«Тоҷикстандарт» воридоти 18 тонна чойи пастсифатро пешгирӣ намуд
ДУШАНБЕ, 23.02.2019. /АМИТ «Ховар»/. Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон («Тоҷикстандарт») воридоти 18 тонна чойи пастсифатро ба бозорҳои ҷумҳурӣ пешгирӣ намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз «Тоҷикстандарт» хабар доданд.
«Дар доираи корҳои сертификаткунонӣ дар раванди гузаронидани ташхиси намунаи чойи сиёҳи истеҳсоли Ҳиндустон, ки тибқи санади гирифти намуна ба озмоишгоҳи ташхиси маҳсулоти хўроквории дастгоҳи марказии Агентӣ пешниҳод шудааст, муайян карда шуд, ки намунаи чойи сиёҳи пешниҳодгардида аз рўи нишондоди сифат (таркиби моддаҳои фаъоли тезҳалшаванда дар об) ба талаботи ҳуҷҷати меъёрӣ – ГОСТ 32573-2013 «Чойи сиёҳ. Шартҳои техникӣ» мутобиқ нест. Бо назардошти ин, дар ҳамкорӣ бо намояндагони Хадамоти гумрук миқдори умумии чойи воридгардида, ки 18 000 кг-ро ташкил медод, тибқи низоми «Реэкспорт» аз қаламрави ҷумҳурӣ берун бароварда шуд», — афзуд манбаъ.
Мавриди зикр аст, ки дар самти ҳимояи бозори истеъмолӣ аз воридоти маҳсулоти пастсифату ба саломатӣ хатарнок аз ҷониби Агентии «Тоҷикстандарт» мунтазам тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд. Қабули ҳуҷҷатҳои меъёрии техникии талаботи ҳатмидошта-Регламентҳои техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тавсеа додани фаъолияти озмоишгоҳҳои ташхисӣ ҷиҳати пешгирии воридоти маҳсулоти ғизоии пастсифат ба бозори истеъмолӣ мусоидат менамояд.
«Бо истифода аз фурсат, аз соҳибкорону воридкунандагони маҳсулоти ғизоӣ хоҳиш менамоем, ки дар самти ворид намудани молу маҳсулот ба қаламрави мамлакат манфиатҳои миллиро аз манфиатҳои шахсӣ боло нагузоранд ва ифтихору дарки баланди ватандўстӣ дошта бошанд», — таъкид менамояд «Тоҷикстандарт».








Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»






