Сафири Тоҷикистон ба Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев Эътимоднома супорид

Февраль 7, 2019 09:00

ДУШАНБЕ, 07.02.2019 /АМИТ «Ховар»/. Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон Хайрулло Ибодзода 6 феврал дар Кохи «Ақорда» ба Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев Эътимодномаи худро супорид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Президенти Қазоқистон зимни муроҷиат ба сафирон, таҳким ва рушди муносибатҳои дӯстонаи байнидавлатиро муҳим арзёбӣ намуд. Аз ҷумла, Сарвари Қазоқистон иброз дошт, ки Қазоқистон ба рушди муносибатҳои анъанавии мутақобилан судманд ва стратегӣ бо Тоҷикистон аҳамияти хосса дода, ба ҳамкории Остона ва Душанбе дар доираи чунин созмонҳо, аз қабили ИДМ, СААД, СҲШ ва ғ. фаъолона таҳким мебахшад. Ӯ ба Тоҷикистон дар Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ раёсати бомуваффақият таманно намуда, омодагии худро барои иқдомҳои муштарак дар ин самт изҳор дош.

Дар фарҷом Н. Назарбоев сафиронро бо оғози расмии фаъолияти дипломатиашон дар Қазоқистон табрик гуфта, ба онҳо дар кори рӯзмарраашон муваффақият орзу намуд.

Февраль 7, 2019 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд
Бақайдгирии намояндагони ВАО барои иштирок дар Конфронси чоруми оби Душанбе оғоз шуд
Сафири Тоҷикистон бо мушовири Президенти Федералии Австрия оид ба сиёсати хориҷӣ мулоқот намуд
Конфронси чоруми Душанбе дорои хусусияти фарогир, амалӣ ва ба оянда нигаронида хоҳад буд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Ҷунҳуа мулоқот намуд
Дар Ню-Йорк бо ибтикори Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ҳамоиш баргузор гардид