Тафсири Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷи­кис­тон ба нашр расид

Февраль 8, 2019 12:11

ДУШАНБЕ, 08.02.2018. /АМИТ «Ховар»/. Тафсири Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷи­кис­тон, ки аз ҷониби ҳуқуқшиносони кишвар- Раиси Суди консти­тутсионии Ҷумҳурии То­ҷикистон, академики АИ ҶТ, докто­ри илмҳои ҳуқуқ, профессор  Маҳкам Маҳмудзода, Раиси Комиссияи мар­ка­зии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент Бахтиёр Худоёрзода, мушовири бахши Ёрдамчии Прези­денти Ҷум­ҳурии Тоҷикис­тон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Сабоҳат  Муқимӣ ва судяи Суди конститут­сионии Ҷумҳурии То­ҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқ Даврон Ҳошимзода таҳия гардидааст, нашр шуд.

Тавре Раиси Суди консти­тутсионӣ, академик Маҳкам Маҳмудзода ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Мавҷуда Анварӣ иброз намуд, ҳангоми таҳияи тафсири Кодекси меҳнат теъдоди зиёди санадҳои меъёрии ҳуқу­қии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва байнал­ми­ла­лӣ дар соҳаи меҳнат, қонунунгзо­рии дигар давлатҳо ва таҷрибаи тат­би­қи онҳо, амалияи судӣ вобаста ба баррасии баҳсҳои меҳнатӣ, ҳамчунин таҷ­рибаи татбиқи ҳуқуқи мақомоти давлатӣ, худи­доракунии маҳаллӣ ва ташкилоту муассисаҳо, новобаста аз шакли моли­кият дар соҳаи му­но­си­батҳои меҳнатӣ мавриди таҳқиқу истифода қарор дода шуданд.

Инчунин дар тафсир фаҳмиши дурусту ягонаи муқаррароти қонунгузории меҳнат, аз ҷумла моҳияти ҳуқуқӣ ва амалии ҳар як меъёри Ко­декси меҳнат шарҳ дода шуда, тавсияҳо барои аз ҷо­ни­би истифодабарандагони он дуруст дарк намудани меъёрҳои мавҷуда ва дар амалияи муно­си­батҳои меҳнатӣ татбиқ намудани онҳо пешниҳод гардидаанд.

Дар сарсухани  тафсир, аз ҷумла омадааст, ки бо қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ислоҳоти ҳуқуқӣ дар кишвар бо маром идома дода шуда, дар як муддати кӯтоҳ тамоми за­ми­на­ҳои қонунгузории кишвар такмил ёфтанд ва онҳо муносибатҳои мух­талифи ҷамъиятиро зери танзими ҳуқуқӣ қарор доданд.

Ҳуқуқи шахсро ба меҳнат муқаррароти моддаи 35 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолат дода, муқаррар мекунад, ки ҳар кас ба меҳ­нат, интихоби касбу кор ва ҳифзи меҳнат ҳуқуқ дошта, дар муно­си­бат­ҳои меҳнатӣ ҳама гуна маҳдудият ва ба меҳнати маҷбурӣ ҷалб на­му­дани шахс, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қонун манъ мебошад.

Дар асоси муқаррароти Конститутсия 15 майи соли 1997 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, ду даҳсола муноси­бат­ҳои меҳнатиро мавриди танзим қарор дод. Дар муддати амали Кодекси зикр­шуда бо мақсади такмили он ва танзим намудани муносибатҳои на­ви дар соҳаи меҳнат ба миён омада ба он беш аз даҳ маро­тиба тағйиру ило­ваҳо ворид карда шуданд. Аммо, новобаста ба такмили Кодекси меҳ­нати қаблан амал­кунанда, он муносибатҳои меҳнатии мавҷударо зери танзими дахлдори қонунӣ қарор надода, муқаррароти он бинобар тағйироти зиёд душворфаҳм гардид. Инчунин дар таҷриба падидаҳо ва меъёрҳои наве, ки ба муноси­батҳои меҳнатӣ ва ҳифзи меҳнат иртибот доранд, ба миён омаданд, ки бояд онҳо дар қонунгузории меҳнат инъи­коси худро пайдо мекарданд.

Ҳамаи ин омилҳо сабаби он гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати мил­лӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷум­ҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмо­малӣ Раҳмон, ки поягузори қонун­гузо­рии муосири кишвар мебо­шанд ва ба рушди низоми ҳуқуқи ватанӣ таваҷ­ҷуҳи хосса зоҳир меку­нанд, бо мақсади такмили манфиатҳои иҷтимоии шаҳрвандон ва му­қар­рар намудани кафолатҳои иловагӣ оид ба ҳифзи меҳнат дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 апрели соли 2013 зарурати дар таҳрири нав таҳия ва қабул намудани Кодекси меҳнати Ҷумҳурии То­ҷи­кистонро зикр карданд.

Дар асоси ин гуфтаҳои Сарвари давлат бо мақсади таҳияи Кодекси нави меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби намояндагони мақомоти гуногуни ҳокимияти давлатӣ ва олимони соҳаи ҳуқуқ гурӯҳи корӣ таъ­сис дода шуд. Гурӯҳи корӣ бо дарназардошти таҷрибаи ҷаҳонӣ танзими ҳуқуқии муноси­бат­ҳои меҳнатӣ, кафолатҳои ҳифзи меҳнат, ба инобат гирифтани падидаҳои қаблан дар қонунгузорӣ мавҷуд набуда, зери тан­зими пурра қарор додани муносибатҳои меҳнатӣ ва содаю оммафаҳм гардонидани муқаррароти ҳуқуқӣ дар ин самт Кодекси нави меҳнатро таҳия намуданд. Соли 2016 он аз ҷониби Парлумони кишвар қа­бул гардид ва пас аз интишори расмӣ аз 28 июли соли 2016 мавриди амал қарор дода шуд.

Бо қабули Кодекси нави меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон Кодекси қаблии меҳнат ва як зумра қонунҳои дигар аз эътибор соқит дониста шуда, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба меҳнат такмил ёфта, ба Кодекси нави меҳнат мутобиқ гардонида шуданд.

Бо мақсади татбиқи ҳамаҷонибаи муқаррароти Кодекси меҳнат як зумра дигар санадҳои зерқонунӣ қабул ва мавриди амал қарор доранд, ки вазифаи асосии онҳо фароҳам овардани шароити зарурии ҳуқуқӣ буда, барои ноил шудан ба баробарии манфиатҳои тарафҳои му­но­сибат­ҳои меҳнатӣ, рушди иқтисодӣ, самаранокии истеҳсолот ва баланд бардоштани некуаҳволии кормандон равона гардидаанд.

Ҳамаи ин собит месозад, ки давлату Ҳукумати кишвар бобати таъ­мини амалишавии ҳамаҷонибаи принсипҳои озодии меҳнат, манъи маҳ­дуд­созии ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд дар муносибатҳои меҳнатӣ, манъи табъиз, меҳнати маҷбурӣ ва истифодаи меҳнати занон ва ноболиғон дар корҳои вазнин, зеризаминӣ ва шароити меҳнаташон зарарнок, таъмини ҳуқуқ ба музди мувофиқ, кафолати таъминоти иҷтимоии кор­ман­дон ва дигар кафолатҳои қонунӣ дар соҳаи меҳнат мунтазам тадбирҳои зарурӣ меандешад.

Бояд дар назар дошт, ки муносибатҳои меҳнатӣ муносибат­ҳои маъ­мули ҳуқуқӣ ба шумор рафта, байни корманд ва корфармо барои ама­лӣ намудани ҳуқуқ ва уҳдадориҳои пешбининамудаи Кодекси меҳ­нат, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаҳои коллек­тивӣ ба вуҷуд меоянд.

Дар таҷриба ҳолатҳои зиёде ба чашм мерасанд, ки субъектҳои му­носи­батҳои меҳнатӣ дар татбиқи дурусти муқаррароти қонунгузории меҳнат, ки зимни пешбурди фаъо­лияти меҳнатӣ ба вуҷуд меоянд, инчу­нин ҳалли мушкиливу баҳсҳои меҳнатӣ ва фаҳмиши дурусту ягонаи му­қар­рароти қонунгузории меҳнат мушкилӣ мекашанд, ки ин омил дар на­тиҷа сабаби ба миён омадани норозигӣ ва баҳси меҳнатӣ мегардад.

Аз ин рӯ, муаллифони тафсири Кодекси меҳнат ҳолатҳои зикр­шу­даро ба инобат гирифта, ин китобро омода намуданд. Дар доираи он кӯшиш ба харҷ доданд, ки моҳияти ҳуқуқӣ ва амалии ҳар як меъёри Ко­декси меҳнатро ба қадри имкон шарҳ дода, тавсияҳои худро баҳри аз ҷо­ни­би истифодабарандагони он дуруст дарк намудани меъёрҳои мавҷуда ва дар амалияи муно­си­батҳои меҳнатӣ татбиқ намудани онҳо пешниҳод намоянд.

Ҳангоми таҳияи тафсири мазкур теъдоди зиёди санадҳои меъёрии ҳуқу­қии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии байнал­ми­ла­лӣ дар соҳаи меҳнат, қонунгузории дигар давлатҳо ва таҷрибаи тат­би­қи онҳо, амалияи судӣ вобаста ба баррасии баҳсҳои меҳнатӣ, ҳамчунин таҷрибаи ҳуқуқтатбиқкунии мақомоти давлатӣ, худи­доракунии маҳаллӣ ва ташкилоту муассисаҳо, новобаста аз шакли моли­кият дар соҳаи му­но­сибатҳои меҳнатӣ мавриди таҳқиқу истифода қарор дода шуданд.

Яъне, муаллифон зимни таҳияи тафсири мазкур аз принсипҳо, категорияҳо ва усул­ҳои муқоисавии ҳуқуқии қонунгузорӣ бобати таҳ­ли­лу пешниҳоди фаҳмиши яго­наи ҷанбаҳои мухталифи меъёрҳои ҳуқуқии тан­зим­ку­нандаи муноси­бат­ҳои меҳнатӣ, ки аз таҷрибаи мавҷуда ба ми­ён меоянд, ба таври васеъ истифода намуда, назари ҳуқуқии худро дар он ифода намудаанд.

Ҳайати муаллифон зимни рӯи коғаз овардани тафсири мазкур кӯ­шиш намуданд, ки донишҳои назариявӣ ва таҷрибаи амалии худро ба тав­ри васеъ истифода намуда, ҳарчи бештар иттилооти заруриро оид ба фаҳ­миши мазмуну муҳтавои муқаррароти Кодекси меҳнат ва дигар са­надҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки ба танзими муносибатҳои меҳнатӣ нига­ро­ни­да шудаанд, пешкаши хонандагон гардонанд.

Февраль 8, 2019 12:11

Хабарҳои дигари ин бахш

НАМУНАИ ИБРАТ. Заҳмати модар Фараҳбахши нобиноро ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» гардонид
4 нафар довталабони Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» сазовори «Шоҳҷоиза»-и озмун гардиданд
Имрӯз ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷоизаҳо супорида шуданд
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор мегардад
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Волидони ғолибони озмун сазовори нишони «Маърифатпарвар» гардиданд
Иштирокчиёни Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»: «Мақсади мо такмил додани донишу маҳорат аст»
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҷараёни баргузории озмуни ҷумҳуриявӣ шинос шуд
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Дар озмун хонандагони синфҳои ибтидоии муассисаҳои таълимӣ фаъолона иштирок доранд
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Киҳо метавонанд дар ин озмун иштирок намоянд?
Даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз гардид
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Пагоҳ дар Душанбе даври чоруми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Китобдор, китобхона ва китобхонаи шахсии сол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023 — 2024» муайян шуданд