Ҳукумати Япония дар доираи «GGP» ба рушди минтақаҳои кӯҳистони Тоҷикистон ним миллион доллари ИМА кумакҳои бебозгашт равона менамояд

Февраль 27, 2019 14:00

 ДУШАНБЕ, 27.02.2019/АМИТ «Ховар»/. Ҳукумати Япония расонидани кумакҳои  бебозгаштро ба рушди иқтисоди Тоҷикистон тақвият мебахшад. Дар ин росто 27 феврал дар Сафорати Япония дар Душанбе  маросими имзои созишномаҳои муштараки  ҳафт  лоиҳаи нав  ба маблағи умумии беш аз ним миллион доллари амрикоӣ  (558,045$)  ба тасвиб расид. Мусаллам аст, ки кумакҳои мазкур  дар чаҳорчӯбаи  Барномаи Ҳукумати Япония оид ба кумакҳои бебозгашт ва амнияти башарӣ дар бахши аъзами аҳолӣ (GGP)  маблағгузорӣ мешаванд.

Хабарнигори АМИТ «Ховар» Марзия Саидзода иттилоъ медиҳад, ки ба созишномаҳо  Сафири Фавқулода ва Комилҳуқуқи Япония  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  Ҳаҷимэ Китаока  ва намояндагони мақомоти пазирандаи кумакҳо –раисони шаҳру ноҳияҳои Турсунзода, Тоҷикобод,  Ховалинг,  Кӯҳистони Мастчоҳ,  Рӯшон, Мурғоб  ва директори Маркази таълимӣ барои калонсолони  ноҳияи  Ашт имзо гузоштанд.

Лоиҳаҳои  мазкур аз  сохтмони хати  оби нӯшокӣ  дар ҷамоати  Абдулвосиеви ноҳияи  Рӯшон (89,270 $),  сохтмони муассисаи  таҳсилоти миёнаи №11 дар деҳаи Раҷабови ҷамоати Навободи шаҳри  Турсунзода (89,250 $),  сохтмони  маркази бонувон дар ноҳияи Тоҷикобод (89,285 $), сохтмони беморхонаи минтақавӣ  дар ҷамоати Гожо Бердибаеви  ноҳияи Мурғоб (89,250 $), хати оби полезӣ  дар деҳаи  Худгифи  Сояи  ҷамоати Иван –тоҷики ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ (89,250 $), дастрас намудани техникаи кишоварзӣ  дар ҷамоати Ғаффор Мирзои ноҳияи Ховалинг (89,280 $) ва таҷҳизонидани маркази  таълимӣ барои калонсолони  ноҳияи Ашт (22,460 $) иборат буданд.

Сафири Япония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  зимни суханронӣ дар маросими имзои созишномаҳо гуфт, ки  лоиҳаҳои Барномаи Ҳукумати Япония  дар соҳаҳои  гуногуни  Тоҷикистон амалӣ гардида,  барои  аҳолии минтақаҳои  дурдасти кӯҳистон  шароити мусоид фароҳам меоваранд ва дар рушди устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон  нақши муассир хоҳанд гузошт.

Мавриди зикр аст, ки  кумакҳои бебозгашт барои бахши аъзами  аҳолӣ ва амнияти башарӣ «GGP»  тарҳи Барномаи расмии Япония  оид ба рушд мебошад. Лоиҳаҳои  кумакҳои  бебозгашт барои бахши аъзами аҳолӣ  ва амнияти башарӣ  барои дастгирии соҳаҳои гуногуни Тоҷикистон равона  карда шудаанд.  Кумакҳои бебозгашти  лоиҳаҳои амнияти башарӣ барои аҳолӣ ба  ҳокимиятҳои маҳаллӣ, соҳаҳои маориф  ва тандурустӣ, инчунин ба созмонҳои  ғайридавлатӣ расонида  мешаванд.

Бояд тазаккур дод, ки  шурӯъ аз соли 1996 то инҷониб Ҳукумати Япония  дар доираи кумакҳои бебозгашт барои  бахши аъзами аҳолӣ ва  амнияти башарӣ 401 лоиҳаро ба маблағи  умумии 32,4 миллион доллари амрикоӣ  дар Тоҷикистон  амалӣ намудааст.

Февраль 27, 2019 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон дар Фаронса бо дабири кулли Бюрои байналмилалии намоишгоҳҳо мулоқот намуд
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Мудири кулли Созмони байналмилалии муҳоҷират мулоқот намуд
Ҳамкорӣ байни муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон ва Донишгоҳи Мустақбал баррасӣ шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон бо роҳбарияти Донишгоҳи давлатии идоракунии Русия мулоқот анҷом доданд
Дар Анқара аҳамияти афзоиши гардиши мол ва ҷалби сармоя байни Тоҷикистон ва Туркия баррасӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи 88-уми Кумитаи нақлиёти дохилии Комиссияи иқтисодии СММ барои Аврупо иштирок намуд
Таҳкими шарикӣ байни бахшҳои хусусии Тоҷикистон ва минтақаи Қасими Арабистони Саудӣ баррасӣ шуд
Тоҷикистон ва Австрия нақшаи ҳамкориро барои соли 2026 мавриди баррасӣ қарор доданд
Ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва ЮНИСЕФ дар доираи барномаҳои афзалиятнок баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо директори генералии Созмони умумиҷаҳонии савдо мулоқот намуд
Дар Вена ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон бо сохторҳои марбутаи Австрия баррасӣ шуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо сафири навтаъйини Италия дар Тоҷикистон мулоқот намуд