21-22 март дар Душанбе Чемпионати Тоҷикистон оид ба гӯштини тарзи озод баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 14.03.2019 /АМИТ «Ховар»/. Аз 21 то 22 марти соли равон дар шаҳри Душанбе бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини тарзи озод баргузор мегардад. Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, чемпионати мазкур дар доираи Тақвими ягонаи чорабиниҳои оммавию варзишӣ ва солимгардонӣ роҳандозӣ карда шудааст.
Марҳилаи аввали чемпионат 15 феврали соли 2019 дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва марҳилаи дуюм 1 март дар вилоятҳои Хатлон, Суғд ва ВМКБ баргузор гардида, беҳтаринҳо ба даври ниҳоӣ роҳхат пайдо намуданд.
Мақсад аз баргузор намудани Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини тарзи озод-ин муайян кардани беҳтарин чеҳраҳои варзиш ва узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба гӯштини тарзи озод мебошад.
Ёдовар мешавем, ки пас аз анҷоми чемпионат узви яккачини дастаи мунтахаби Тоҷикистон муайян гардида, ғолибони вазнҳо имкони иштирок дар мусобиқаҳои байналмилалиро пайдо менамоянд.








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали паралимпичиёни тоҷик бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ дар шаҳри Сочии Русия
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд






