Варзишгарони навраси тоҷик дар Бозиҳои зимистонаи «Кӯдакони Осиё-2019» иштирок мекунанд
ДУШАНБЕ, 02.02.2019. /АМИТ «Ховар»/. Аз 8 то 17 феврали соли равон дар шаҳри Сахалини Ҷанубии Федератсияи Россия аввалин Бозиҳои зимистонаи «Бачаҳои Осиё» баргузор мешаванд.
Дар ин бора корманди Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Умаралӣ Сафаралӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар дод.
Зикр шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистонро 3 варзишгари наврас — Ҷаҳонгир Аҳёзода, Маҳмудҷон Эшонов ва Зикруллои Шамсулло намояндагӣ мекунанд. Онҳо дар намуди лижаронии кӯҳӣ, слалом ва слаломи бузург иштирок менамоянд.
Варзишгарон бо дастгирии Ассотсиатсияи миллии намудҳои зимистонаи варзиши Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар Маҷмааи лижаронии «Сафеддара» ба бозиҳо омодагӣ мебинанд. Ба барномаи аввалин Бозиҳои зимистонаи «Бачаҳои Осиё-2019» 8 намуди варзиш ворид гардидааст: биатлон, лижаронии кӯҳӣ, сабқати лижаронӣ (гонка), ҷаҳиш аз трамплин бо лижа, рақси рӯи ях, сноуборд, хоккей ва шорт-трек.
Хотиррасон менамоем, ки дар бозиҳо иштироки варзишгарон аз 20 давлати қораи Осиё дар назар аст. Бозиҳои зимистонаи «Бачаҳои Осиё-2019» бо дастгирии Кумитаи байналмилалии олимпӣ ва Шӯрои олимпии Осиё сурат мегирад ва як марҳилаи омодагӣ ба Бозиҳои зимистонаи олимпии наврасон-2020 дар Лозаннаи Швейтсария ба ҳисоб меравад.








Муҳаммадин, Шодмон, Фарҳод ва Шакармамад соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Рашт гардиданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) дар Тошканд ғолиби чемпионати CAFA-2026 гардид
Саидмуъмини Шарифзод Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ дар ноҳияи Рӯдакиро соҳиб гардид
Бозиҳои Осиё дар иншооти пӯшида ва ҳунарҳои размӣ дар Арабистони Саудӣ баргузор мегарданд
БОЗИҲОИ 4-УМИ ОЛИМПИИ НАВРАСОН. Пойтахти Сенегал – шаҳри Дакар бозиҳоро мизбонӣ мекунад
ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОНИИ ҶУДО-2026. Боку мизбони мусобиқаи муҳими давраи нави олимпӣ мешавад
CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид






