«СИДҚАН СИПОСГУЗОРЕМ!». Роҳбарияти КФ «Истиқлол» ба мухлисони худ, ки барои ҳаводории даста ба Олмалиқи Ӯзбекистон рафтанд, изҳори миннатдорӣ намуд

Февраль 13, 2019 13:23

ДУШАНБЕ, 13.02.2019. /АМИТ «Ховар»/. Тавре дирӯз хабар додем, дастаи футболи «Истиқлол»-и Душанбе 12 феврал дар сафар дар бозии марҳилаи муқаддимотии Лигаи чемпионҳои АФК-2019 бо  дастаи АГМК-и Ӯзбекистон вохӯрда, бозиро  бо ҳисоби 2:4 бохт. Қобили зикр аст, ки чемпиони Тоҷикистон дар ҷараёни бозӣ ду маротиба бо ҳисоби 1:0 ва 2:1 ба пеш баромад, вале пирӯзиро нигоҳ дошта натавонист.

Барои ҳаводорӣ ба дастаи дӯстоштаи худ теъдоди зиёди мухлисони   дастаи мо  ба шаҳри Олмалиқи Ӯзбекистон рафтанд ва то лаҳзаи охирин «Истиқлол»-ро дастгирӣ намуданд. Имрӯз роҳбарияти даста тариқи сомонаи худ ба онҳо изҳори миннадорӣ намуда, чунин нигоштааст:

«Клуби футболи «Истиқлол» барои дастгирии ҳамаҷониба дар бозӣ муқобили АГМК ба шумо, мухлисони гиромӣ миннатдории самимонаи худро баён менамояд. Мо аз ҳамаи он мухлисоне, ки садҳо километр роҳро паймуда, ба дастгириямон омаданд, сидқан сипосгузорем. Ба ҳамаи онҳое низ, ки дар хона пеши оинаи нилгун нишаста, моро ҷонибдорӣ карданд, изҳори ташаккур мекунем.

Афсӯс, ки дар бозии охир муваффақ нашудем натиҷаи хубро ба даст оварда, шуморо хурсанд созем. Аммо, дар ҷои худ наистода, кӯшиши пешравӣ карданро дорем. Ба қарибӣ бозиҳои марҳилаи гуруҳии Ҷоми АФК-2019 оғоз мешаванд ва «Истиқлол» барои дар ин мусобиқа хурсанд намудани  мухлисони худ тамоми талошҳоро хоҳад кард».

Февраль 13, 2019 13:23

Хабарҳои дигари ин бахш

ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд