14 март-Рӯзи кормандони мақомоти прокуратураи Тоҷикистон: нақши ин ниҳод дар таҳкими волоияти қонун муассир аст

Март 14, 2019 12:30

ДУШАНБЕ, 14.03.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз кормандони  мақомоти Прокуратураи Тоҷикистон иди касбии худро таҷлил менамоянд. Мусаллам аст, ки 8 апрели соли 2015 палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид»  тағйирот ворид намуд, ки тибқи он ҳамасола дар  мамлакат 14 март иди касбии кормандони мақомоти прокуратура таҷлил мегардад. Қаблан он 14 декабр ҷашн гирифта мешуд. Дар ин рӯз таҷлил намудани Рӯзи кормандони мақомоти прокуратура  ба он рабт дорад, ки 14 марти соли 1992  Қонуни Ҷумҳурии  Тоҷикистон «Дар бораи прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардида,   тибқи он вазифаи прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.

Агар саҳифаҳои таърихи таъсис ва рушди мақомоти прокуратураи Тоҷикистонро варақ гардонем, шоҳиди он мегардем, ки 7 декабри соли 1924 дар маҷлиси Кумитаи инқилобии Ҷумҳурии Худмухтори Тоҷикистон /ҶХТ/ масъалаи таъсиси Комиссариати халқии адлия, прокуратураи давлатӣ, ҳамчунин судҳои халқӣ муҳокима гардида, оид ба таъсиси Комиссариати халқии адлия ва Прокуратураи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор қабул карда шуд. Комиссариати халқии адлия ва Прокуратураи ҷумҳурӣ ба кори худ  22 декабри соли 1924 оғоз кард ва шурӯъ аз ҳамон рӯз ташаккули минбаъдаи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид. Ба вазифаи раиси Комиссариати халқии адлия Тоҷиддин Сайфиддиновро таъйин карда, ӯро 18 феврали соли 1925  ҳамзамон ба вазифаи нахустин Прокурори ҶХШСТ тасдиқ менамоянд. Ӯ дар ин вазифа то соли 1927 хизмат намуд. Аз соли 1927 то соли 1931 дар  вазифаи Прокурори ҷумҳурӣ  Муллоҷон Саьдуллоев адои вазифа кард. Дар тӯли солҳои 1931-1935 дар вазифаи Прокурори Ҷумҳурии Тоҷикистон  Ч. Имомов, С.Ҳоҷиёров, А.Розенберг ва А.Лебедев фаъолият намудаанд.

Давраи ташаккули Прокуратураи ҷумҳурӣ, рушду камоли минбаъдаи он бо фаъолияти пурсамари С.Исмоилзода., А. Раҳмонов,  Г. Имомов, М. Саъдуллоев, Т. Сайфуддинов, С. Ҳоҷиёров, Н. Жогин, В. Буларгин барин арбобҳои машҳури ин соҳа рабт дорад. Дар ин давра ва минбаьд дар вазифаи Прокурори ҷумҳурӣ  И.В.Илин, А.Я.Романов, Н.В.Жогин, Ҳ.Ҳ.Ҳусейнов, В.А.Буларгин, А.А. Шелочинин, Ю.Н.Щербаков, Г.С.Михайлин ва Н.Ҳ.Ҳувайдуллоев (1991-1992) кор карданд. Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар солҳои 1992-1995 Маҳмадназар Солеҳов,  солҳои 1995-1996 Амирқул Азимов, солҳои 1996-2000 Саломидин Шаропов, солҳои 2000-2010 Бобоҷон Бобохонов ва солҳои 2010-2014 Шерхон  Салимзода роҳбарӣ намуда, аз моҳи январи соли 2015 роҳбарии мақомоти прокуратураро Юсуф Раҳмон ба уҳда дорад.

Бо ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ соли 1991 Тоҷикистон  ба давраи таърихии рушд ворид гардид. Дар ин давра дар  фаъолияти мақомоти прокуратура дигаргуниҳои куллӣ ба амал омада, масъулиятшиносии кормандони он ба дараҷаи баландтар бардошта шуд. Дар иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки моҳи ноябри соли 1992  дар Қасри Арбоб даъват гардид,  М. Солеҳов  ба вазифаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин шуд. Дар ин давра Қонун «Дар бораи додситонии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул ва мувофиқи  Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 1992 дар амал ҷорӣ гардид.

Бо пешрафти ҷомеа, ҷиҳати тақвият ба назорати прокурорӣ дар роҳи таҳкими қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ 11 марти соли 1996 ва дар таҳрири дигар 25 июли соли 2005  Қонуни  конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул шуд. Алҳол самтҳои асосии фаъолияти мақомоти прокуратура ба назорати риояи иҷрои якхелаи қонунҳо, таҳкими  волоияти қонун, суботу амнияти кишвар нигаронида шудааст. Инчунин назорат ба риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ки арзиши олӣ эътироф гардидаанд,  ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандон, манфиатҳои давлат, шаклҳои гуногуни моликияти давлатӣ ва ғайридавлатӣ дар мурофиаи судӣ, назорат ба риоя ва иҷрои қонунҳо, тафтишоти ҷиноятҳо, таҳияи чораҳои пешгирии ҷиноятҳо, мубориза бар зидди коррупсия, терроризм, экстремизм ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо якҷоя бо дигар мақомоти давлатӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ оид ба мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва пешгирии он, коррупсия ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо  аз рисолатҳои дигари мақомоти прокуратураи кишвар мебошанд. Барои татбиқи нишондодҳои қонун аз ходимони мақомоти прокуратура ихтисосмандӣ, заковату донишмандӣ, қавииродагӣ ва адолатмандӣ талаб карда мешавад. Ҳар як прокурор ва муфаттиш дар иҷрои вазифаи хизматӣ бояд  масъулиятшинос, хушмуомила ва поквиҷдон бошад. Ба кормандони мақомоти прокуратура барои пеш бурдани фаъолияташон шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Дар назди мақомоти прокуратура вазифа гузошта шудааст, ки тамоми фаъолияти худро барои таъмини қонуният дар ҳамаи ҷабҳаҳои ҳаёти давлатӣ ва ҷамъиятӣ равона кунад. Ин, пеш аз ҳама, ба он дахл дорад, ки дар ҳалли масъалаҳои муҳими ҷомеа нақши мақомоти прокуратура баланд бардошта шавад. Ҳоло дар ҷумҳурӣ чор прокуратураи вилоятӣ, 77 прокуратураи шаҳрию ноҳиявӣ, Сарпрокуратураи ҳарбии Тоҷикистон, панҷ прокуратураи ҳарбӣ  ва Прокуратураи нақлиёти Тоҷикистон ва сохторҳои он дар вилоятҳои Суғду Хатлон, се прокуратура оид ба назорати риояи иҷрои қонунҳо дар муассисаҳои ислоҳӣ фаъолият менамоянд.

Кормандони мақомоти прокуратура доимо кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукуматро дар амал татбиқ карда, уҳдадориҳои ба зиммаашон гузоштаро бо масъулияти баланд иҷро намоянд.

Аз Прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки ба ифтихори Рӯзи кормандони мақомоти прокуратураи мамлакат  имрӯз дар шаҳри Душанбе бо иштироки роҳбарият ва кормандони соҳа ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардида, фаъолон ва собиқадорони ин мақомот бо ифтихорномаҳо ва туҳфаҳо қадрдонӣ хоҳанд гардид.

Бо истифода аз фурсати муносиб аҳли эҷодии АМИТ «Ховар» кормандони мақомоти прокуратураи Тоҷикистонро бо иди касбиашон табрик намуда, ба онҳо саломатию комёбӣ таманно доранд.

 

Марзия САИДЗОДА ,
АМИТ «Ховар

Март 14, 2019 12:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Мулоқоти ҳамраисони ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ доир шуд
Ҷавонон бояд қарзи шаҳрвандӣ — таҳсили илму дониш ва саҳмгузорӣ дар пешрафти Ватанро софдилона иҷро намоянд
Тоҷикистон дар мубориза бо қочоқ ва муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар нақши калидӣ дорад
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабиниҳои канорӣ дар доираи иҷлосияи 67-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба воситаҳои нашъадор иштирок намуд
Дар Вена ҳамкории Тоҷикистон бо Чин ва Эрон дар мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор баррасӣ шуд
Ҷаласаи гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии канории Қазоқистон дар Вена иштирок намуд
Дар Вена оид ба сиёсати зиддимухаддиротии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот дода шуд
Мулоқоти ҳамраисони ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ доир гардид
Тарбияи ватандӯстӣ — омили муттаҳидии миллат дар мубориза бар зидди ифротгароӣ ва хурофотпарастӣ
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи 67-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба воситаҳои нашъадор дар Вена иштирок дорад
14 МАРТ-ИДИ КАСБИИ КОРМАНДОНИ ПРОКУРАТУРА. Давоми 32 сол фаъолияти ин ниҳоди давлатӣ ба таври назаррас тақвият ёфт