Сироҷиддин Муҳриддин: «Тифлони тоҷик аз Ироқ ва Сурия ба Ватан баргардонида мешаванд»

Февраль 12, 2019 12:30

ДУШАНБЕ, 12.02.2019 /АМТТ «Ховар»/. Ҳамаи кӯдакони тоҷик, шаҳрвандони Тоҷикистон аз Ироқ ва  Сурия ба Ватан баргардонида мешаванд. Ин нуктаро Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин имрӯз дар нишасти матбуотӣ иброз дошт. 

Ба гуфти Вазир, то имрӯз дар Ироқ 92 кӯдак-шаҳрвандони Тоҷикистон қарор доранд, ки 31 нафари онҳоро тифлони то 3-сола ташкил медиҳанд. Барои баргардонидани онҳо иҷазати 75 нафар волидайн гирифта шудааст, ки ин яке аз талаботи асосии қонунгузории Ироқ ба шумор меравад. Ҳамаи кӯдакон ба Ватан оварда хоҳанд шуд.

«Дар маҳбасҳои Ироқ 43 зан- шаҳрвандони Тоҷикистон қарор доранд. Барои баргардонидани онҳо ба Ватан вақт ва заҳмати зиёд даркор аст», — гуфт Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон.

Дар ин росто Сироҷиддин Муҳриддин ҳамзамон иброз намуд, ки ба наздикӣ гуфтушунидҳо ва раванди баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон аз Сурия оғоз мегардад. Барои ин яке аз сафирони Тоҷикистон дар кишварҳои бо Сурия ҳамсарҳад сафарбар хоҳад шуд.

Февраль 12, 2019 12:30

Хабарҳои дигари ин бахш

РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд
Бақайдгирии намояндагони ВАО барои иштирок дар Конфронси чоруми оби Душанбе оғоз шуд
Сафири Тоҷикистон бо мушовири Президенти Федералии Австрия оид ба сиёсати хориҷӣ мулоқот намуд
Конфронси чоруми Душанбе дорои хусусияти фарогир, амалӣ ва ба оянда нигаронида хоҳад буд