Таҷрибаву маҳорати касбии муҳофизони марз аз тадбирҳои муҳим ва асосӣ мебошад– ҳамоиши идона дар Қӯшунҳои сарҳадии мамлакат
ДУШАНБЕ, 23.02.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи 26-умин солгарди таъсиси Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маркази таълимии «Пойтахт»-и Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он афсарону сарбозон, собиқадорон ва намояндагони ВАО иштирок доштанд.
Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ, генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ҳайати шахсии ҷузъу томҳои низомиро бо ин санаи фархунда табрик намуда, иброз дошт, ки тақвият бахшидан ба ҳифзи марзи давлатӣ, боло бурдани сатҳи омодагии ҷузъу томҳои низомӣ ва беҳсозии таъминоти моддию техникии онҳо, таҳкими интизоми ҳарбӣ, баланд бардоштани рӯҳияи маънавӣ, ҳисси ватандӯстию масъулиятшиносӣ ва таҷрибаву маҳорати касбии муҳофизони марз аз тадбирҳои муҳим ва асосие мебошанд, ки пайваста дар маркази таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд.
Зикр шуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри мустаҳкам намудани қобилияти мудофиавии мамлакат, баланд бардоштани сатҳи омодагии ҳарбӣ, беҳтар гардонидани шароити моддиву техникӣ ва вазъи иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ пайваста ғамхорӣ менамояд.
Қӯшунҳои сарҳадӣ ҳамчун як ҷузъи ҷудонашавандаи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳимояи сарҳади давлатӣ, тамомияти арзӣ ва манфиатҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сарҳади давлатӣ фаъолият намуда, ба муваффақиятҳои назаррас ноил гардидаанд. Хизматчиёни Қӯшунҳои сарҳадӣ дар лаҳзаҳои душвор ҷасорату мардонагӣ зоҳир намуда, барои ҳифзи сарҳади давлатӣ, пойдории сулҳу субот ва ҳимояи сохти конститутсионӣ борҳо ҷоннисорӣ намудаанд.
Сипас раиси Шӯрои ветеранҳои Қӯшунҳои сарҳадӣ, генерал-лейтенант Сафаралӣ Сайфуллоев оид ба нақши Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими сулҳу субот ва оромии Тоҷикистон ёдовар шуда, афсарону сарбозонро ба хизмати софдилона, ҳушёрию зиракии сиёсӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллии миллати соҳибтамадуни тоҷик ҳидоят намуд.
«Пешвои миллат ҳамеша дар суханрониҳояшон дар бораи таъмини амнияти миллӣ, баланд бардоштани малакаи касбии сарҳадчиён, вусъати корҳои тарбиявӣ, садоқат ба Савганди ҳарбӣ, мубориза ба муқобили терроризми байналмилалӣ, қочоқи маводи мухаддир ва ҳимояи боэътимоди сарҳади давлатӣ таъкид менамоянд, ки ин аз ҳар як сарбоз ва афсар масъулияти баланд талаб мекунад»,- гуфт генерал-лейтенант Сафаралӣ Сайфуллоев.
Дар анҷоми маросими тантанавӣ афсароне, ки дар фаъолияти хизматӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидаанд, аз номи Раиси КДАМ ҶТ ва Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ бо рутбаҳои ҳарбии навбатӣ, ифтихорномаҳо, нишонҳои сарисинагӣ ва медалҳо қадрдонӣ гардиданд.








Дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон конфронс доир шуд
Бахшида ба таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Риояи қонуни танзими ҷашну маросим омили сарфакорӣ ва таҳкими маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад
Дар ноҳияи Ёвон намоиши ҷойи нави кор баргузор гардид
Масъалаи рушди низоми таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ дар Тоҷикистон бо Роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо баррасӣ гардид
Ҷаласаи Кумитаи роҳбарикунандаи байниидоравӣ оид ба татбиқи лоиҳаи «Миллати солими Тоҷикистон» баргузор шуд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 47 бинои муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ таъмир гардид
ҶОИЗАИ БА НОМИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ. Барои олимони ҷавон дар соли 2026 озмун эълон гардид
Дар Тоҷикистон барои табобати омоси ҷигар усули нав амалӣ шуд
Хадамоти алоқаи Тоҷикистон: «Ширкатҳои мобилӣ ҳеҷ гоҳ рамзи тасдиқро талаб намекунанд»
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Некӣ кардан ба падару модар афзалтар аз намозу рӯза ва ҳаҷу умра мебошад»






