ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Тандурустӣ гавҳари ноёб аст, барои ҳифзи он бо муҳити атроф одилона муносибат бояд кард
ДУШАНБЕ, 30.03.2019/АМИТ «Ховар»/. Дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани солҳои 2019-2021 имрӯзҳо дар тамоми шаҳру навоҳии кишвар, аз ҷумла Ҳисор корҳои созандагӣ ва ободкунӣ бо маром идома доранд.
Дар ин росто, сардори шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Ҳисор Насрулло Муҳаммадализода дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки дар асоси амри раиси шаҳр ва фармоишҳои раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ дар шаҳри Ҳисор аксияҳои «Тозагии маҳал» ва «Тозагии соҳил» дар ду марҳила гузаронида мешаванд. Шурӯъ аз аввали сол дар шаҳраку деҳоти шаҳри Ҳисор панҷ маротиба аксияи «Тозагии маҳал» бо иштироки беш аз 1600 нафар сокинон ва ҷалби 9 адад техникаи борбардору боркаш гузаронида шуд. Дар натиҷа зиёда аз 36 метри мукааб партовҳо аз маҳаллаҳо ҷамъоварӣ ва ба партовгоҳи расмии шаҳр интиқол дода шуданд.
Мавсуф афзуд, ки зимни баргузории аксияи «Тозагии соҳил», ки дар ҷамоатҳои деҳоти «Сомон», «Мирзо Турсунзода», «Навобод», «Хонақоҳи кӯҳӣ» ва дигар шаҳраку деҳот гузаронида шуд, 3 ҳазору 750 метр соҳилҳои дарёи Хонақоҳ ва канали калони Ҳисор, ки аз ҳудуди шаҳр мегузаранд, аз ҳар гуна партовҳо тоза гардиданд. Ҳамзамон ба миқдори 17,5 метри мукааб партовҳо ба партовгоҳи асосии шаҳр интиқол дода шуданд. Дар гузаронидани аксияи «Тозагии соҳил» 660 нафар сокинони шаҳраку деҳот фаъолона иштирок намуда, 5 адад техника сафарбар гардид.
Бо мақсади тақвияти корҳои ободонию созандагӣ ҷиҳати дар сатҳи баланд ва шоиста истиқбол намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор ситоди доимӣ ва гурӯҳҳои корӣ фаъолият доранд, ки саҳми онҳо дар татбиқи раванди ободонию созандагӣ, тарғиби маърифати экологӣ ва ташаккули тарзи ҳаёти солим муассир аст.
Бино ба гуфти сардори шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Ҳисор Насрулло Муҳаммадализода, дар корҳои ободонӣ ва тоза кардани муҳити зист аз ҳар гуна ифлосӣ ва партовҳо солҳои охир мардум бештар масъулият дарк намуда, ташаббускор гардидаанд. Сокинони шаҳраку ҷамоатҳо дар рӯзҳои истироҳатӣ ба таври дастҷамъона ба ободу тозакории маҳали зисти худ ва атроф баромада, ҷӯю заҳбурҳо, каналу обравҳоро тоза намуда, дар тозагию ҳифзи муҳити зист ва атрофи маҳали худ саҳми муносиб мегузоранд. Мавсуф афзуд, ки марҳилаи якуми аксияҳои «Тозагии соҳил» ва «Тозагии маҳал» 5 июн- дар Рӯзи байналмилалии ҳифзи муҳити зист ва марҳилаи дуюм 6 ноябр- дар Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст гардида, беҳтарин шаҳраку ҷамоатҳо, ки дар ободонию тозакории маҳали зист ва атроф саҳми шоиста гузоштаанд, бо Ифтихорнома сарфароз гардонида мешаванд.
Мусаллам аст, ки дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ Ҳукумати мамлакат тасмим гирифтааст, ки сатҳу сифати зиндагиро дар деҳот ва маҳалҳои кишвар ба сатҳи шаҳр баробар гардонад. Ҳадаф он аст, ки барои сокинони деҳот зиндагии шоиста фароҳам оварда шавад, хусусан сатҳи иҷтимоию иқтисодӣ, маърифати санитарию –гигиенӣ ва экологии мардуми деҳот, ки омили асосии тандурустии аҳолии мамлакат аст, баланд бардошта шуда, инфрасохтори хизматрасонии иҷтимоӣ, марказу бунгоҳҳои тиббӣ, кошонаҳои ҳусн, ҳаммом ва дигар нуқтаҳои хизматрасонӣ, ки ба беҳдошти вазъи иҷтимоии аҳолии деҳот мусоидат менамоянд, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шаванд. Дар ин росто, бо мақсади баланд бардоштани маърифати санитарию –гигиенӣ ва экологии аҳолии деҳот, ҷиҳати ҷилавгирӣ аз ҳар гуна бемориҳои сироятӣ, ки омили асосиашон партофтани партовҳо ба муҳити атроф, хусусан соҳилҳои рӯду каналҳо, ҷӯйборҳо ва дигар иншооти обрасонӣ мебошад, чӣ тадбирҳо бояд андешида шаванд?
Дар посух ба саволи хабарнигори АМИТ «Ховар» мудири шуъбаи санитарии Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Ҳисор Аловиддин Кокиев гуфт, ки манбаи асосии бемориҳои сироятӣ сари вақт тоза накардани муҳити зист аз партовҳо ва обҳои ифлос аст. Дар ин самт шуъбаи санитарии Маркази назорати давлатии санитарию эпидимиологии шаҳри Ҳисор дар ҳамкорӣ бо дигар ниҳодҳои марбута корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни аҳолии деҳот пурзӯр гардонида, ҷиҳати баланд бардоштани маърифати беҳдоштии аҳолӣ ҳамкориро бо марказҳои саломатии деҳот, бунгоҳҳои тиббӣ, муассисаҳои таълимӣ ҷоннок намудааст. Ҳамзамон дар ин самт тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд. Тоза нигоҳ доштани муҳити зист, қабл аз ҳама, ба ҳифзи саломатӣ ва пешгирӣ аз ҳар гуна бемориҳои сироятӣ мусоидат менамояд.
«Барои ҷилавгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, хусусан бемориҳои меъдаю рӯда, оби чашма ё чоҳро истифода намудан беҳтар аст. Ҳангоми истифодаи оби дарё ҷӯшонидани он ҳатмист»,- мегӯяд масъули ниҳоди санитарии шаҳри Ҳисор.
Ҳамзамон мавсуф афзуд, ки масълаи тоза нигоҳ доштани муҳити зист аз ҳар гуна ифлосию олудагиҳо ва партовҳои маишӣ кори на танҳо ниҳодҳои марбута, балки вазифаи муқаддаси ҳар як фарди ватандӯст аст, зеро набояд фаромӯш сохт, ки тандурустӣ гавҳари ноёб аст. Барои ҳифзи ин гавҳар бо муҳити атроф ва зист дуруст ва одилона муносибат бояд кард. Дар ин росто мебояд кӯдакон ва насли наврасро дар рӯҳияи тозагию беҳдошт нисбат ба маҳали зист ва муҳити атроф ба камол расонд, зеро тоҷикон аз даврони қадим мардуми дорои фарҳанги баланди тозагӣ ва беҳдоштианд. Ҳикмате миёни мардумамон побарҷост, ки ҳар фардро ба тоза нигоҳ доштани муҳити атроф, хусусан ба рӯду ҷӯй напартофтани партов раҳнамун месозад: «Зи ҷӯе, ки хӯрдӣ аз он оби пок, нашояд фикандан дар он сангу хок».
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»