Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳлати ҷазои Сайид Қиёмиддини Ғозиро кам кард

Февраль 8, 2019 13:04

ДУШАНБЕ, 08.02.2019. /АМИТ «Ховар»/. Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  аризаи маҳкумшуда – шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайид Қиёмиддини Ғозиро баррасӣ карда, 29 январи соли 2019 муҳлати ҷазои ӯро  аз 25 сол ба 7 сол кам кард.   Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Қарори мазкур бинобар сидқан пушаймон шудани Сайид Қиёмиддини Ғозӣ аз кирдорҳои содирнамудаи худ, мусоидат дар ошкор сохтани як қатор ҷиноятҳои вазнин ва фош кардани ашхоси ба ин ҷиноятҳо алоқаманд қабул гардида, ҳукми суди шаҳри Душанбе дар қисми таъини ҷазо тағйир дода шуд.

Ёдовар мешавем, ки Сайид Қиёмиддини Ғозӣ, маъмул бо тахаллуси «Эшони Қиёмиддин», соли таваллудаш 1952, зодаи ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон, миллаташ тоҷик, яке аз муассисони ташкилоти террористию экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ, бо ҳукми суди шаҳри Душанбе аз 15 майи соли 2018 барои содир намудани маҷмӯи ҷиноятҳои дорои характери экстремистӣ (ифротгароӣ) гунаҳгор дониста шуда, ба муҳлати 25 сол аз озодӣ маҳрум гардида буд.

Февраль 8, 2019 13:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд