Тоҷикистон ҳамкориро бо Ҳиндустон дар соҳаи гумрук тақвият мебахшад

Февраль 22, 2019 09:30

ДУШАНБЕ, 22.02.2019/АМИТ «Ховар»/. Маҷмӯи масъалаҳои мубрами ҳамкории дуҷониба байни мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар мулоқоти Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Каримзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии  Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сомнатҳ Гҳош дар Душанбе баррасӣ гардид.

Аз Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки   дар мулоқот татбиқи «Созишномаи  байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ҳиндустон оид ба ҳамкорӣ ва ёрии байниҳамдигарӣ дар фаъолияти гумрукӣ» матраҳ гардид.

Мусаллам аст, ки санади мазкурро  Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Каримзода ва Сардори Шӯрои марказии андозҳои ғайримустақим ва гумруки Ҳукумати Ҷумҳурии Ҳиндустон Ванаҷа Н. Сарна моҳи майи соли 2018 дар шаҳри Деҳлӣ ба имзо расонида буданд. Созишнома тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи августи соли 2018 тасдиқ гардид.

Самти ин Созишнома ба рушди ҳамкории гумрукӣ, бахусус, мубодилаи иттилоот оид ба истифодаи воситаҳои техникии назоратӣ, интиқоли транзити молу воситаҳои нақлиёт, гардиши тиҷорати дуҷониба, расонидани ёрии байниҳамдигарӣ, омӯзиш ва такмили малакаҳои кормандони гумрук нигаронида шудааст.

Февраль 22, 2019 09:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндаи доимии Тоҷикистон бо мудири кулли ЮНЕСКО мулоқот намуд
Дар Москва ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Муаррифии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии китоб дар шаҳри Минск идома дорад
Тоҷикистон ба Конвенсияи СММ бар зидди ҷиноятҳои киберӣ имзо намуд
Дар Минск таҳти унвони «Нақши Устувонаи Куруши Кабир дар ташаккули ҳуқуқ ва озодиҳои муосири инсон» чорабинӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо – 2026 дар Париж иштирок намуд
Конфронси чоруми Душанбе байни конфронсҳои солҳои 2023 ва 2026 ҳамчун пул хизмат менамояд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини аввали Дабири кулли СММ Амина Муҳаммад мулоқот намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо мизбонон ва ҳамраисони муколамаҳои интерактивии Конфронси оби СММ-2026 вохӯрӣ намуд
Дар Шуъбаи СММ дар Женева бахшида ба Рӯзи байналмилалии пиряхҳо чорабинӣ баргузор гардид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Намояндаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо оид ба озодии ВАО мулоқот намуд
Дар Душанбе ҳамкории судманди Тоҷикистон ва сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид