Тоҷикистону Қатар бо терроризм ва экстремизм муборизаи якҷоя хоҳанд бурд
ДУШАНБЕ, 19.02.2019. /АМИТ «Ховар»/. 16-18 феврали соли равон бо даъвати расмии Сарвазир-Вазири корҳои дохилии Давлати Қатар Шайх Абдулло бин Носир бин Халифа Оли Сонӣ ҳайати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Вазири корҳои дохилӣ, генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода ба шаҳри Доҳаи Давлати Қатар сафар намуд. Дар ин бора аз маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии мамлакат ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, дар ин сафар Рамазон Раҳимзода бо Сарвазир- Вазири корҳои дохилӣ, Прокурори генералӣ, Намояндаи махсуси Давлати Қатар оид ба масъалаҳои мубориза бо терроризм ва роҳбарияти Коллеҷи полиси Давлати Қатар мулоқот намуда, аз Кумитаи тадорукоти Ҷоми ҷаҳон оид ба футбол — 2022 боздид ба амал овард.
«Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони воломақоми қудратии Давлати Қатар ҳамкории дуҷонибаро дар самти таъмини амният, тартиботи ҷамъиятӣ, муборизаи муштарак бар зидди терроризму экстремизм, ифротгароии хушунатомез, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои замони муосир мавриди муҳокима қарор дод», — илова намуд манбаъ.
Зимнан, бояд гуфт, ки муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Қатар моҳи декабри соли 1994 барқарор шудаанд. Заминаи ҳуқуқии ҳамкории ҳарду мамлакатро созишномаҳои дуҷонибаи ҳамкорӣ ташкил медиҳанд.
Ёдовар мешавем, ки дар ҷараёни сафари мазкур бо мақсади тақвият бахшидани ҳамкорӣ байни Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Коллеҷи полиси Давлати Қатар Протоколи ҳамкорӣ дар соҳаи таълимоти полисӣ ба имзо расид.








Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкории амниятиро барои муқовимат ба таҳдидҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми Осиё ва Уқёнуси Ором дар Филиппин иштирок намуд
Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардид
ҲАР АМАЛИ НОДУРУСТ ҶАВОБГАРӢ ДАР ПАЙ ДОРАД! Дар Душанбе паҳнкунандагони доруи психотропии «Прегабалин» дастгир шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Вена дар конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бо қаллобӣ иштирок дорад
Дар Вена ҳамкории Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ баррасӣ гардид
14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА. Бо назардошти вазъи геополитикии ҷаҳон дар назди кормандони он масъулияти баланд меистад
Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон ва Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба даъвати баҳории соли 2026 ба хизмати ҳарбӣ доир гардид
Нозирони мизҳои ҳарбӣ дар шаҳри Бохтар ба машғулияти такмили ихтисос фаро гирифта шуданд
Дар Хатлон ҳамкории милитсия, омӯзгорон ва волидайн дар самти пешгирии ҷинояткорӣ байни ноболиғон тақвият меёбад
Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад






