ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН: тамоми деҳаҳои мамлакат бо кумаки аввалини тиббӣ пурра таъмин карда мешаванд

Март 29, 2019 14:54

ДУШАНБЕ, 29.03.2019 /АМИТ «Ховар»/.  Бо мақсади боз ҳам  обод кардани Тоҷикистон ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ бо роҳи беҳтар намудани инфрасохтор, пеш аз ҳама, дар соҳаи    тандурустӣ,   ба талаботи муосир мутобиқ сохтани сатҳи хизматрасонӣ ва баланд бардоштани некӯаҳволии мардум дар ҳар як деҳа ва маҳали аҳолинишин аз ҷониби Пешвои миллат  солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардиданд.

Дар назар аст, ки давоми се соли минбаъда дар ҳар як деҳа ва маҳали аҳолинишин бунгоҳҳои тиббӣ, коргоҳҳои дӯзандагӣ, майдончаҳои варзишӣ, қасри фарҳанг, ҳаммом, сартарошхона,  кошонаи ҳусн, пулҳо ва боғҳои фарҳангию фароғатӣ бунёд карда шаванд.

Ба иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  дар доираи  лоиҳаи инвеститсионӣ соли сипаригардида дар чандин   муассисаҳои кумаки аввалини тиббию  санитарӣ ва  шуъбаҳои  беморхонаҳои ноҳиявӣ корҳои таъмирию сохтмонӣ анҷом дода, инчунин  ҳуҷраҳо  барои гузаронидани хатна ташкил гардиданд. Ҳамчунин  Вазорат   тибқи супориши Президенти мамлакат тасмим гирифтааст, ки то соли  2021   560  муассисаи  тандурустиро таъмиру навсозӣ намояд.

Мухбири АМИТ «Ховар»  бо мақсади фаҳмидани сатҳи солимии ҷомеа, хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, бахусус дар деҳот бо сардори Раёсати бемориҳои ниҳоят хавфноки Хадамоти санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Маҳмадалӣ Табаров ҳамсуҳбат гардид.

Ба гуфтаи Маҳмадалӣ Табаров, солимии ҷомеа- ин бойгарии давлат аст. Ҳар қадар мо ҷомеаи солим дошта бошем  ҳамон қадар иқтисодиёти давлат  пеш меравад.  Президенти мамлакат дар Паёми худ се соли ояндаро  беҳуда Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон накардаанд, чунки  яке аз самтҳои сиёсати давлат низ  рушди деҳот аст. Ин ҳадаф бевосита ба он равона карда шудааст, ки мардуми деҳот низ  аз ҳама ҷиҳат  тараққӣ ва рушд ёбанд.

«Айни ҳол дар ҳама деҳаҳои дурдасти  кишвар бунгоҳҳои тиббӣ амал мекунанд, ки аҳолии онҳо бе хизматрасонии тиббӣ намемонанд. Аҳолии он деҳаҳо шояд на ҳамеша кумаки касбӣ гирифта тавонанд, аммо сокинони деҳот имрӯз бо кумаки аввалини тиббӣ пурра таъмин карда мешаванд. Бояд зикр намоям, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои расонидани кумак ба аҳолии  дурдасти мамлакат дар як сол чанд маротиба «Корвони саломатӣ» ташкил карда, ба деҳаҳои дурдасти мамлакат бо   мутахассисони баландпояи соҳа, устодони муассисаҳои олии таълимии тиббии ҷумҳуриявӣ, директорони марказҳои ҷумҳуриявӣ, мутахассисони варзидаи соҳа сафар намуда,  ба мардум хизмати босифати тиббӣ мерасонанд.  Маслиҳату машварат, ташхис ва дастурҳои иттилоотӣ барои ҳамагон тариқи ройгон пешниҳод карда мешаванд», — иброз намуд ҳамсуҳбати мо.

Ба гуфтаи М. Табаров,  имрӯзҳо бештар бемориҳои сироятӣ ба назар мерасанд.  Барои пешгирии ин ҳолатҳо ҳар як шахс бояд ба гигиенаи шахсии худ аҳамияти аввалиндараҷа диҳад. Нақши асосиро дар ин самт бонувону модарон бештар мебозанд, чунки саломатии ҳар як кӯдак ва тозагии хонавода аз онҳо вобастагӣ дорад. Дар деҳот мушкилии норасоии об дида мешавад. Беш аз 32,3 фоизи аҳолии деҳот бо оби ошомидании сифатнок таъмин гардидаасту халос. Дар бисёр ҳолатҳо мардуми деҳот оби ҷӯйбору дигар сарчашмаҳоро истифода бурда, ба бемориҳои гуногуни сироятӣ дучор мешаванд.  Бонувон, ки дар хона ба тарбияи фарзандон машғуланд, бояд донанд, ки дар ҳолати истеъмоли об  эҳтиёткор будан зарур аст. Алалхусус ба кӯдакон бояд оби ҷӯшонидашуда диҳанд. Ин   яке аз роҳҳои  пешгирии   бемориҳои сироятӣ мебошад. Барои фаҳмонидани ин ва дигар нозукиҳо аз тарафи мутахассисони соҳа инчунин дар ҳамаи вилояту шаҳру ноҳияҳо марказҳои ташаккули тарзи ҳаёти солим ва марказҳои назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ  фаъол ҳастанд, ки пайваста дар байни мардум корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронанд.

Тавре зимни суҳбат директори Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солими ноҳияи Файзобод Рустам Аҳмадов иброз намуд,  дар ноҳияи мазкур дар асоси  «Дастур оид ба шарикӣ бо ҷомеа дар масъалаҳои саломатӣ», ки бо фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2017 тасдиқ шудааст,  60 дастаи ҷомеавии саломатӣ (волонтёр) ташкил гаштаанд, ки пайваста дар байни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронанд.

«Дастаи ҷомеавии саломатӣ аз 9 то 14 нафарро ташкил медиҳад, ки онҳо аз ҷониби худи сокинон интихоб шудаанд.  Ин дастаҳо бо мутахассисони тиб ҳамкорӣ намуда  аз ҷониби онҳо ва лоиҳаи «Сино» барояшон семинарҳои омӯзишӣ гузаронида мешаванд.  Ин дастаҳо дар ҳар як маҳал миёни аҳолӣ вохӯриву суҳбатҳо гузаронида, оид ба масъалаҳои мубрами рӯз ва бемориҳои сироятӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ бурда, моҳияти ин беморӣ ва рохҳои пешгирии онро ба аҳолӣ мефаҳмонанд».

Ба гуфтаи Р.Аҳмадов, саломатии аҳолӣ 10 фоиз аз коргари тиб ва  90 фоизи дигар  аз худи онҳо вобастагӣ дорад. Он, яъне  ба муҳит, об ва тарзи зисти аҳолӣ алоқамандии калон дорад.  Аз ин рӯ дастаҳои ҷомеавии мо пайваста бо аҳолӣ вохӯриҳо гузаронида, на танҳо оид ба  бемориҳо, инчунин барои ҳалли  як зумра масъалаҳо, ба монанди ташкили партовгоҳҳо ва ҳаммоми ҷамъиятӣ дар ҷойҳое, ки норасоии об аст, масъалагузорӣ намуда,  дар якҷоягӣ бо ҳукумати маҳали ҷои зисташон ба қадри имкон ин мушкилиҳоро ҳал   мекунанд.

-Дастури мазкур, ки ба саломатии ҷомеа равона гардидааст, дар давоми татбиқаш   ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид,- гуфт ҳамсуҳбат. Инчунин ӯ зикр намуд, ки  «давоми чанд соле, ки  ин дастур амалӣ гашта истодааст,  дар ноҳияи Файзобод баъд аз корхои фаҳмондадиҳӣ 97 фоизи занҳо дар таваллудхонаҳо таваллуд мекунанд. Солҳои пеш ин шумора хеле кам буд. Ҳамчунин  сари вақт муроҷиат кардани занони ҳомиладор ба табибон зиёд шуда, дар ин муддат  фавти кӯдакон қариб 4 маротиба назар ба солҳои гузашта кам шудааст. Бемориҳои сироятӣ низ  солҳои охир дар ноҳия ба қайд гирифта нашудаанд, инчунин  барои эм кардани кӯдакони худ   аз ҷониби мардум саркашӣ кам шудааст.  Ин маънои онро дорад, ки   мардум аллакай аз ин нозукиҳо хуб огоҳанд», — иброз намуд Р.Аҳмадов.

  Ибодат ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

Март 29, 2019 14:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Сокинони маҳаллаи Наврӯзи шаҳри Бӯстон бо оби нӯшокӣ таъмин гардиданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ташрифи сайёҳон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 13 баробар афзудааст»
Дар ҳудуди шаҳри Гулистон сохтмони меҳмонхона ва осоишгоҳу марказҳои солимгардонӣ идома доранд
Қитъаи муҳими роҳи Душанбе – Хоруғ – Қалъаихумб бо пулу нақб мавриди истифода қарор гирифт
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба рушди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон зиёда аз 25 миллиард сомонӣ равона шудааст»
Дар Хадамоти гумрук моҳияти қонунҳои миллӣ тавзеҳ дода шуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон амалисозии 9 барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодӣ идома дорад»
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми сафари корӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба шаҳри Душанбе баргаштанд
Байни вилоятҳои Хатлони Тоҷикистон ва Ленингради Русия Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар ВМКБ беш аз 1000 иншоот ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ мавриди истифода қарор гирифт
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарон ва фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ дар тантанаҳои идона ба ифтихори 28-солагии Рӯзи ваҳдати миллӣ иштирок намуданд