Пагоҳ Бонки миллӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ нишасти матбуотӣ мегузаронанд
ДУШАНБЕ, 05.02.2019 /АМИТ «Ховар»/. 6 феврал Бонки миллии Тоҷикистон, Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон, Консерваторияи миллии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд.
Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим соати 09:00 дар толори Маркази матбуоти ҷумҳуриявии «Ховар» ва Бонки миллии Тоҷикистон соати 11:00 дар маҷлисгоҳи Бонки мазкур дар суроғаи хиёбони Рӯдакӣ, 107А бо намояндагони воситаҳои ахбори омма нишасти матбуотӣ доир менамоянд.
Нишасти матбуотии Суди Олии иқтисодӣ соати 11:00 дар толори ин ниҳод ва нишасти Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ соати 14:00 дар толори Маркази матбуоти ҷумҳуриявии «Ховар» баргузор мешаванд.
Консерваторияи миллӣ соати 08:30 дар бинои Консерваторияи миллӣ ва Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайн соати 10:00 дар Донишкадаи мазкур нишасти матбуотӣ доир менамоянд.
Хотиррасон мекунем, ки тибқи нақшаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъулини вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳое, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе фаъолият мекунанд, вақти баргузории нишастҳои матбуотиро бо АМИТ «Ховар» ҷиҳати дар толори Маркази матбуоти ҷумҳуриявӣ (хиёбони Рӯдакӣ, 40, ошёнаи 2, телефонҳои 221-34-24, 223-10-98, 888-08-34-04) гузаронидани онҳо мувофиқа мекунанд.
Эълонҳо оид ба вақт ва макони баргузоршавии нишастҳои матбуотии вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо ҳар рӯзи корӣ дар сомонаи АМИТ «Ховар» www.khovar.tj бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр карда мешаванд.








Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе масъалаи ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар мамлакат баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ иқдоми нав амалӣ мегардад
Тоҷикистону Чин дар бахши тандурустӣ Ёддошти ҳамкории сеҷониба ба имзо расониданд
«БАҲОРИ ҶАВОНӢ — НАВРӮЗИ ҶАҲОНӢ». Дар вилояти Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон оғоз гардид
МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК. Судяҳои ноҳияи Фирдавсӣ бо волидону хонандагон вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе оид ба нақши занон дар эҳёи суннатҳои наврӯзӣ форуми байналмилалӣ баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд






