Сергей Лавров: «Россия таваҷҷуҳи бетағйири Тоҷикистонро нисбат ба нигоҳ доштани мавқеи забони русӣ қадр мекунад»
ДУШАНБЕ, 05.02.2019 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар додем, имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Россия Сергей Лавровро ба ҳузур пазируфтанд.
Ба иттилои хабарнигори АМИТ «Ховар», пас аз мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сергей Лавров дар назди намояндагони воситаҳои ахбори омма изҳороти матбуотӣ намуд.
Ӯ аз ҷумла зикр намуд, ки зимни мулоқот бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тамоми маҷмӯи муносибатҳои дуҷонибаи иттифоқчигӣ ва шарикии стратегӣ мавриди муҳокима қарор гирифта, рушди мунтазами онҳо таъкид карда шуд. Зикр гардид, ки ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва ҳамгироии сармоягузорӣ дар ҳоли болоравӣ қарор доранд. Гардиши мол соли гузашта тақрибан се баробар зиёд шуд.
«Ба наздикӣ ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ баргузор мегардад, ки дар он лоиҳаҳои нав, аз ҷумла дар соҳаи энергетика мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт. Ба ин ҳам ҷониби Тоҷикистон ва ҳам операторони иқтисодии Россия ҳавасмандӣ зоҳир мекунанд», — гуфт Лавров.
Ба гуфтаи Вазири корҳои хориҷии Россия, зимни мулоқот бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зарурати фаъолгардонии рушди унсурҳои ҳамгироӣ дар соҳаи кишоварзӣ низ таъкид гардид. Созиши ду президент доир ба таъсиси «долони сабз» барои воридоти маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон татбиқ шуда истодааст ва ба наздикӣ таҷриба мегардад. Гуфтушунид оид ба таъсиси маркази яклухт ва тақсимот идома дорад, ки ба самараноктар гузаштани тартиботи гумрукӣ барои интиқоли маҳсулоти Тоҷикистон ба бозори Россия мусоидат менамояд.
Тавре Сергей Лавров изҳор дошт, дар мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкории ҳарбӣ ва техникӣ низ баррасӣ гардид. Ҳавасмандии ҳамсон доир ба татбиқи пурраи Барномаи навсозии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон таъкид карда шуд.
Таваҷҷуҳи зиёд ба ҳамгироӣ дар соҳаҳои гуманитарӣ, фарҳангӣ ва маориф равона гардид. «Таваҷҷуҳи бетағйири Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро нисбат ба дастгирии сатҳи хуби мавқеи забони русӣ дар ин ҷо зикр намудем. Мо чунин муносибатро бисёр қадр мекунем. Ҳазорон шаҳрвандони Тоҷикистон дар донишгоҳҳои Россия таҳсил доранд. Бо ибтикори Президент Эмомалӣ Раҳмон дар илова ба Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон дар Душанбе ҳоло таваҷҷуҳи бештар ба таҳсилоти миёна бо забони русӣ зоҳир мегардад. Бо созиши роҳбарони мо дар Тоҷикистон беш аз 50 нафар муаллимони забони русӣ, физика, химия, математика, биология, информатика аз Россия фаъолият дошта, ба пешрафти меъёрҳои Россия дар низоми таълими Тоҷикистон кумак мерасонанд. Инчунин аз рӯи созиши ду президент таҳияи ҳуҷҷатҳо дар бораи сохтмони панҷ мактаб дар ин ҷо, ки аз рӯи барномаи Россия фаъолият хоҳанд кард, дар ҳоли анҷомёбист»,-изҳор дошт вазири корҳои хориҷии Россия.
Вазъ дар Осиёи Марказӣ дар заминаи таҳдидҳои террористиву мухаддиротӣ, ки бинобар вазъи Афғонистон боқӣ мемонад, баррасӣ гардид. Ҳамкории зич дар самти таъмини амнияти ду давлат ба роҳ монда шуда, Тоҷикистон ҳамчун сипари Созмони Амнияти аҳдномаи дастаҷамъӣ фаъолона амал мекунад.
«Дар умум чунин мешуморам, ки мо музокиротамонро бисёр манфиатбахш гузаронидем. Аз Ҷаноби Президент барои таваҷҷуҳ, ки нисбат ба ҳайати мо зоҳир гардид, сипосгузорам», — гуфт дар фарҷом С. Лавров.
Ёдовар мешавем, ки субҳи имрӯз Вазири корҳои хориҷии Россия Сергей Лавров дар майдони «Дӯстӣ»-и пойтахт дар пояи муҷассамаи асосгузори давлати тоҷикон Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошт.









35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТ ВА АСОЛАТИ МИЛЛАТ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
ТИРГОН ШЕБУ ФАРОЗИ САДСОЛАҲОРО ГУЗАШТА, ТО БА РӮЗГОРИ МО РАСИДААСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашн
Соли 2027 дар Тоҷикистон Конфронси байналмилалӣ доир ба Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда баргузор мешавад
Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»






