон шабонарӯзӣ дар роҳҳо навбатдорӣ мекунанд. Имрӯз ин низом дар тамоми қаламрави кишвар ба роҳ монда шудааст, навиштааст хабарнигори АМИТ «Ховар» Мавҷуда АНВАРӢ.

Кормандони хадамоти наҷот бештар ба роҳҳои мошингард таваҷҷуҳ мекунанд, то онҳо ҳамеша барои равуои мошинҳо омода бошанд. Бахусус, ин гуна омодагиҳо дар фасли зимистон, ки роҳҳоро барфтӯдаҳо мебанданд, яхбандӣ мешавад, лағжиши тарма ҳаракати мошинҳоро бозмедорад, муҳиманд.

Бо мақсади роҳандозии корҳои пешгирикунанда дар мавриди рӯйдодҳои эҳтимолии табиӣ ва техногенӣ Кумита ба таври доимӣ бо Агентии обуҳавошиносии мамлакат ва БДА хабару огоҳиҳо ва тавсияномаҳоро  аз тариқи ВАО миёни аҳолӣ паҳн мекунанд.

Ҳамчунин барои таъмини бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиёт   дар қитъаҳои роҳҳои осебпазире, чун Майхӯраи ноҳияи Варзоб, километрҳои 62 ва 72-юми роҳи мошингарди Душанбе-Айнӣ, километри 457-уми роҳи мошингарди Душанбе-Ванҷ гурӯҳҳои зудамали наҷоти воҳидҳои вокуниши саривақтии Кумита иборат аз 4 то 6 нафар, инчунин дар қитъаҳои гуногуни роҳҳои мошингарди байналмилалии Душанбе-Лахш-Қарамиқ аз ҳисоби кормандони КҲФ дар минтақаи Рашт якҷо бо аъзои Системаи ягонаи давлатии пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулода дар минтақаи Рашт мониторинги ҳолати роҳҳо гузаронида мешавад.

Гурӯҳҳои зудамали Кумита, ки ин қитъаҳои роҳҳоро назорат мекунанд, бо техникаи зарурӣ, воситаҳои алоқа таъминанд ва қобилияти расонидаи кумаки аввалини тиббӣ ба зарардидагон низ доранд.

Ғайр аз ин, бо мақсади омӯзиши ҳолати роҳҳои осебпазир, ки хавфи лағжиши тарма вуҷуд дорад, аз 17 январи соли 2019 дар роҳи мошингарди Душанбе-Айнӣ гурӯҳе муташаккил аз кормандони КҲФ, Вазорати нақлиёт ва хадамоти роҳи ширкати  «Innovative Road  Solutions  (IRS)» бо ёрии квадрокоптерҳо (ҳавопаймои хурди бесарнишин) мавзеъро аз назар гузарониданд. Ин амал имкон дод, ки дар бораи вазъи роҳ маълумоти дақиқ ва саривақтӣ ба даст ояд ва ин барои андешидани тадбирҳои пешгирӣ аз оқибатҳои эҳтимолии ҳолаҳои фавқулода мусоидат кард.

То ба имрӯз аз аввали сол 110 ҳодисаи лағжиши тарма дар роҳҳои кишвар ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари он 8 нафар ҷони худро аз даст додаанд.

Тибқи иттилои Агентии обуҳавошиносии мамлакат, аз аввали соли равон бар асари 110 ҳодисаи лағжиши тарма дар роҳҳои кишвар  8 нафар ҷони худро аз даст додаанд.

Ба иттилои манбаъ, дар моҳи феврал низ    хатари лағжиши тармаву санг вуҷуд хоҳад дошт. Дар робита ба ин, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шаҳрвандон хоҳиш мекунад, ки дар чунин   вазъият аз сафарҳои безарурат худдорӣ кунанд. Ҳангоми ҳаракат ва сафар дар роҳҳои кӯҳӣ ҳушёр бошанд.

Февраль 1, 2019 10:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми Осиё ва Уқёнуси Ором дар Филиппин иштирок намуд
Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардид
ҲАР АМАЛИ НОДУРУСТ ҶАВОБГАРӢ ДАР ПАЙ ДОРАД! Дар Душанбе паҳнкунандагони доруи психотропии «Прегабалин» дастгир шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Вена дар конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бо қаллобӣ иштирок дорад
Дар Вена ҳамкории Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ баррасӣ гардид
14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА. Бо назардошти вазъи геополитикии ҷаҳон дар назди кормандони он масъулияти баланд меистад
Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон ва Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба даъвати баҳории соли 2026 ба хизмати ҳарбӣ доир гардид
Нозирони мизҳои ҳарбӣ дар шаҳри Бохтар ба машғулияти такмили ихтисос фаро гирифта шуданд
Дар Хатлон ҳамкории милитсия, омӯзгорон ва волидайн дар самти пешгирии ҷинояткорӣ байни ноболиғон тақвият меёбад
Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи Комиссияи СММ оид ба воситаҳои нашъадор иштирок дорад